Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз агар худро хаста ё ноором ҳис кунед, бо наздикон маслиҳат кунед. Энергияи худро ба ободонии хона равона созед, зеро ҳатто тағйири хурд натиҷаи хуб медиҳад. Рӯз барои кори дастаҷамъона мувофиқ аст. Аз хатар ва хароҷоти калон худдорӣ намоед. Саломатӣ устувор аст, ғизои тару тоза истеъмол кунед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз ҳатто миёни одамони наздик нофаҳмӣ ба вуҷуд омада метавонад. Агар чунин ҳолат рух диҳад, кӯшиш кунед ҳарчи зудтар оштӣ намоед. Дили худро ба шахси азиз кушодан муҳим аст, ҳарчанд ин кор осон нест. Муваффақият ба шумо хеле наздик аст, аммо қадамҳои ҷиддӣ талаб мекунад. Харидҳоро боандеша анҷом диҳед. Хешовандон метавонанд дар беҳтар шудани вазъи молӣ ёрӣ расонанд. Барвақт хеста, каме варзиш кунед, натиҷа зуд эҳсос мешавад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Шиносоии нав дар ин рӯз метавонад эҳсосоти шуморо ноором созад. Бо вуҷуди ин, рӯҳафтода нашавед. Хароҷотро кам кунед, то барои истироҳат ё саёҳат маблағ ҷамъ намоед. Дар касбу кор роҳи ҳалли масъалаи душворро меёбед, агар ба ҳисси дарунӣ ва эҷодкорӣ такя кунед. Ба ғизо аҳамият диҳед, парҳези сабук барои шумо фоидаовар аст.
Саратон (21 июн-22 июл)
Дар ҳаёти шумо марҳилаи нав оғоз меёбад. Вақти раҳо шудан аз гузашта ва боз кардани дари имкониятҳои нав фаро расидааст. Рӯз барои ҳал кардани масъалаҳои душвор бисёр мувофиқ аст. Дар оила эҳсосоти худро боэҳтиёт баён кунед, то баҳс ба муноқиша нарасад. Дар масъалаҳои молӣ бодиққат бошед, хароҷоти ногаҳониро кам кунед. Агар нияти кам кардани вазн дошта бошед, ғизои солим интихоб намоед, худро сахт маҳдуд насозед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз эҳтимоли фишори равонӣ вуҷуд дорад, аммо оромии худро нигоҳ доред. Эҳсосоти худро бо самимият баён кунед ва дар ҳолати зарурӣ аз наздикон кумак пурсед. Эҳтимоли даромади иловагӣ вуҷуд дорад, онро боақлона истифода баред. Ба нақшаҳои молӣ диққат диҳед. Рӯз барои нигоҳубини зоҳирӣ, бахусус мӯй ва саломатии умумӣ хеле мувофиқ аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз эҳсосоти шахсии шумо шояд ба таври пурра ба назар гирифта нашаванд, бинобар ин шитоб накунед. Рӯз имконият медиҳад, ки камбудиҳои гузашта ислоҳ шаванд, махсусан дар корҳои гурӯҳӣ. Агар чора наандешед, мушкилоти молӣ метавонад тӯлонӣ гардад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, бахусус ҳолати дилу рагҳоро нодида нагиред. Истироҳати саривақтӣ барои шумо бисёр муҳим аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз танҳо мондан барои шумо мувофиқ нест. Кӯшиш кунед дар миёни одамон бошед, рӯҳияи хуб гиред ва қобилияти муоширати худро нишон диҳед. Ба худ ва наздикон лаҳзаҳои истироҳат бахшед. Эҳтиёт шавед, зеро овоза ва суханҳои беҳуда метавонанд ба гӯш расанд. Имкони беҳтар кардани вазъи молӣ вуҷуд дорад. Ба саломатӣ диққат диҳед, аз хастагии ҷисмонӣ ва асабӣ худдорӣ намоед, махсусан ҳангоми корҳои хатарнок.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз эҳтимол ба ҳасади беасос дучор шавед, ки боиси нофаҳмӣ мегардад. Аз ҳуқуқи худ дифоъ кунед. Нофаҳмӣ дар муносибатҳо тадриҷан кам мешавад. Рӯз пур аз рӯйдодҳои ногаҳонист, онҳоро ором қабул намоед. Барои соҳибкорон сармоягузорӣ тавсия намешавад, беҳтараш ба нақшакашӣ машғул шавед. Эҳтимоли чарх задани сар ё сустӣ вуҷуд дорад, аз стресс дурӣ ҷӯед ва барои барқарор кардани қувва вақт ҷудо кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз дар бораи ҳамсаратон чизҳои нав мефаҳмед ва баъзе гумонҳоятон тасдиқ мешаванд. Барои нигоҳ доштани оромии оила ба наздикон нишон диҳед, ки онҳо дар ҷои авваланд. Қобилияти муоширати шумо афзоиш меёбад ва ин барои барқарор кардани робитаҳои муҳим мусоидат мекунад. Аз бозӣ ва таваккали беҳуда худдорӣ намоед. Рӯз барои истироҳати ором мувофиқ аст. Қувваи худро ҳифз кунед, зеро фурсати фаъолият ҳанӯз дар пеш аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз эҳтимоли эътирофи ишқ ва ошкор шудани эҳсосоти пинҳонӣ вуҷуд дорад. Қобилияти эҷодии шумо боло меравад, аз он барои тарҳи нав ё ободонии хона истифода баред. Рӯзи корӣ ором мегузарад ва барои нақшакашӣ ё харидҳои хурд мувофиқ аст. Дар масъалаи маблағ бодиққат бошед, зеро хароҷоти беандеша метавонад мушкил эҷод кунад. Шумо хоҳиши тағйири ҷиддӣ дар зиндагӣ ва ҳатто дар намуди зоҳирии худ эҳсос мекунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Рӯз пур аз эҳсосот аст, аммо идора кардани онҳо пурра дар дасти шумост. Нимаи дуюми рӯз барои варзиш ва истироҳати фаъол мувофиқ аст, шомро бо наздикон гузаронед. Дар кор имконият доред, ки қобилиятҳои худро нишон диҳед. Бо вуҷуди ин, оғоз кардани лоиҳаҳои нав тавсия намешавад. Беҳтараш ба корҳои писандида машғул шавед. Ба саломатӣ диққат диҳед, эҳтимоли ҳасад, туҳмат ё нофаҳмӣ дар муносибатҳо вуҷуд дорад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз имкони шиносоии муҳими ошиқона вуҷуд дорад, ҳатто дар ҷойҳое, ки ҳар рӯз меравед. Ба наздикон бештар вақт ҷудо кунед, зеро онҳо ба таваҷҷуҳи шумо ниёз доранд. Муваффақият танҳо бо меҳнати пайваста ба даст меояд, на бо бахти тасодуфӣ. Барои амалӣ кардани нақшаҳо муносибат ба атрофиёнро бозбинӣ кунед. Даромади молӣ ба одамони сабур ва меҳнатдӯст мерасад. Аз кори иловагӣ даст накашед. Варзиш ба шумо қувва ва рӯҳбаландӣ мебахшад.