Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз пешниҳоди хуби корӣ мегиред, ки онро бояд нағзакак ҳаллу фасл намоед. Иваз намудани ҷои кор ё ҷустани даромади пулӣ маслиҳат дода намешавад. Аз омад накардани коратон асабӣ нашавед, баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ҳамалҳои муҷаррад сахт ошиқ мешаванд.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз мардҳо қобилияти нишон додани ҳунару маҳорати худро пайдо месозанд. Ҳангоми сари қароре омадан боэҳтиёт бошед. Нимаи дуюми рӯз бо дӯстони дерин вомехӯред. Кӯшиш намоед, ки муноқишаҳои пешинаву кинаву ранҷишро ба дил наздик қабул накунед. Ба доми дуздону ҳаннотон афтиданатон имкон дорад.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Дар ин рӯз аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ эҳтиёт шавед. Қувваву пули худро захира кунед. Баъзеҳо ҷойи кори худро иваз кардан мехоҳанд, вале айни замон барои ин амал мувофиқ нест. Аз нӯшидани машрубот ва ҷойҳои серодам дурӣ ҷуед, вагарна ба доми ҳаннотон меафтед. Мулоқоти ошиқона ва сафарҳоятон бобарор меанҷоманд.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Ҳангоми ба нафаре ваъда додан хеле боэҳтиёт бошед. Мавқеятон дар ҷойи кор чандон хуб нест, аз ғайбату буҳтон эҳтиёт шавед. Нафаре дар фикри бадии шумо аст. Ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед ва ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ ҳушёриро пеша намоед. Бо худ гирифтани пули калонро тавсия намедиҳем, эҳтимоли гум кардани пул вуҷуд дорад.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Дар ин рӯз тамоми вақти худро ба мушкилоти рӯзгор ва наздикон бахшиданатон лозим меояд. Вазъиятро дуруст ҳаллу фасл намоед, он гоҳ роҳи дурустро пайдо месозед. Ба эҳсосот дода нашавед, ба нуқтаи назари дигарон гӯш накунед, бо амри дили худ амал карданатон беҳтар аст. Хеле боэҳтиёт ва оқилона амал кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бонувон имкони нишон додани ҳунару маҳорати худро доранд. Зиракиву ҷозибаи худро нишон дода мушкили дилхоҳро рафъ карда метавонед. Мардҳо бо дӯстони дерини худ вомехӯранд. Кӯшиш намоед, ки муноқишаҳои пешина, нофаҳмиҳо ва ранҷишро ба хотир наоред. Хобҳоятон амалӣ мегарданд.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Рӯзи хеле бобарор аст, тамоми мушкилоти касбии худро рафъ карда метавонед. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо месозед. Дар ин рӯз эҳсосоти худро назорат намоед. Баъзе нафаронеро вомехӯред, ки табъатонро нохуш месозанд. Ҳангоми робита бо наздикон, хусусан нафарони калонсоли оилаатон нофаҳмӣ имкон дорад.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Баҳои оқилона ба ҳодисаҳои ҷорӣ шуморо аз хатогиву иштибоҳ раҳо мебахшад. Қабл аз васеъ намудани доираи фаъолияти худ ё банақшагирии истироҳат имкониятҳои худро ба назар гиред. Дар бораи нақшаву ниятҳоятон ба касе чизе нагӯед, вагарна диққати душманонро ба худ ҷалб месозед. Айни замон муносибати худро бо роҳбарият ва ҳамкорон вайрон насозед.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад. ба касе қарз надиҳед, вагарна пулатонро дигар баргардонида наметавонед. Манбаи даромади худро ба касе нагӯед. Нафароне, ки ба муоинаи табиби чашм ва дандон рафтан мехоҳанд, беҳтараш нияташонро ба рӯзи дигар гузоранд. Овозаву хабареро, ки дар ин рӯз мешунавед, табъатонро хира месозанд.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз аз ғайбату ҳилаву найранги бадхоҳон эҳтиёт шавед. Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯши худ нагиред ва ба касе чизе ваъда надиҳед. Бо наздикони худ дағалӣ накунед, рафту худро ба даст гирифта натавонистед, ҳатман бахшиш пурсед. Баъди кор ба хона шитобед, бегоҳирӯзӣ дар танҳоӣ сайругашт карданро маслиҳат намедиҳем.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Рӯзи душвор аст. Хастагии аз ҳад зиёд боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш мегардад. Ҳангоми рафъи мушкили дилхоҳ танҳо ба қувваи худ такя намоед, ба дастгирии нафаре умед набандед. Бо шахси дӯстдоштаатон муноқиша карда, эҳтимоли ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Сабру таҳаммулро пеша кунед.
Ҳут (21 феврал- 20 март)
Шиоратон дар ин рӯз – муҳаббат, оромӣ ва нишот аст. Рӯзи хубест барои сафару саёҳат. Тамоми вақти холии худро бо шахси дӯстдоштаи худ гузаронед, пушаймон намешавед. Баъди нисфирӯзӣ хабари ногаҳонӣ боиси тағйир додани нақшаву ниятҳоятон мегардад. Маблағи худро барои камбудиҳои рӯзгор сарф мекунед.