Ҳамал (21 март-20 апрел)
Аввали рӯз ҳодисаҳои ногаҳоние имкон доранд, ки на ҳамаашон табъи дили шумо амалӣ мегарданд. Саломатии нафарони калонсол дар ин рӯз нохуб мегардад. Ба коре, ки боиси рашки ҳамсар ё шахси дӯстдоштаатон мегардад, даст назанед. Ҳамалҳои муҷаррад имрӯз дар интихоби бахт ғалат намекунанд.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз на танҳо шодиву нишот, балки ногувориҳо низ ба саратон меоянд. Агар танҳо фикри худро кунед, чизҳои муҳиму аҷиби ҳаётатонро аз назар дур месозед. Тамоми фикру зикратон ба мушкилиҳои пулӣ равона мегардад ва нафаре мушкилатонро осон мекунад, ки аз ӯ кӯмакро интизор набудед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо вуҷуди он ки ба ҳақ будани худ бовар доред, ба баҳс роҳ надиҳед, вагарна атрофиёнро бар зидди худ мешӯронед. Аз бадкории душманон эҳтиёт шавед. Аз касе қарз нагиред, мушкилиҳои молиявиро бо қувваи худ рафъ намоед. Дар ин рӯз пайдо шудани беморӣ ё ҷароҳат ёфтан аз пешомади бад гувоҳӣ медиҳад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз чунон ҷозибаатон зиёд мегардад, ки дили ҳар нафарро ба даст оварда метавонед. Нисбати атрофиён серталаб мешавед, вале аз ҳад нагузаронед, вагарна кор бо баҳсу мунозира анҷом меёбад. Ба танқиду бадгӯии атрофиён роҳ надиҳед. Имкони ба даст овардани даромади пулӣ вуҷуд дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Барои он ки дар ҳаёти шахсиятон ба ғалат роҳ надиҳед, ба маслиҳати дӯсти наздикатон гӯш диҳед. Ҳар сухане, ки имрӯз ба забон меоред, аз рӯйи виҷдон гӯед. Бо мошини худ ба сафари берун аз шаҳр набароед. Ҳолатҳои садамавӣ ва ҷарима имкон дорад. Асадҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ошкоро ба он чизе ки доим боиси ғазабатон мегашт, зиддият нишон медиҳед. Наздикон бо маслиҳатҳояшон ҷонбезор мекунанд. Агар маблағи худро ба корҳои шубҳанок сарф кунед, пули калонро аз даст медиҳед. Аз овозаву ғайбат худро дур гиред, ҳар гапе, ки дар ин рӯз мешунавед, чандон ҳақиқат надоранд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Робитаро бо шахсони наздик хубтар созед, рӯзҳои наздик ба кӯмаки эшон ниёз пайдо мекунед. Сарфакор бошед, пулро беҳуда харҷ накунед. Ба баҳсу ғайбат роҳ надиҳед, вагарна ба туҳмат мепечед. Аз ин рӯз сар карда, меҳру муҳаббат ба дилатон лона мегузорад. Барои ба даст овардани пул ба корҳои ғайриқонунӣ даст назанед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Агар вазъи молиявиатон хуб бошад, барои ба даст овардани маблағи пулӣ кӯшиши зиёд ба харҷ надиҳед. Бо ҳамкорон ошкоро муноқиша накунед. Дар оилаатон муноқиша рух медиҳад ё бадкирдории душманон имкон дорад. Рафтори ноҷои ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон шуморо ба ғазаб меорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи душвор аст, дар ҳама кор ҳушёриро пеша намоед. Табъи дили худ амал накунед, ба маслиҳати нафароне, ки эътимод доред, гӯш андозед. Ба шахсе, ки дӯсташ медоред, дар ин рӯз дарди дил накунед. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли нотоб шуданатон имкон дорад. Сайру гашт дар ҳавои тоза ба фоидаи шумо хоҳад буд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна хариди калон карда, кисаатонро холӣ мекунед. Дар вазъияте, ки байни шумову ҳамкоронатон ба амал меояд, бо ҳозирҷавобӣ бурд мекунед. Аз хӯрокҳои равғанину шӯр худдорӣ намоед, хусусан, агар меъдаву ҷигари бемор дошта бошед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз нобарории ҷиддие ба саратон меояд. Эҳтимол, мушкилӣ таърихи қадима дорад ва имрӯз баногаҳ рӯ мезанад. Душвориҳоро сабурона таҳаммул намоед, як қадами ноҷо ба ҳаёти минбаъдаатон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар хоб дидани сафедӣ аз вохӯрии ошиқона ё хабари хуш дарак медиҳад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Мушкилиҳои оилавӣ ё шахсӣ мисли пештара тамоми вақти шуморо фаро мегиранд. Қадами боандеша гузоштаатон тамоми нобарориҳоро рафъ месозад. Хабари нохуше, ки дар ин рӯз мешунавед, асабатонро ба куллӣ хароб месозад. Агар оиладор шудан хоҳед, ба маслиҳати касе гӯш надиҳед ва ба фикри худ кор кунед.