Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо наздиконатон хушмуомила бошед. Кӯшиш кунед, ки баъзе нофаҳмиву душвориҳоро бо сабру таҳаммул бартараф созед. Нафари баде аз пасатон мешавад. Бо рақибон дағалӣ ва муносибати худро сард накунед, беҳуда нагуфтаанд, ки “душманро бо шакар куш!”.
Савр (21 апрел-20 май)
Нишаст ва мулоқот бо дӯстон боиси болида гаштани хотири шумо мегардад. Мехоҳед, ки ҳамаро ба дасти тақдир ҳавола карда, худро инсони хушбахт шуморед, аммо хато мекунед. Ҳеҷ гоҳ аз худ қаноатманд набошед ва талаботро болои худ зиёдтар кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз кӯшиш ба харҷ диҳед, ки аз гузашта барои худ чизе биомӯзед. Ба корҳое, ки аввалиндараҷа нестанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир накунед. Агар зиёдтар рушд кардан мехоҳед, пас бо кори андак қаноат накунед. Даромади иловагиро интизор набошед ва хароҷотро камтар кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои корҳое, ки қаблан оғоз карда будед, вохӯриҳои корӣ ва музокирот рӯзи хубу бобарор аст. Аз ҳамон лаҳзае, ки шуморо ба қуллаи мақсуд мерасонад, самаранок истифода баред. Лаҳзаҳои хурсандиро аз даст надиҳед ва истироҳат карда, хастагиатонро рафъ созед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз ба ҳолати ногуворе дучор меоед, ки барои аз он баромадан ба шумо кӯмак лозим меояд. Дар ин ҳангом эҳтиёткор бошед ва аз ҳар кас кӯмак напурсед. Агар ҳаёти шахсии худро тағйир додан мехоҳед, пас камари мустаҳкам бубандед. Ростқавл бошед, мушкилиҳо худ бартараф мешаванд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Муошират бо шиносҳои нав гуворо ва дар баробари ин судманд хоҳад буд. Наздикон ва аҳли оила ба шумо дар қабули қарори дуруст ёрӣ мерасонанд. Барои хатоҳои дигарон худро гунаҳкор ҳисоб накунед, зеро ҳама вақт дар ҳама ҳолат роҳи росту дуруст вуҷуд дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Агар ба рафти корҳои худ тағйирот ворид карданӣ бошед, метавонед бо дили пур ин корро ба анҷом расонед, зеро мушкилие пеш нахоҳад омад. Бо нафаре вомехӯред, ки фикронии шуморо куллан тағйир медиҳад. Аз пайи табобати фармудаи духтурон шавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бояд нисбати дигарон мулоимтар рафтор карда, меҳрубонии худро нишон диҳед. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамкорон баҳс ё муноқиша накунед. Нафаре худро дӯсти шумо мегирад, аммо дар асл душман аст. Шахсияташро муайян карда, алоқаатонро бо ӯ барои ҳамеша барканед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз ба маслиҳати каси дигар умуман гӯш надиҳед. Кӯшиш намоед, ки боварии дӯстону наздиконро бештар ба даст меоред. Ҳатто одамони бонуфуз метавонанд, ки ҳамфикри шумо шаванд. Бо нафаре муносибати қатъгаштаро барқарор мекунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз мулоқот бо ҷинси муқобил худдорӣ кунед, зеро ноумедӣ дар назар аст. Таваҷҷуҳи бештари худро ба хонаводаатон равона созед. Агар дилатон пури гап бошад, бо гиря худро сабук кунед. Агар танҳо будан намехоҳед, бо дӯст ё дугонаатон ба сайру гашт бароед. Ҳавои тоза табъатонро болида месозад.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз парешонхотириву асабонияти шумо зиёдтар мешавад. Ба корҳое машғул шавед, ки муфид бошанд. Саломатии наздикон шуморо ба ташвиш меорад. Ба вазъи саломатии худ низ таваҷҷуҳ намоед. Ба дӯсте, ки бо душмани шумо мешинад, бовар накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба эҳсосот дода шуда, саросемавор ҳар гуна қарорро қабул накунед. Шарт нест, барои наҷот додани тамоми ҷаҳон кӯшиш кунед, нигаҳбони оилаи худ бошед, кифоя аст. Барои кӯч бастан ё харидории чизи гаронарзише қарори ҷиддӣ қабул кардатон лозим меояд.