Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ба фикру назари дигарон бо эҳтиром муносибат кунед, дастгирии онҳо калиди муваффақияти шумост. Шояд маҳз ҳамин рӯз имкониятҳои нав кушода шаванд ва дӯстони содиқе пайдо шаванд, ки шуморо дар расидан ба орзуҳои бузург ҳамроҳӣ мекунанд. Меҳрубон бошед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд.
Савр (20 апрел-20 май)
Нимаи дуюми рӯзро бо дӯстдоштаатон сипарӣ намоед. Бо оромӣ ва тафаккури солим ҳар мушкилро паси сар мекунед. Агар дар ҳама ҳолатҳо худро ба даст гирифта тавонеду зуд асабӣ нашавед, аз иштибоҳ кардан амон меёбед. Дар масъалаи саломатӣ танҳо ба табибони соҳибтаҷриба бовар кунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз дар масоили молиявӣ эҳтиётро пеша гиред, сарфи беҳудаи пул метавонад ба вазъи зиндагии шумо таъсири манфӣ расонад. Ба ҳар як ҷузъиёт диққат дода, аз иштибоҳи калон амон меёбед. Дар ишқу муҳаббат саросемагӣ лозим нест, барои як нафарро шинохтан вақти зиёд лозим аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Нимаи аввали рӯз дар ҳалли масъалаҳои пулӣ мувафақ мегардед. Бо донишу маҳорататон вазифаҳоятонро ба дараҷаи олӣ иҷро мекунед. Душвориҳои сарзадаро агар рафъ карда тавонед, минбаъд дар зиндагӣ роҳи худро пайдо мекунед. Ба наздикӣ дар ҷодаи ишқу муҳаббат вохӯрӣ ё шиносоие рух медиҳад, ки тамоми дунёятонро дигаргун месозад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз эҳтимол дорад худро хаста эҳсос кунед, бахусус агар рӯзҳои қабл серташвиш буданд. Истироҳати кӯтоҳ, ғизои муфид ва саругашт дар ҳавои тоза шуморо ба ҳолати муътадил бармегардонанд. Эҳтимол нафаре аз атрофиёнатон ба хушбахтии шумо ҳасад мебарад, дар бораи ишқи худ ба касе чизе нагӯед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз барои гуфтугӯҳои муҳими корӣ ва ҳатто мушкилиҳое, ки ояндаи шуморо пешбинӣ мекунанд, фурсати беҳтарин аст. Шумо бо далелҳои қавӣ ва суханони боэътимод мавқеи худро мустаҳкам ҳимоя мекунед. Хушмуомила бошед ва фикри дигаронро гӯш кунед. Нафароне, ки дар ин шабу рӯзҳо ошиқанд, ба ғайр аз дӯстдоштаи худ чизеро дидану шунидан намехоҳанд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз шумо қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед. Вақте дилатон аз чизе гувоҳӣ медиҳад, ба он гӯш андозед. Ҳушёрӣ ва зиракии шумо имкон медиҳад, ки роҳҳои дурустро пайдо кунед ва аз монеаҳо бо зиракӣ гузаред. Зиқ нашавед, ҳама чиз ба нафъи шумо анҷом меёбад. Мушкилиҳоятон яке паи ҳам ҳал шудан мегиранд ва шумо дастгирии дӯстдоштаатонро ҳис мекунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз дар ҳама кор истеъдоду ҳунарҳои худро нишон диҳед, он гоҳ ба мақсадҳои бузург ноил мегардед. Ҳар қадами пешрафт шуморо ба орзуи деринаатон наздиктар мекунад. Ошиқон ба васли дӯстдоштаи худ мерасанд. Агар мушкиле дошта бошед, аз ҳад зиёд дилтангӣ накунед, шуморо рӯзҳои хуб дар пешанд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар оғози рӯз шояд мушкилоте ба вуҷуд оянд, ки шуморо дар ҳолати ногувор гузоранд. Бо сабру таҳаммул онҳоро паси сар мекунед ва эҳсоси ғалаба шуморо руҳбаланд мекунад. Ошиқонро суҳбати тӯлонӣ интизор аст, хусусан нафароне, ки бо ҳам ногап буданд, баъд аз оштишавӣ аз дидори якдигар сер намешаванд. Як занги дӯстдоштаатон тамоми ғаму андуҳи шуморо бартараф месозад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз дар касбу кор муваффақият эҳтимол дорад. Баъзе ҳамкорону ҳамкасбон ба шумо ҳасад мебаранд ва шумо худатон инро хуб медонед. Беҳтараш муносибатро бо онҳо вайрон накунед, муҳимаш ҳама сири дилатонро дар наздашон нагӯед. Ҳатто дӯстдошта доштанатонро аз баъзе рақибон пинҳон кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Пирӯзиҳои шахсӣ ва муваффақиятҳо дӯстони навро ҷалб мекунанд. Имкони пайдоиши равобити дарозмуддати дӯстона ё касбӣ зиёд аст. Дӯстдоштаи худро бо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ фаро гиред, он гоҳ тамоми дарду ғами худро фаромӯш месозед. Фаромӯш накунед, ки қарсак аз ду даст мешавад, ҳар қадаре меҳрубонӣ кунед, ҳамон андоза меҳрубонӣ мебинед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ҷодаи муҳаббат ҳамдигарфаҳмӣ имкон дорад. Шояд оташи муҳаббати кӯҳна аз нав эҳё шавад, ё ишқи нав қалби шуморо ба ларзиш оварад. Агар аз дӯстдоштаи пешинаатон ҷудо шуданӣ бошед, ин корро зудтар анҷом диҳед. Дудилагӣ ва дилкашолӣ карданатон ба худатон зарар мерасонад.