Ҳамал
Рӯзи бобарор аст. Қувваи пайдошударо барои кори ҷисмонӣ равона созед, вагарна нерӯи зиёд боиси рафтору гуфтори дуруштонаи шумо мегардад. Хусусан нисбати дӯстдоштаи худ дағалӣ карданатон имконпазир аст. Агар душвориҳоро паси сар карда тавонед, ба комёбиҳои зиёд ноил мегардед. Нисбати бемориҳо ҷисматон тобовар аст.
Савр
Дар ин рӯз сарфи зиёд мекунед, эҳтимол қарзҳоро баргардониданатон лозим меояд. Барои ба чунин ҳолат гирифтор шудан худатон гунаҳкор ҳастед. Агар имкони баргардонидани қарзро дошта бошед, минбаъд аз ғурбат халос мешавед. Нафароне ки бо варзиш машғуланд, дар ин рӯз аз корҳои вазнин худдорӣ карданашон беҳтар аст.
Ҷавзо
Бо беаҳамиятӣ наздикони худро наранҷонед. Нисбати шарикони нави корӣ бодиққат бошед. Ба нафароне, ки ваъдаи зиёд медиҳанд, бовар накунед. Агар аз шахси дӯстдоштаатон норозӣ бошед, саросема шуда аз ӯ ҷудо нашавед, рӯзҳои наздик хатояшро дарк намуда, ислоҳ мегардад.
Саратон
Рӯзи бобаракат аст, тамоми супоришҳои роҳбариятро ба анҷом мерасонед. Агар нияти таъмир ё фурӯши хонаро дошта бошед, беҳтараш ба вақти дигар гузоред. Беҳтараш бо мустаҳкам сохтани масунияти худ машғул шавед. Ба мулоқоти ошиқона рафтанро маслиҳат намедиҳем.
Асад
Дар ин давра диққати худро ба корҳои майда-чуйда равона насозед, беҳтараш кори муҳимро иҷро кунед. Ба эҳсосот дода нашавед, ба тамоми мушкилиҳо боандеша назар намоед. Барои нафароне ки дар ин рӯз маъракаи ақди никоҳ ё тӯйи арӯсӣ доранд, рӯзи бобарор фаро мерасад.
Сунбула
Барои корҳое, ки таъҷилӣ нестанд, пул сарф накунед. Аз баҳсу муноқишаҳо дурӣ ҷӯед. Барои харид кардану бозорравӣ рӯзи мусоид аст. Қарз додану қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Агар имкони мусоидро аз даст надиҳед, мушкилиҳои дар касбу коратон сарзадаро рафъ карда метавонед.
Мизон
Ташвишу изтиробе, ки бо фаъолияти касбиятон алоқамандӣ дорад, бо истироҳати бофароғат рафъ карда метавонед. Нисбати наздикони худ сабукфикрӣ накунед. Бо рафтори худ ё ҳарфи беандеша нафареро фиреб карда метавонед. Баъди нисфирӯзӣ ба ҳаммом рафта, сабук мешавед.
Ақраб
Ба ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳад, сари вақт диққат доданатон лозим аст. Барои он ки ҳамкоронро аз худ дур насозед, нисбати онҳо дағалӣ накунед. Сирру асори зиндагиятон аз даҳон ба даҳон мегардад. Агар кӣ будани нафари овоза мекардагиро пайдо намоед, ба суҳбати рӯ ба рӯ даъват кунед.
Қавс
Ҳангоми сари қароре омадан ба ҳақ будани худ шубҳа накунед. Ба маслиҳати нафароне, ки бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсӣ дурӯғ мегӯянд, гӯш надиҳед. Дар ҷодаи муҳаббат тамоми мушкили дӯстдоштаи худро рафъ намуда, руҳи ёратон болида мегардад.
Ҷаддӣ
Дар ин рӯз на ҳамаи атрофиён нисбати шумо боилтифот мегарданд. Нафароне ҳастанд, ки шуморо ба доми фиреби худ афкандан мехоҳанд. Ба атрофиёни худ диққат дода, сири дилатонро ҳатто ба дӯсти наздиктарин фош насозед. Бемориву ҷароҳат имкон надорад, вале эҳтиёт буданатон шарт аст.
Далв
Дар ин рӯз ақидаи худро ба нафаре, ки як умр ҳамфикр мешуморидед, расонида наметавонед. Аз суҳбатҳои беҳуда, баҳсу муноқиша эҳтиёт шавед. Танҳоиву руҳафтодагӣ зеби чунин инсони хушгилро надорад. Баъди нисфирӯзӣ нағзакак истироҳат намоед.
Ҳут
Камбудиҳои ночизе, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, зуд мегузаранд. Дар муносибат бо наздикон ба макру ҳилла роҳ надиҳед, самимона рафтор кунед. Агар вазни зиёдатӣ дошта бошед, бегоҳирӯзӣ ба золи варзишӣ равед. Ошиқонро лозим аст, ки ба эҳсосот дода нашаванд, вагарна дӯстдоштаи худро меранҷонанд.