Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ҳисси ботинии шумо хеле қавӣ мешавад ва ба шумо имкон медиҳад, ки эҳсосу хоҳишҳои шахси дӯстдоштаатонро беҳтар дарк кунед. Кӯшиш намоед вақти бештарро бо ӯ гузаронед, зеро ин ба рӯҳия ва кайфияти шумо таъсири мусбат мерасонад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз хароҷоту муомилаҳои калони пулӣ худдорӣ кунед. Асабҳои худро эҳтиёт намоед ва ҳар суханро ба дил нагиред.
Савр (21 апрел-21 май)
Агар дар муносибатҳои ошиқонаи шумо мушкилоте вуҷуд дошта бошад, каме фосила гирифтан метавонад барои дарк кардани эҳсосоти воқеӣ кумак кунад. Эҳтимол масъалаҳои марбут ба манзил ё муносибат бо хешовандони ҳамсар боиси баҳсу нофаҳмӣ гарданд. Суҳбати ҷиддӣ дар пеш аст, аммо шумо онро бо муваффақият паси сар хоҳед кард. Барои амалӣ кардани нақшаҳои нав фаъолтар бошед ва доираи шиносону робитаҳои муфидро васеъ намоед. Хароҷоти молиявӣ дар назар аст, вале ба зудӣ имкони амалӣ шудани яке аз орзуҳои деринаатон пайдо мешавад. Ба саломатӣ ва фишори хун диққати бештар диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз сухан ё рафтори яке аз наздикон метавонад хотири шуморо озурда созад. Дар чунин ҳолат машғул шудан ба кори дӯстдоштаатон ба шумо оромӣ мебахшад. Барои расидан ба ҳадафҳои худ бояд бештар заҳмат кашед, аммо натиҷаҳо ҳамаи талошҳоро ҷуброн хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки корҳои ҷамъшуда ва дермондаро анҷом диҳед. Аз таваккалҳои беасос ва муомилаҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед. Барои ором нигоҳ доштани асабҳо сигор ва нӯшокиҳои дорои кофеинро камтар истеъмол намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳаёти шахсии шумо рӯйдоди хуше ба амал омада метавонад. Эҳтимол бо шахсе вохӯред, ки нисбат ба шумо меҳрубон ва ғамхор бошад. Дар баробари ин, баъзе муносибатҳо ниёз ба бознигарӣ доранд. Рӯз бештар бо мулоқотҳо ва муошират сипарӣ мешавад. Агар барои харид равед, беҳтараш ҳамроҳи шахси наздик бошед, то аз хароҷоти нолозим пешгирӣ кунед. Имрӯз барои муоинаи тиббӣ ва пешгирии бемориҳо вақти хеле муносиб аст.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз бештар ба зиндагии шахсии худ аҳамият диҳед ва баъзе корҳои дигарро ба вақти дигар гузоред. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон эҳтимоли пайдо шудани нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, ҳатто агар барои созиш омода бошед. Кам шудани нерӯ метавонад боиси хастагӣ ва парешонхотирӣ гардад. Барои қабули қарорҳои муҳим рӯзи чандон мувофиқ нест. Дар кор ба вазифаҳое диққат диҳед, ки натиҷаи воқеӣ ва судманд медиҳанд. Барои нигоҳ доштани нерӯ аз стресс ва пурхӯрӣ худдорӣ намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз ба ҷузъиёти хурд бештар аҳамият диҳед. Ба паёмҳо сари вақт ҷавоб диҳед, ба наздикон занг занед ва эҳсосоти худро пинҳон насозед. Муҳити гарму ороми хона барои мустаҳкам шудани муносибатҳо мусоидат мекунад. Шумо имкони баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи худро дар оила ё ҷойи кор пайдо мекунед. Аз фишори равонӣ дурӣ ҷӯед, зеро он метавонад сабаби дарди сар гардад. Бо сабру нақша амал кунед, то дигарон аз рафтори тунди шумо наранҷанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯз барои мулоқотҳои ошиқона ва ҷалби таваҷҷуҳи шахси писандида бисёр мусоид аст. Зиракӣ ва тафаккури эҷодии шумо барои ҳалли масъалаҳои душвор кумак хоҳанд кард. Аммо аз ишқбозиҳои булҳавасона худдорӣ намоед, зеро ин метавонад эътимоди шахси дӯстдоштаатонро коста гардонад. Дар кор роҳбарият фаъолияти шуморо бодиққат назорат мекунад, бинобар ин интизомро риоя кунед. Сайругашт дар ҳавои тоза ба саломатӣ ва рӯҳияи шумо таъсири хуб мерасонад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шахси наздик имрӯз масъалаи муҳимеро матраҳ мекунад, ки бояд ҳарчи зудтар ҳал шавад. Ин рӯз барои мустаҳкам намудани муносибатҳо ва нишон додани меҳру ғамхорӣ хеле мувофиқ аст. Аз баҳсу муноқишаҳо канорагирӣ намуда, роҳи созишро интихоб кунед. Ҳангоми иҷрои корҳо бештар ба виҷдон ва масъулиятшиносии худ такя намоед. Эҳтимол касе кӯшиш мекунад шуморо ба кори шубҳанок ҷалб намояд, бинобар ин ҳушёр бошед. Барои оғоз кардани табобат ё гузаштани муоинаи тиббӣ рӯзи хуб аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз барои вохӯриҳо, гуфтушунидҳо ва чорабиниҳои фароғатӣ рӯзи мусоид аст. Агар бо ҳамсар ё шахси дӯстдоштаатон ба меҳмонӣ равед, ба ӯ таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намоед. Хислати роҳбарии худро аз ҳад зиёд нишон надиҳед, вагарна нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Барои ба даст овардани муваффақият меҳнати пайваста зарур аст. Хароҷоти ногаҳонӣ метавонанд нақшаҳои шуморо тағйир диҳанд, бинобар ин маблағи эҳтиётӣ нигоҳ доред. Нерӯ ва фаъолиятнокии шумо имрӯз барои оғоз кардани корҳои нав хеле муфид хоҳад буд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз имкони ҷалби таваҷҷуҳи шахси дилхоҳатон зиёд аст. Афроди муҷаррад метавонанд шиносоии ҷолиб ва умедбахшро оғоз намоянд. Хабари ногаҳонӣ эҳтимол нақшаҳои шуморо дигаргун кунад, бинобар ин оромӣ ва хирадмандии худро нигоҳ доред. Барои мусоҳиба ё гуфтушунидҳои муҳими корӣ рӯзи чандон муносиб нест. Ба рушди шахсӣ ва такмили дониш ва малакаҳои худ аҳамияти бештар диҳед. Агар худро ғамгин эҳсос кунед, сабаби онро пеш аз ҳама дар эҳсосоти дохилии худ ҷустуҷӯ намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи хушест, ки метавонад дар зиндагии шумо тағйироти ғайричашмдошт, вале мусбат ба вуҷуд оварад. Ба имкониятҳои нав бовар кунед ва аз онҳо истифода баред. Барои шахсони оиладор каме вақти танҳоӣ ва фазои шахсӣ метавонад ба муносибатҳо фоида расонад. Илҳом ва нерӯи тоза ба шумо барои ҳалли мушкилот кумак мекунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва аз харидҳои калон ё шубҳанок худдорӣ намоед. Имрӯз имкониятҳои хуб зиёданд, аммо қувваи худро аз ҳад зиёд сарф накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз аз шахси писандидаатон интизори вокуниши гарму самимии фаврӣ набошед. Беҳтараш оромиро нигоҳ доред ва аз якравӣ худдорӣ намоед. Дар ҳама кор бодиққат ва ҳушёр бошед. Сафарҳои хизматӣ, гуфтушунидҳо, курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои шумо натиҷаҳои хуб хоҳанд овард. Вазъи молиявӣ метавонад беҳтар шавад, аммо хароҷоти ғайричашмдошт қисми зиёди даромадро талаб мекунад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба истироҳати кофӣ ва машқҳои нафаскашӣ аҳамият диҳед.