Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи хубест барои харид кардану таъмири хона. Орзуву ниятҳоятонро амалӣ месозед. Худро аз ҳад зиёд хаста накунед, вагарна ба саломатиятон таъсири манфӣ мерасад. Мушкилиҳои дар ин рӯз ба саратон омадаро дар танҳоӣ рафъ карда наметавонед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.
Савр (21 апрел-20 май)
Барои анҷом додани корҳои муштарак рӯзи хуб аст. Бегоҳирӯзӣ тамоми имкониятҳоро барои беҳтар сохтани ҳаёти шахсӣ истифода баред. Ба вазъи молиявиатон нигоҳ карда, хароҷотро ба нақша гиред. Барои он ки бо дӯстдоштаатон муносибатҳоятон вайрон нагардад, дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Тақдир бори дигар бароятон санҷишу имтиҳон пеш меорад. Масъалаҳои молиявиатон ба таври бояду шояд амалӣ намегарданд. Бемории тасодуфӣ нақшаҳои пештараатонро халалдор месозад. Ба нафарони бевиҷдон бовар карда, ҳам маблағро аз даст медиҳеду ҳам асабҳоятон хароб мегарданд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои оғози кори нав рӯзи бобарор нест ва дар муносибатҳои шахсиву оилавӣ мушкилиҳо имкон доранд. Кӯшиш намоед, ки муносибататон бо роҳбарияти коргоҳ вайрон нашавад. Имкони беҳтар сохтани вазъи саломатӣ пеш меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест. Маблағи дар даст доштаро беҳуда сарф мекунед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи санҷишу ташвишу изтироб аст. Танҳо оромиро пеша намуда, бурд мекунед. Ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки боиси асабоният ва қаҳру ғазаби шумо мегарданд. Ҳатто камтарин ҷанҷол бо нафароне, ки дӯсташон медоред, боиси муноқишаи калон ва ҳатто ҷудоӣ мегардад. Сарфакорӣ шуморо аз мушкилиҳо эмин медорад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи тавбаву надомат ва бахшиши гуноҳҳост. Кинаву адоватро аз дил дур намуда, болидарӯҳ мегардед. Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, ба дағалӣ роҳ надиҳед. Тамоми имкониятҳоро барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ истифода баред. Дар ин рӯз даромади иловагӣ ба даст оварданатон душвор аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муносибатҳои шахсӣ ва оилавӣ душвориҳо пеш меоянд. Тақдир бори дигар шуморо имтиҳон мекунад. Ба доираи шахсони бевиҷдон афтиданатон имкон дорад. Хароҷоти ногаҳонӣ набояд табъатонро хира созад. Дар ҳама ҳолат наздикон ва дӯстдоштаи худро бо меҳру муҳаббат фаро гиред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ақрабҳо имрӯз дар масъалаҳои молиявӣ набояд сабукандешӣ кунанд. Ҳамагуна тағйирот оқибати ногувор меорад. Бонувон гирифтори асабхаробӣ мешаванд. Як ҳарфи ноҷо боиси вайрон шудани муносибат бо дӯстдоштаатон мегардад ва ҳатто кор ба ҷудоӣ мерасад. Ба сигор дил бастанро маслиҳат намедиҳем.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бо шахсе вомехӯред, ки дар дилу дидаатон ҷо мегирад. Шумо кайҳо боз дар ҷустуҷӯйи шахси аҷибу хушчақ-чақ будед. Хушбахтии худро овоза накунед. Хонаву дари худро аз ифлосиҳо тоза кунед, вагарна бетартибӣ асабатонро хароб месозад. Дар табобати бемориҳо аз ҳад зиёд аз дорувориҳоро истифода набаред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳама кор ботаҳаммул, бодиққат ва оқил бошед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон имкон дорад. Аз робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар гузоред. Маблағи дар киса доштаатонро сарфакорона истифода баред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи душвор аст, ташвишу ӯҳдадориҳоятон зиёд мегарданд. Бо одамони ношинос муноқиша кардану рух додани сӯхтор ё вохӯрӣ бо душманатон имкон дорад. Шом омадани меҳмонон ё хешовандон шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Барои рафъ намудани муноқиша бо ҳамсари худ сабр ва одоби муоширатро риоя намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Қабл аз кореро кардану ҳарферо ба забон овардан нағзакак андеша намоед. Мушкилиҳои зиёде, ки ба сари шумо меоянд, бо сабаби худро идора карда натавонистанатон рух медиҳанд. Хусусан, муносибатҳои ошиқонаатон маҳз бо сабаби гуфтори беандеша нохуб мегардад. Агар як хобро ду бор бинед, он амалӣ мешавад.