Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 12 феврал
12.02.2022
Оила
4208

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Даромади калони пулиро интизор шаведу дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунад. Ба ҳар кори дӯстдоштаи худ эрод нагиред. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед.

 

Савр (21 апрел-22 май)

Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рӯ, дар фикри пайдо намудани сарчашмаҳои нави даромад шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд. Ошиқатон бо туҳмати ногаҳонияш ба торҳои асабатон мерасаду дилатонро сиёҳ мекунад.

 

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Даромади начандон калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки охири моҳ пӯшидани ангуштарини арӯсӣ насиби шумо ҳам мешавад.

 

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар бо тиҷорат машғул шудан хоҳед, хуб аст, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Бегоҳирӯзиро бо шахсони наздикатон гузаронед ва ё шоми гуворои ошиқона ороеду аз дидори дӯстдоштаатон сер шавед. Дар сухан гуфтан эҳтиёт бошед, вагарна хавфи ҷанҷол карданатон дар назар аст.

 

 

Асад (23 июл-23 август)

Бемор шудани шахси наздикатон шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ намуда, тамоми рӯз бо табъи хира мегардед.

 

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед.

 

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Даромади калони пулие, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Дар ин рӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақрабҳои танҳоро шиносоии наву гуворое дар назар аст. Аз имкон дур нест, ки бахт ба рӯятон механдад, кӯшиш намоед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Аз харҷу хароҷоти калон худдорӣ намоед. Вохӯриҳо дар сафар хотирмон мегарданд.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ситораҳо ором буданро тавсия медиҳанд. Асабонияти зиёди шумо сабабгори бадгӯию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад. Ба бемориҳои сарзада беэътиноӣ зоҳир накунед.

 

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои он ки далвҳо бевафоии ёр ва ёри дигар гирифтани ӯро босаброна таҳаммул сохта тавонанд, бояд рафиқи ғамгусоре пайдо намоянд. Руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед.

 

Далв (21 январ-20 феврал)

Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Бегоҳирӯзӣ шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро беназорат нагузоред.

 

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дар ҳаётатон навигариҳои зиёд рух медиҳад. Агар зиракӣ кунед, пули муфт ба даст меоред. Шахсеро, ки дӯст мешуморед, бо ғайбату масхара аз пасатон душманӣ мекунад. Ҳутҳои муҷаррад бо нафаре вомехӯранд, ки бо як нигоҳ дилашонро ба ларза меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД