Ҳамал
Тамоми рӯзро ба мулоқоти ошиқона бахшида, аз баҳри кори бесамару якранг бароед. Аз мушкилоте, ки табъатонро хираву вазъиятро ногувор месозанд, дурӣ ҷӯед. Агар бемориҳои сутунмуҳра, тахтапушт ё буғумдард дошта бошед, дар назди компютер дурудароз нишастанро маслиҳат намедиҳем.
Савр
Нақшаҳое, ки кайҳо дар назар доштед, ҳамин рӯз амалӣ мешаванд. Дар ҷойи кор ҳодисае рух медиҳад, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад. Нуқтаи назари худро пайгирӣ намоед, вале баҳс накунед. Бегоҳирӯзӣ истироҳат карда, фикрҳои ғамангезро аз сар дур намоед.
Ҷавзо
Агар дар ин рӯз ташаббус нишон диҳед, ҳамкорон дастгирӣ мекунанд. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи бобарор аст, ба шарте ки ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо ба хатогӣ роҳ надиҳед. Нафареро вомехӯред, ки умре дар интизораш будед.
Саратон
Бештар ба қувваву маҳорати худ умед баста, мушкилиҳои зиёдеро рафъ месозед. Дар ҳама кор тахаюлоти худро ба кор баред. Ҳатто дар ҷодаи муҳаббат ҳазлу шӯхӣ карданатон лозим меояд.
Асад
Рӯзи пурмаҳсул аст, дилатон пур аз фараҳу шодӣ мегардад. Ҷаласаҳои муҳиму сафарҳои кӯтоҳмуддати корӣ эҳтимол доранд. Тамоми хоҳишҳоятон амалӣ мешаванд. Ғурури худро ба шахси дӯстдоштаатон нишон надиҳед.
Сунбула
Агар шумо эҷодкор бошед, бояд тамоми қуввату маҳорати худро истифода баред. Бо як ҳамкоратон, ки кайҳо нисбаташ бетафовут нестед, муносибати ошиқона барпо мекунед. Бегоҳирӯзӣ барои сайругашт хуб аст.
Мизон
Дар ин рӯз саросема шудану ташвиши зиёд кашидан манъ аст. Ҳама корро аз рӯйи нақша ба анҷом расонед. Ба шиноси наздики худ ошиқ мешавед. Дар гуфтору рафтор аз ҳади эътидол нагузаред. Ба саломатии шахси бароятон азиз диққати ҷиддӣ диҳед.
Ақраб
Дар ҷодаи касбу кор муваффақ мегардед. Агар ҳама корро дуруст ба нақша гирифта, ҳисобу китобро ба роҳ монед, мушкиле пеш намеояд. Ақрабҳое, ки бо соҳибкорӣ машғул шудан мехоҳанд, бояд вазъи молиявии худро ба эътибор гиранд.
Қавс
Тамоми рӯз назди компютер нишастанро тавсия намедиҳем. Бо ин амалатон имконияти беҳтар сохтани вазъи молиявиро аз даст медиҳед. Вазъи саломатиятон бад шуда, бояд фавран чора бинед. Беҳтараш бо усулҳои халқӣ табобат карда, дорувориҳои зиёдро истеъмол накунед.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз нақшаи кориро тартиб додан душвор мешавад. Тамоми фикру зикратон банди ҳаёти шахсӣ ва муносибатҳои ошиқонаатон мегардад. Ҷаддиҳои савдогар ва ҳунармандро комёбӣ дар пеш аст. Ақидаҳои худро аз бадхоҳонатон пинҳон доред.
Далв
Тамоми мушкилоти зиндагии давлҳо бо шарофати нафари воломақоме ба зудиву осонӣ рафъ мегардад. Муҳим он аст, ки аз субҳи содиқ аз пайи рафъи мушкилиҳо шавед. Аз рафтори ногаҳонии дӯстдоштаатон ба ғазаб наоед, вагарна байнатон ҷанҷол мешавад.
Ҳут
Барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ба қарз ғӯтидан шарт нест. Беҳтараш аз пайи пайдо намудани манбаҳои нави даромади пулӣ шавед. Дар ҷодаи муҳаббат муносибатҳои ошиқонаатон хеле хуб ҷараён мегиранд.