Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар масъалаи молиявӣ панҷ ангуштро яку якбора ба даҳон наандозед, вагарна бо ҷайби холиву ҳоли табоҳ мемонед. Дар роҳи ишқу муҳаббат ягон мушкилӣ ба чашм намерасад. Вақти он расидааст, ки на танҳо муносибатҳои ошиқона, балки муносибатҳои дӯстонаи худро ба қолаби муайян дароред.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз саврҳо дар масъалаи пулие, ки дербоз ҳаллу фасл карда наметавонистанд, муваффақ мешаванд. Дар фикри худ истодагарӣ кунед, вагарна кор ба фоидаи шумо ҳал намешавад. Сафарҳоятон зиёд мегарданд ё ба хонаатон меҳмони роҳи дур меояд. Шарманда шудан нахоҳед, ба қаллобӣ даст назанед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Имрӯз дар бораи шиносҳоятон хабарҳои нохуш шунида, ғамгин мешавед. Эҳтимол, уҳдадории наве ба дӯшатон бор мегардад ё ба сафар мебароед. Ҷавондухтароне, ки хостгорҳоро бесаброна интизоранд, билохира, хабари хуш мешунаванд. Саломатӣ аз шумо диққати бештарро талаб мекунад, фориғболӣ накунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба корҳое даст мезанед, ки аз шумо ҷуръати зиёдтарро тақозо мекунанд. Эҳтимоли зиёд шудани сафи ҳамкорон ё мизоҷонатон зиёд аст. Фаромӯш накунед, ки пешравии коратон аз рафтори ҳамкоронатон низ вобастагӣ дорад. Агар шумо муҷаррад бошед, танҳоӣ ҷонатонро ба лаб меорад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз асабҳоятон аз субҳ хароб мешаванд, зеро дар ҷои кор мушкилиҳое сар мезананд, ки онҳоро бидуни хароб кардани асабҳо таҳаммул кардан имкон надорад. Доруҳои асаборомкунанда истеъмол намоед, вагарна фишоратон аз ҳад баланд мешавад. Имрӯз ҳатто нафарони оиладор азоби танҳоӣ мекашанд.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бо дӯстону наздикони худ созиш карда наметавонед. Робитаатонро бо нафарони моҷароҷӯ қатъ намуда, одатҳои бади худро тарк созед. Нимаи дувуми рӯз дар бораи дӯстдоштаатон хабаре мешунавед, ки қаҳру ғазабатон зиёд мегардад. Ҳавои тоза ва ғизои солим ҳолати шуморо хуб хоҳад кард.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз мизонҳо ба комёбиҳои зиёд ноил мегарданд, ба шарте ки ба нерӯи худ бовар карда, ҳамаи имкониятҳоро истифода баранд. Натарсед ва дудила ҳам нашавед, шумо ҳатман бурд мекунед. Агар шарму беҷуръатиро аз худ дур кунед, дӯстдоштаи худро дигарбора ба даст оварда метавонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз вохӯриву дидорбинӣ бо дӯстони дерина зиёд мегардад. Ҳодисаву мушкилиҳои ногаҳонӣ дар зиндагиатон шуморо хаста мекунанд. Молу ашёеро, ки дигар истифода намебаред, ба партов партоед, вагарна мушкилӣ пеш меояд. Рӯз барои сафари роҳи дур мусоиду бобарор аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар шумо хоҳиши куллан тағйир додани зиндагӣ пайдо мешавад ва барои расидан ба рӯзгори осоишта рӯзҳои хубу бадро паси сар карданатон лозим меояд. Агар ба гуфтаи ситораҳо гӯш диҳед, сабрро пеша карда, ба тақдир тан диҳед. Мардҳо ба вохӯрии ошиқона мераванд. Занҳо бо кӯдакон забон ёфта наметавонанд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз кӯшиш кунед, ки мушкилиҳои оилавиро худатон бартараф созед. Бо вуҷуди бад будани ҳолати рӯҳиатон ба рӯҳафтодагиву ноумедӣ роҳ надиҳед. Бо нафароне, ки мушкилии шахсӣ доранд ё вазъи саломатиашон хуб нест, моҷаро карданатон аз эҳтимол дур нест. Дар ҳама ҳолат худро ба даст бигиред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Табъи болидаатон ба беҳтар шудани вазъи саломатиатон сабаб мешавад. Ба касе сипосгузорӣ кардан мехоҳед, ин корро имрӯз анҷом диҳед. Барои оғози тиҷорати хурд рӯзи бобарор аст. Бо кӯмаки шарикони корӣ фоидаи хуб ба даст оварда, таҷрибаатонро дар ин соҳа бештар карда метавонед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз атрофиёнро танқид накунед, вагарна худатон низ мавриди танқид қарор мегиреду ба худ душман мехаред. Баҳтараш ба ҷои танқид дар лаҳзаҳои мушкил дасти онҳоро бигиред. Дар муносибатҳои ошиқона бештар ташаббускор буданатон лозим аст. Даромади иловагӣ дар назар нест.