ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
1512

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз кӯшиш кунед ором бошед ва ба наздикон сухани сахт нагӯед. Кӯдакон ва шахси дӯстдоштаатон ба меҳрубонии шумо ниёз доранд. Агар мошин меронда бошед, хеле эҳтиёткор бошед. Дар кор бо усулҳои санҷидашуда амал кунед ва ба таваккал роҳ надиҳед. Агар вазъ нофаҳмо бошад, каме танаффус гиред. Варзиши сабук ва ғизои солим ба шумо нерӯи тоза мебахшанд.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз эҳтимол бо шахси наздикатон нофаҳмӣ пеш ояд. Сабабаш метавонад якравӣ бошад, бинобар ин каме гузашт кунед. Мушкилии хурди хонагӣ нақшаҳои шуморо тағйир дода метавонад. Дар ҷойи кор роҳбарият фаъолияти шуморо зери назорат гирифтааст, масъулиятшинос бошед. Барои истироҳат вақт ҷудо кунед ва худро аз хабарҳои нохуш дур нигоҳ доред.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Дар поёни рӯз вохӯрии гуворо рух дода метавонад, ки ба муносибати ҷиддӣ табдил меёбад. Бо ҳамсояҳо баҳси хурд имкон дорад, аммо ҳаққи худро ҳимоя кунед. Худро аз ҳад зиёд бо кор машғул насозед. Кӯшиш кунед манбаи иловагии даромад пайдо намоед, зеро пул ба зудӣ лозим мешавад. Имрӯз худро бо чизе шод кунед — ин рӯҳияатонро боло мебарад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз барои муҳаббат ва хушбахтии оилавӣ хеле мусоид аст. Оилаҳо боз ҳам наздиктар мешаванд ва нафарони муҷаррад метавонанд шахси дилхоҳро вохӯранд. Баъзе масъалаҳои хонагӣ хароҷот талаб мекунанд. Беҳтараш вақтро дар муҳити ором гузаронед. Хабарҳои хуш рӯзҳои наздик шуморо интизоранд. Нагузоред дигарон аз меҳнати шумо сӯистифода кунанд ва фикрҳои манфиро аз худ дур созед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз имкони хуб доред, ки худро нишон диҳед. Либоси зебо пӯшед ва боэътимод бошед. Барои пешгирии нофаҳмӣ дар оила эҳсосотро идора кунед. Дар кор бештар гӯш кунед, зеро фикри дигарон метавонад фоидаовар бошад. Баъзе мушкилот аз шумо вобаста нестанд, пас сабр кунед. Машқи сабук ё йога ба шумо қувва мебахшад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз эҳтимол шахсони ҳасуд ба зиндагии шумо халал расонанд. Ба ҳар гап бовар накунед. Суҳбат бо дӯстони хуб рӯҳияатонро беҳтар мекунад. Агар ҳамкоре ба кӯмак ниёз дошта бошад, дастгирӣ намоед, ин дӯстии мустаҳкам меорад. Аз муомилаҳои шубҳанок худдорӣ кунед. Оромии равонӣ муҳим аст, пеш аз ҳама бо худатон созгор бошед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Муҳаббат имрӯз дар маркази диққат аст. Шиносоии ҷолиб ё оштии дерина имконпазир мебошад. Мушкилоти оилавиро бо суҳбати ором ҳал кардан мумкин аст. Пешрафт дар кор метавонад вазъи молиявиро беҳтар созад. Ба зеҳну ҳисси худ такя кунед. Бо ҷасорат амал намоед. Агар каме худро нотоб эҳсос кунед, табобатро ба таъхир нагузоред.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Рӯзи муносиб барои мулоқот бо шахсони дӯстдошта аст. Шиносоии нав ё барқарор шудани робитаи кӯҳна эҳтимол дорад. Дар хона сюрпризи хуш интизор аст. Нимаи аввали рӯз бо ҳуҷҷатҳо бодиққат кор кунед, махсусан дар масъалаҳои молиявӣ. Аз фиреб эҳтиёт шавед. Фаъолияти ҷисмонӣ бароятон муфид буда, нерӯи шуморо зиёд мекунад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Агар танҳо бошед, бештар дар ҷамъият бошед, имкони вохӯрии муҳиме ҳаст. Ба корҳои таъмирӣ шуруъ накунед, зеро хатари ҷароҳати сабук бардоштан вуҷуд дорад. Пешниҳодҳои хуби кориро ҷиддӣ баррасӣ кунед. Ҳангоми кор эҳсосотро канор гузоред. Агар худро нотоб ҳис кунед, ба масуният диққат диҳед. Ғизои солим ва истироҳат ба шумо кумак мекунанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Тағйироти муҳим дар пешанд, аз имкониятҳо истифода баред. Бо аҳли хонадон мулоим ва босабр бошед. Иваз кардани муҳит ё сафари кӯтоҳ бароятон фоидаовар аст. Дар масъалаи молия эҳтиёткор бошед ва дар бораи пасандоз фикр кунед. Машқҳои вазнинро кам кунед, зеро ҳоло вақти фишори зиёд овардан нест.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз эҳтимол таваҷҷуҳи зиёд ба шумо равона шавад. Агар касе нописандӣ кунад, боодобона дурӣ ҷӯед. Аз баҳсҳои беҳуда канорагирӣ намоед. Барои пешниҳоди идеяҳои нав ба роҳбарият рӯзи хуб аст. Ҳадафи худро равшан созед. Корҳои вазнинро ба рӯзи дигар гузоред. Худро бо чизе хушҳол намоед ва андешаҳои манфиро раҳо кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шоми ошиқона муносибатҳоро гармтар месозад. Ба ҳисси дарунии худ бовар кунед. Барои пешгирии баҳс суханони нолозим нагӯед. Идеяҳои нави шумо дар кор қадр мешаванд ва метавонанд сабаби пешрафт гарданд. Шумо ба мақсад наздик ҳастед. Муоширати фаъол имкони даромади бештар медиҳад. Ба саломатии узвҳои ҳозима диққати ҷиддӣ диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД