Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи бобарор аст. Манбаи нави даромад пайдо мекунед. Бо кумаки ҳамкорони нав ё нафарони воломақом аз вазъияти душвор берун мебароед. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, ба дӯстдоштаи худ хубтар зеҳн монед. Маблағеро, ки имрӯз ба даст меоред, зуд сарф мекунед.
Савр (21 апрел-22 май)
Кореро, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, ҳатман ба охир расонед. Нисбати ҳар як пешниҳоду тавсияҳо бодиққат бошед, хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Аз ашёҳои нӯгтезу халанда ва ҳашаротҳо дурӣ ҷӯед. Дар хоб дидани оби ифлос фоли бад аст. Саломатиятон хуб аст, вале нишонаҳои шамолкаширо беэътибор намонед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ба роҳ набароед, бо корҳое, ки бо сафарҳо алоқамандӣ доранд, машғул нашавед, ҳатто дар дохили шаҳр сафарро кам кунед. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошед. Барои қабули меҳмонҳои ногаҳонӣ омода бошед. Саломатиятон дар ин рӯз аз худи шумо вобастагӣ дорад. Дӯстдоштаи худро муддати дароз танҳо нагузоред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз нисбати саломатии худ бодиққат бошед. Ҳангоми харид кардани воситаҳои косметикӣ ва доруворӣ фориғболӣ накунед. Инчунин, ҳангоми истеъмоли хӯрок ба маҳсулоти дохили он диққат диҳед. Эҳтимоли заҳролудшавӣ ва бемор шудани узвҳои ҳозимаатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ хабаре мешунавед, ки боиси ба таъхир гузоштани сафар мегардад.
Асад (23 июл-23 август)
Дар ин рӯз роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо месозед, вале дар натиҷа ба вазъияти душворе гирифтор мешавед. Ҳамкорони нав ё пуштибони воломақом пайдо мекунед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ корҳои нотамомро ба анҷом расонед. Аз муноқишаҳое, ки боиси зарар ёфтани касбу кор ва вазъи саломатиятон мегардад, дурӣ ҷӯед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи бобарор аст, имкони ба даст овардани манбаи нави даромадро пайдо мекунед. Ҳангоми рондани мошин ва кор бо асбобҳои барқӣ боэҳтиёт бошед. Хатари ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад, қоидаҳои роҳро риоя намоед. Сунбулаҳое, ки аз саломатӣ шикоят доранд, аз пурхӯриву майнӯшӣ худдорӣ карданашон лозим аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дурудароз андеша накарда, амал намуда ташаббус нишон диҳед. Таҷрибаву малакаи боятон диққати ҳамкорони арзандаро ҷалб месозад. Дар ин рӯз ба маслиҳати касе гӯш надиҳед, танҳо ба қувваи худ умед бандед. Ба саломатии худ бодиққат бошед, парҳезро риоя намуда, бештар оббозӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои рафъи мушкилиҳои пулӣ рӯзи мусоид аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявии худро пайдо мекунед. Мутаассифона, на ҳамаи ақрабҳо чунин имкониятро ба даст меоранд, ғалату камбудиҳои ҳалталаб таъсири худро мерасонанд. Агар вазъиятро ба зудӣ рафъ насозед, дар ҳоли хеле ногуворе қарор мегиред. Вохӯрии тасодуфӣ бо собиқ дӯстдоштаатон нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар қобилиятҳои худро ба назар нагиред, ба доми макру фиреб афтиданатон вуҷуд дорад. Бо нафарони бад ҳамроҳ шуда, ба ғалатҳои зиёде роҳ медиҳед. Табъи худро идора намоед, вагарна то охири рӯз ба вазъиятҳои пурмоҷаро гирифтор мешавед. Нофаҳмиҳои хурд дар ҷодаи муҳаббат боиси ба худ эътимод пайдо карданатон мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шумо хеле нафари одамшинос ҳастед, вале ин истеъдоди зотиятон имрӯз шуморо фиреб мекунад. Бо нафароне ҳамнишин мегардед, ки нияти фиреб кардани шуморо доранд. Хоби дар ин шаб дидаатон баъди чор рӯз амалӣ мегардад. Агар аз пайи ҳавову ҳавас гардед, бисёр чизҳои пурқимати худро аз даст медиҳед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Бо нафароне, ки ҳамкорӣ дореду эътимоди зиёд доред, нағзакак санҷиданатон лозим меояд. Ба нозу нузи шахси дӯстдоштаатон диққат надиҳед, вагарна умре нозбардораш мегардед. Ҳатман парҳезро риоя намуда аз хӯрдани ширинӣ ва хӯрокҳои хамирӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирузӣ барвақттар ба ҷогаҳи хоб дароед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи душвор аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, аз шумо қувваву неруи зиёд талаб мекунад. Эҳтимоли асабоният ва камқувват шуданатон зиёд аст. Хавотирӣ ва худро ба даст гирифта натавонистанатон вазъиятро чигилтар месозад. Барои аз вазъияти баамаломада берун шудан кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд.