Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 12 ИЮЛИ 2020, ЯКШАНБЕ
2508

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз табъатон болидаву нерӯи дучанд болу пар мебахшад, вале дар роҳатон мушкилиҳое сар мезананд, ки бояд рафъ карда тавонед. Агар муносибатҳоятон бо шахси дӯстдошта душвор гашта бошад, барои он ки муноқиша сар назанад, ҳама кори аз дастатон меомадаро ба анҷом расонед. Барои он ки бемор нашавед, бештар дар ҳаракат бошед.

Савр (21 апрел-22 май)

Сифати беҳтарини савр, ки суботкорӣ аст, дар ин рӯз ба якравию ғазаб мубаддал мегардад. Гапдаро бошеду гузашт кунед, вагарна дар муносибат бо наздикон ва шахси дӯстдошта нофаҳмӣ рух медиҳад. Хусусан дар муносибат бо шахси аз худатон калонсол эҳтиромро нигоҳ доред. Бо варзиш машғул шуда, аз бемориҳо эмин мемонед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Нимаи аввали рӯз бароятон номусоид меояд, бо касе забон ёфта наметавонед, асабиву табъатон хира мегардад. Ба эҳсосот дода нашавед. Агар минбаъд низ ба асабоният дода шавед, гирифтори захми меъда ё тахикардия гаштанатон осон аст. Масъалаҳои молиявиро бо душворӣ ҳал мекунед. Баъзеҳо ба сафари ногаҳонӣ баромада, дар роҳ вайрон шудани мошин дар назар аст.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Масъалаҳои молиявӣ аз шумо диққати хосаро талаб мекунанд. Ҳар қадаре пул зиёд сарф кунед, ҳамон андоза хатари беҳуда сарф карданатон вуҷуд дорад. Дар ин рӯз моли бесифат харида, бо нафаре муноқиша мекунед ё чизеро гум мекунед. Агар аз нафаре қарздор бошед, шуморо лозим меояд, ки пулро баргардонед. Аз истеъмол кардани хӯроки тунд худдорӣ намоед, вагарна аз дарди меъда азият мекашед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Вазъият тавре сурат мегирад, ки хислатҳои манфии худро нишон доданатон лозим меояд. Агар шумо дар моҳи июл тавлид ёфта бошед, худро ба даст гирифта, аз рашку бахилӣ худдорӣ намоед. Ба дағалии атрофиён танҳо дар зарурат посух гӯед. Сари вақт истиҳола карда натавонистанатон боиси фишори руҳӣ ва ҷароҳат бардоштанатон мегардад. Аз хоб сер карда, бештар витамин истеъмол намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Сунбулаҳои бадгумон хаёл мекунанд, ки мушкилиҳо аз пешанд. Хастагиҳои рӯзҳои пеш, камбудиҳои оилавӣ ё андешаҳои мағшуш имкон доранд. Баъзеҳо бо наздикон муноқиша мекунанд. Дар ин рӯз тамоми мушкилиҳоро фаромӯш кунед. Хароҷоти зиёд мекунед, вале мушкили молиявиро эҳсос намекунед. Саломатиятон хуб аст, аз бемориҳо эмин мемонед.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Қисми зиёди рӯзро барои рафъ намудани мушкили дигарон мегузаронед. Ба нафароне, ки шумо умед мебандед, нозу нузашонро бардошта наметавонед. Бе тавсия ва маслиҳати табиб ягон намуди дорувориро истеъмол накунед. Мушкилиҳои молиявиро ҳар чӣ зудтар рафъ намуда, кори имрӯзро ба фардо нагузоред. Ҳар туҳфае, ки шумо интихоб намоед, ҳатман ба дӯстдоштаатон писанд меояд.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Субҳи имрӯзро бо табъи хуш оғоз намоед. Аз ҳар чизе, ки боиси ғамгинӣ, хавотирӣ ва фикрҳои мағшушатон мегардад, дурӣ ҷӯед. Фикрҳои мағшуш ба вазъи оилавиятон бетаъсир намемонад. Кӯшиши назорат намудани касеро накунед, хусусан нисбати шахси дӯстдошта фишор наоред. Барои наздикон ва камбудиҳои рӯзгор маблағи зиёд сарф мекунед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рӯз маблағи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Каме нотоб шуданатон эҳтимол дорад. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шуда, қабл аз хоб лимӯчой нӯшед. Ҳангоми сафарҳо боэҳтиёт бошед, бо ашёҳои нӯгтезу буранда кор накунед. Дӯстдоштаатон аз пештара бештар ба меҳрубонии шумо ниёз дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Агар дар ин рӯз дилатон дард кунад, дониста бошед, ки бо сабаби харобии асабҳо аст. Ҳама чизро ба дил наздик қабул карда, дилтангӣ накунед. Аз сарф кардани маблағи зиёд низ безобита нашавед. Дӯстдоштаатонро бо суханони хуш ба зиндагӣ дилгарм сохта метавонед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Нисбати молу амволе, ки доред, диққату ғамхории бештар зоҳир менамоед. Қабл аз он ки ба коре даст мезанед, зиёд андешаронӣ мекунед. Бонувоне, ки дар мучали далв тавлид ёфтаанд, то кадом андоза муҳим будани ҳодисаҳоеро, ки дар давоми рӯз аз сар гузаронидаанд, эҳсос менамоянд.

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Нимаи аввали рӯз хеле серкор мешавед, танҳо нимаи дуюми рӯз ба кӯмакатон нафаре мерасад. Хароҷоти имрӯзаатон калон мешавад, вале хурсандии наздиконро дида, заррае пушаймон намешавед. Хусусан хотири дӯстдоштаатон хеле шод мегардад. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД