Arzon march 2024
Толеъномаи 13-уми феврали соли 2024
2818

 

Ҳамал

Дар ин рӯз тасодуфан бо нафаре вомехӯред, ки замоне сахт дӯсташ медоштед. Вохӯрии ошиқона хотирмон мегузарад. Нафароне, ки қарздоранд, бояд дар фикри баргардонидани маблағи гирифтаашон шаванд. Амалиётҳои ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳо бобарор анҷом меёбанд.

Савр

Агар қарздорон ҳар рӯз ба суроғатон меомада бошанд, бояд дарҳол қарзҳоятонро баргардонед, зеро айни замон вазъи молиявиатон чандон бад нест. Дар ин рӯз як нафар аз бахиливу тамаъ ба асабатон мерасад, беҳтараш ба ӯ диққат надиҳед. Баъди нисфирӯзи вазъи саломатиятон нохуб мегардад.

Ҷавзо

Дар ин рӯз фикри роҳати шахсии худро кунед, агар табъатон болида бошад, мушкилиҳо низ ба назаратон ночиз менамоянд. Ба касе сири дил накушоед, хусусан дар масъалаҳои пулкоркунӣ хомӯшона амал кунед. Ба саломатии худ бодиққат бошед. Барои нафарони ошиқ хотиррасон мекунем, ки пагоҳ рӯзи ошиқон аст.

Саратон

Барои сафару саёҳат рӯзи бобарор аст. Тамоми хафагиву дилмондагиҳоро фаромӯш кунед. Дар масъалаи молиявӣ кӯмаки касеро интизор нашуда, танҳо ба қувваи худ умед бандед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон рашки беҳудаву бераҳмона рафтор карданатон аз рӯйи инсоф нест.

Асад

Дар ин рӯз масъалаҳои хариду фурӯши хона ва дигар амвол бобарор анҷом меёбад. Баъзеҳо барои беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ маблағи калон қарз мекунанд. Нафароне, ки дар ин рӯз аз дӯстдоштаи худ ҷудо мешаванд, аз кори кардаашон пушаймон намегарданд. Айни замон вазъи саломатиятон хуб аст.

Сунбула

Ташаббусҳоятонро дар ин рӯз атрофиён бо хушнудӣ қабул мекунанд, зеро ба шумо бовар доранду даромади хуби пулӣ оварданатонро интизор ҳастанд. Дар бораи дӯстдоштаатон хабаре шунида дарҳол дилмонда нагардед, ҳақиқатро аз забони худаш гӯш карда, баъдан хулоса бароред.

Мизон

Рӯзи душвор аст. Хеле бодиққат бошед, то ки касеро ранҷонида, ба рашку ҳасуд гирифтор нагардед. Эҳтимоли бо дӯстону наздикон муноқиша карданатон зиёд аст. Каме нотоб гашта, асабиву норозӣ мегардед. Аз пайи пули калон надавед, вале ҳақи худро соҳиб шавед. Қарзҳоятонро баргардонед ва аз рӯи имкон ба наздикон кӯмак кунед.

Ақраб

Дар ин рӯз эҳтимоли аз нигоҳи аввал ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Дар ҷойи кор бо касе баҳс накунед. Барои аз сар дур кардани фикрҳои мағшуш ва аз хона берун кардани чизҳои нодаркор рӯзи мусоид аст. Дар масъалаҳои пулӣ ба касе бовар накунед. Аз ошиқатон фаришта насозед, вагарна пушаймон мешавед.

Қавс

Дар ҳама кор меъёрро риоя намоед. Хусусан дар хӯрдани хӯрок ва машқҳои ҷисмонӣ. Агар худро бад ҳис мекарда бошед, ба табиб муроҷиат кунед. Нисбати дӯстдоштаи худ хушмуомила бошед, сабабгори рух додани муноқиша нагардед. Дар хоб дидани сӯзан ва шишапора хуб нест.

Ҷаддӣ

Дар масъалаҳои иқтисодӣ бурдбории ногаҳонӣ имкон дорад, даромади пулӣ дар натиҷаи ҳамкорӣ ба даст меояд. Вақте расидааст, ки барои зиёд намудани маош кӯшиш намоед. Саломатии яке аз наздикон нохуб гашта боиси изтиробатон мегардад. Дӯстдоштаи худро бо туҳфаи хотирмон шод гардонед.

Далв

Рӯзи душвор аст. Ҳодисаҳои нохуш, садамаву бемориҳо имкон доранд. Ҳар қадами худро дониста гузоред, то ки аз нохушиҳо эмин бошед. Агар мошин меронда бошед, дар роҳ хеле боэҳтиёт бошед. Бо нафари бароятон наздик ё хешовандонатон мушкилӣ рух медиҳад. Дар фаъолияти узви ғадуди сипаршакл иллат пайдо мешавад. Яке аз сабабҳои руҳафтодагиатон дар бемор будани ҳамин узв аст.

Ҳут

Дар ин рӯз ибодат кардану барои саломатии наздикони худ дуо хондан хуб аст. Никоҳ кардан ва ҳомиладоршавӣ дар ин рӯз нек аст. Дар муносибатҳои ошиқона гармиву самимият пайдо мешавад. Агар имкон дошта бошед, ҳатто ба нафарони ношинос низ кӯмаки худро дареғ надоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД