formula
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024
5181

Ҳамал

 

Ҳодисаҳои пурмоҷарои ин рӯз ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасонад. Асабӣ нашуда, худро хаста насозед. Дар ҷои кор бодиққат бошед, вагарна ба рӯихати кормандони хориҷшуда наафтед. Бо саршавии аввалин нишонащои шамолхӯрӣ ва зуком дарҳол аз пайи табобат шавед.

 

 

 

Савр

 

Дар ин рӯз робита бо шиносони нав ва ҳатто бо наздикон душвор мегардад. Кӯшиши мустақил буданатон ба рафти корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Рӯзи хубест барои беҳдошти саломатӣ ва ҷарроҳиҳои тиббӣ.

 

 

 

Ҷавзо

 

Дар ин рӯз имкони ба даст овардани вазифаи роҳбарикунанда ва тиҷорати бобарор имкон дорад. Дар робита бо одамон хафагиву асабониятро нигоҳ дошта, танқидро оромона қабул намоед. Бештар дар ҳавои тоза сайр намоед.

 

 

 

Саратон

 

Тамоми тағйиротҳои ин рӯз ба фоидаи шумо хоҳад буд. Муҳимаш аз навгониҳо натарсида, аз пайи кор шавед. Агар дар ин рӯз пешниҳоди нави корӣ шавад, дарҳол қабул намоед. Имкони вохӯрӣ бо собиқ дӯстдоштаатон вуҷуд дорад.

 

 

 

Асад

 

Имрӯз худро ҳамчун росткору ҷиддӣ нишон медиҳед. Чунин амалатон ба ҳама писанд нест, вале шумо парво надоред. Дар ҷои кор баҳсу мунозира бо сардор ва муноқиша бо дӯстдошта имкон дорад. Муҳим он аст, ки тамоми мушкили худро бо машрубот рафъ накунед.

 

 

 

Сунбула

 

Дар ин рӯз нафаре нисбататон меҳру муҳаббати беандоза зоҳир менамояд. Агар муҷаррад бошед, ба тақдир бовар карда, муҳаббатро рад насозед. Рӯзи хубест барои табибон, савдогарон ва варзишгарон. Бегоҳӣ аз хастагии зхиёд худро бад ҳис мекунед.

 

 

 

Мизон

 

Дар ин рӯз пурра бо кор машғул шавед, то ки дигарон ба қадри заҳматҳоятон расида, соҳиби зиндагии шоиста гардед. Нисфирӯзӣ шиносоии тақдирсоз имкон дорад. Зиёд андеша накарда, ба садои қалб гӯш андозед.

 

 

 

Ақраб

 

Дар ин рӯз либоси нав ба бар карданатон хуб аст, хусусан агар ба меҳмонӣ ва маъракаҳои серодам мерафта бошед. Дар муносибатҳои шахсӣ қадами ҷиддӣ нагузоред, ҳама кор вақту соати худро дорад. Барои бастани ақди никоҳ ва хостгорӣ рӯзи бобарор аст.

 

 

 

Қавс

 

Агар шумо таваккал карда, ба корҳои тиҷоратии дигарон бинӣ халонед, тамоми дастовардҳои худро аз даст медиҳед. Ба танбалӣ роҳ надиҳед ва дар байни ҳамкорон аз корҳои худ шикоят накунед. Кори якҷоя натиҷаи хуб ва даромад меорад.

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Дар аввал ноҷӯриҳоро дар муносибатҳои ошиқонаи худ ба эътидол оред. Сафари роҳи дурро ба таъхир гузошта, бо меҳнат зеҳнӣ машғул шавед. Бегоҳирӯзӣ занги телефонии дӯстатон ва хабари ногаҳонӣ хотиратонро мушавваш мегардонад.

 

 

 

Далв

 

Мушкилиҳои зиёди вобаста бо рӯзгор, хонаву хешовандонатон имкон дорад. Ба назар чунин мерасад, ки ҳама кор дар якҷоягӣ ба дӯши шумо меафтад. Далвҳоеро, ки бо санъат, графикаи компютерӣ ва савдои хусусӣ машғуланд, муваффақияти зиёд нигарон аст.

 

 

 

Ҳут

 

Дар ин рӯз нисбати шахси наздикатон хӯҷаинӣ карда, боиси муноқиша мегардед. Як қисми мушкилиҳои хонаро ба дӯши худ гирифта, аз паи таъмир шавед. Аз ҳад зиёд ба масъалаҳои пешравӣ дар вазифа мароқ зоҳир накунед. Беҳтарин роҳи гурехтан аз  мушкилиҳо истироҳат бо наздикон аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД