Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
215

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар ҳоло танҳо бошед, барои истироҳат ва саёҳати кӯтоҳ фурсати хуб фаро мерасад. Ҳатто сафар ба шаҳри ҳамсоя метавонад рӯҳияатонро болида гардонад. Эҳтимол миёни шумо ва наздикон нофаҳмиҳо ба вуҷуд оянд, аммо бо эҳсосот қарор қабул накунед. Оромиро нигоҳ доред ва роҳи созишро ҷӯё шавед. Аз ҳад зиёд худро бо фикри пул машғул накунед. Ба саломатӣ низ диққат дода, аз хастагии зиёд ва асабоният худдорӣ намоед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз имкони беҳтар шудани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон зиёд аст. Ҳатто агар эҳсосоти пуршиддат ҳам набошад, миёни шумо ҳамдигарфаҳмии бештар пайдо мешавад. Барои расидан ба ҳадаф як самти асосиро интихоб кунед ва парешон нашавед. Кору масъулият қисми зиёди фикратонро ишғол мекунад. Аз хариди гаронарзиш худдорӣ кунед, зеро эҳтимоли харидани моли бесифат вуҷуд дорад. Аз баҳсу ҷанҷолҳои беҳуда канорагирӣ намуда, барои мустаҳкам кардани саломатӣ вақт ҷудо кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Аз баёни эҳсосоти самимии худ натарсед, зеро ростқавлӣ ҳамеша қадр мешавад. Бархе аз намояндагони ин мучал, махсусан мардон, шояд маҷбур шаванд нияти неки худро ба шарики зиндагӣ исбот кунанд. Дар ҷои кор нофаҳмӣ бо ҳамкорон ё роҳбар эҳтимол дорад. Танқидро бо оромӣ қабул кунед. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд маблағро сарфа намоед, зеро дар пеш хароҷоти калон интизор аст. Барои беҳтар шудани саломатӣ ба варзиш машғул шуда, ғизои равғанину хамириро кам кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Нагузоред касе бо эҳсосоти шумо бозӣ кунад. Агар ҳис кунед, ки шахсе ба шумо фишор меорад, беҳтараш муносибатро аз нав арзёбӣ намоед. Бо наздикон эҳтимоли нофаҳмӣ вуҷуд дорад, вале аз қарорҳои худ даст накашед. Имрӯз ҳаваси коркунӣ чандон зиёд намешавад, бештар мехоҳед истироҳат кунед. Бо вуҷуди ин, барои пешрафти молиявӣ ва касбӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Дар ҷойҳои серодам эҳтиёткор бошед ва ба ҳар кас зуд бовар накунед.

Асад (23 июл-23 август)

Онҳое, ки ҳанӯз ҷуфти муносиб наёфтаанд, метавонанд ба зудӣ бо муҳаббати ҳақиқии худ вохӯранд. Нақшаҳои шахсии худро ба ҳар кас нақл накунед, зеро ҳасудон кам нестанд. Имрӯз барои иҷрои корҳои душвор рӯзи мувофиқ нест, зеро диққататон зуд парешон мешавад. Вақти хубест, ки нақшаҳои молиявии худро аз нав баррасӣ намуда, барои оянда сармоягузориро фикр кунед. Агар бемории музмин дошта бошед, ба саломатӣ беэътиноӣ накунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Кӯшиши якбора амалӣ кардани ҳамаи орзуҳо танҳо шуморо хаста мекунад. Беҳтараш муҳити худро каме иваз кунед ва истироҳат намоед. Имрӯзро бо аҳли оила гузаронед, зеро суҳбати самимӣ ва фазои гарми хона ба шумо неруи тоза мебахшад. Дар кор ба маслиҳати ҳар кас зуд бовар накунед ва суханони худро бодиққат интихоб кунед. Агар вақтҳои охир бахтатон аз ҷиҳати молиявӣ кам бошад, хавотир нашавед, рӯзҳои беҳтар дар пешанд. Варзиш имрӯз барои шумо хеле муфид хоҳад буд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар рафтори шарики зиндагӣ ба шумо маъқул набошад, хомӯш набошед ва ошкоро фикратонро баён кунед. Бо наздикон оромона муносибат намоед ва аз асабоният худдорӣ кунед. Имрӯз қарореро қабул кардан лозим меояд, ки чандон осон нест, аммо онро аз ҳад зиёд ба таъхир нагузоред. Кору тиҷоратро бо дӯстиву хешутаборӣ омехта насозед, вагарна зарар мебинед. Барои истироҳати ҷисм, масҳ ё шиноварӣ интихоби хуб аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз барои масъалаҳои ошиқона умедбахш аст. Агар ҳоло танҳо бошед, имкони вохӯрӣ бо шахси муносиб зиёд мебошад. Барои расидан ба натиҷаҳо сабр кунед ва аз худ талаботи аз ҳад зиёд накунед. Дар кор бо эътимод амал мекунед ва дигарон ба оромиву заковати шумо эътимод хоҳанд кард. Давраи душвори молиявӣ тадриҷан пушти сар мешавад. Агар бемории кӯҳна дошта бошед, худро зиёд хаста насозед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқона аз қадамҳои ҷиддӣ натарсед. Ҷасорати шумо метавонад эҳсосоти навро бедор кунад. Имрӯз вақт барои анҷом додани ҳамаи корҳо намерасад, бинобар ин ҳатман барои истироҳати кӯтоҳ низ фурсат ҷудо кунед. Бо ҳамкорон худро бо касе муқоиса накунед, зеро ин метавонад боиси баҳс гардад. Агар хоҳед даромадатон бештар шавад, дар бораи манбаи иловагии маблағ фикр кунед. Ба машғулиятҳои дӯстдошта бештар вақт ҷудо намоед, то рӯҳия ва саломатиятон беҳтар шавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои занони ин мучал эҳтимоли шиносоии нав ё муносибати ошиқона вуҷуд дорад, аммо онро бо манфиатҳои корӣ омехта накунед. Рӯз барои муҳаббат, бахшиш ва оромӣ хеле мусоид аст. Сафарҳои корӣ ё вохӯрӣ бо шахсони бонуфуз имконпазир мебошад ва метавонад дар оянда ба шумо фоида оварад. Хароҷоти ғайричашмдошт зиёд мешавад, аз ин рӯ аз қарорҳои саросемавор худдорӣ кунед. Ҳангоми варзиш низ худро аз ҳад зиёд хаста насозед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Барои занони ин мучал эҳтимоли оғоз шудани муносибати нав вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед ба эҳсосоти худ бештар гӯш диҳед ва танҳо аз рӯйи хоксорӣ қарор қабул накунед. Корҳои хонаро байни аъзои оила одилона тақсим кунед, то баҳсу ранҷиш пеш наояд. Хабари хуше метавонад зиндагии шахсӣ ё фаъолияти касбии шуморо ба самти беҳтар тағйир диҳад. Гарчанде хароҷоти калон пеш ояд, он бобарор хоҳад буд. Барои барқарор кардани нерӯ бештар истироҳат кунед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз аз ҳад зиёд вазъиятро таҳлил накунед, балки аз эҳсосоти зебои ишқ лаззат баред. Шахси наздикатон нисбат ба шумо ғамхорӣ мекунад ва хуб аст, ки бо меҳрубонӣ ҷавоб диҳед. Дар ҷои кор эҳтимол яке аз ҳамкорон аз рӯйи ҳасад муносибати хуб нишон надиҳад. Бо эътимод аз мавқеи худ ҳимоят кунед. Ҳоло вақти гирифтани қарз нест, зеро метавонад мушкилоти молиявӣ эҷод кунад. Агар ба кумак ниёз дошта бошед, онро бе тардид дархост намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД