Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 14 майи 2020, панҷшанбе    
2706

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои ба анҷом расонидани корҳое, ки чанд муддат аз уҳдааш намебаромадед, аз ҳад зиёд истодагарӣ накунед. Агар монеаро рафъ карда натавонед, беҳтараш тавақуф намоед. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона. Нисбати саломатии худ ва наздикон диққати бештар зоҳир намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Аз чорабиниҳое, ки ба касбу коратон таъсири мусбӣ мерасонанд, қафо намонед. Айни замон имкониятҳои мусоид пеш меоянд, муваффақиятро аз даст надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ хабари нохуш мешунавед ё мушкилоти рӯзгорро ҳатман рафъ карданатон лозим меояд. Дар оила муноқишаи хурд имкон дорад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Аз монеаҳое, ки бадхоҳону душманонатон дар роҳи шумо гузоштаанд, раҳо ёфта наметавонед. Душманони худро пайдо карда, кӯшиши чизеро исбот карданро накунед. Дар ин маврид хомӯширо пеша намоед. Баъди нисфирӯзӣ хабаре мешунавед, ки боиси муноқишаи хурд ё бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Имрӯз нафаре ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунад. Ба шахсе, ки чандон бовар надоред, қарз доданро тавсия намедиҳем. Дар муносибатҳои оилавӣ вазъияти душвор сар мезанад, агар наздикон шуморо намефаҳмида бошанд, ба нуқтаи назари онҳо диққат надиҳед. Ба асабоният дода нашавед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз фиребу ваъдаи дурӯғ боиси руҳафтодагиву ранҷиш мегардад. Нафароне, ки ошиқ шудаанд, нисбати дӯстдоштаи худ бодиққат буданашон лозим аст, эҳтимол ёри ёфтаатон ба шумо арзанда нест. Хонаву дари худро аз дуздӣ ё рух додани сӯхтор эҳтиёт кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз кӯшиши ба нафаре чизеро исбот карданро накунед. Ҳақ будани худро бо гап неву бо кор собит намоед. Ихтироъкорӣ ва каме ҳиллагарӣ карданатон лозим меояд. Дар ҷодаи муҳаббат тағйиротҳои судманд рух медиҳанд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб шуданатон имкон дорад.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи бебарор аст. Мушкилоти рӯзгор, муноқишаҳои хурд ё хабари нохуш аз шумо кӯшиши зиёдро талаб мекунанд. Дар натиҷа вазъи молиявӣ ва саломатиятон нохуб мегардад. Барои он ки вазъи молиявиатон душвор нагардад, ба ҳодисаҳое, ки маблағи пулиро талаб мекунанд, диққати зиёд надиҳед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи хубест барои тарки одату дилбастагиҳои бад. Нафароне, ки одати сигоркашӣ доранд, имкони аз он халос шуданро доранд. Дар ин рӯз худтабобаткуниро тавсия намедиҳем, беҳтараш бо маслиҳати духтурони касбӣ табоатро ба роҳ монед. Дар масъалаҳои ошиқона бо амри дил амал кунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз корҳоятон барор гирифта, бо осонӣ тамоми мушкилиҳоро рафъ ва орзуятонро ҷомаи амал мепушонед. Бо виҷдони пок ва иродаи мустаҳкам аз вазъиятҳои душвортарин берун меоед. Хабари бемории яке аз наздикон хотиратонро парешон ва табъатонро хира мегардонад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Рӯзи душвор аст. Барои амалу кирдори худ посух гуфтанатон лозим меояд. Аз маъракаҳои серодам ва баландиҳо эҳтиёт шавед, имкони ҷароҳати ҷиддӣ бардоштан ё гирифтори беморӣ шуданатон вуҷуд дорад. Баъди нисфирӯзӣ камқувватиро эҳсос мекунед ё хабари нохуш мешунавед. Дар хоб дидани доду фиғон фоли хуб нест.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз табъи худро хуш нигоҳ доред. Чизҳои ниёзи худро бо нархи начандон зиёд ба даст оварда метавонед. Дар масъалаҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед. Ба нафарони муҷарраде, ки дар фикри оиладоршавӣ ҳастанд, шитоб карданро тавсия намедиҳем.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Рӯзи душвор аст. Аз ҷониби душманону бадхоҳон иғвову шӯрандозӣ рух медиҳад. Нерӯи худро беҳуда сарф накунед, аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ карданатон беҳтар аст. Камтарин низоъ бо шахси дӯстдоштаатон боиси ҷанҷоли калон ва ҳатто ба ҷудоӣ оварда мерасонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД