arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
2399

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба пул сахт дил набандед. Агар нисбати шахси наздикатон дағалӣ зоҳир намоед, дар ҷавоб ба қаҳру ғазаб гирифтор мешавед. Дӯстдоштаи худро бо тамоми камбудиҳояш қабул намоед. Ҳамалҳое, ки гирифтори хиёнат мегарданд, дучори асабхаробӣ ва рӯҳафтодагӣ мешаванд. Ба ҳар кас бовар накунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯста, беҳтараш дар танҳоӣ сайругашт кунед. Аз ғайбату бадгӯӣ эҳтиёт шавед. Нафаре боз дар фикри бадии шумо аст. Ҳангоми чизеро ваъда додан бодиққат бошед. Мардҳо пешниҳоди нави корӣ мегиранд. Барои розигии худро додан нағзакак андеша карданашон лозим меояд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз муносибатҳои худро бо дӯстон хуб нигоҳ дошта, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Аз ҷониби нафаре, ки интизор набудед, кӯмак мегиред. Дар ҷодаи муҳаббат макру фиреб эҳтимол дорад, аз ин рӯ, сабур бошед. Хариди ногаҳонӣ ё сарфи пул имкон дорад. Худро аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо наздикони худ муноқиша мекунед. Агар аз онҳо кӯмак мехоста бошед, айни замон ба саховатмандияшон умед набандед. Вазъияти душвореро, ки дар ҳаёти шахсиятон сар мезанад, бо кӯмаки дӯсти наздик рафъ месозед. Хабари нохуш боиси вайрон гаштани муносибат бо ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи фиреб аст. Мушкилот дар касбу кор рафторатонро бо атрофиён тағйир медиҳад. Хабару навигариҳоро бо душворӣ таҳаммул мекунед. Қаҳру ғазаби худро ба сари нафарони бегуноҳ нарезед, вагарна обрӯву нуфӯзатон як пул шуда, вазъиятро душвортар месозад. Хариди калонро ба таъхир гузоред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст, бояд аз пештара бештар ӯҳдабаро бошед. Агар имкон дошта бошед, диққати худро ба тиҷорати шахсӣ равона созед. Агар мошин дошта бошед, бо мошини худ ба сафари роҳи дур бароед ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ эҳтиёт шавед. Тамоми кӯшишу диққати худро ба саломатӣ равона созед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намоед, хусусан, дар масъалаҳои молиявӣ. Дар ҷодаи муҳаббат ба роҳи макру фиреб наравед ва заифӣ накунед. Муносибатҳои худро бо дӯстони ранҷидаатон барқарор месозед. Ба муноқишаву низоъ роҳ надиҳеду гузашт кунед, он гоҳ нофаҳмиҳо рафъ мегарданд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз аз рӯи сенарияи пешакӣ тарҳрезишуда зистанатон лозим меояд. Эҳтимоли гум кардани пулҳоятон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, ҳушёриро пеша намоед. Сабукандешӣ ва сабукрафторӣ ба ҳаёти шахсиятон таъсири манфӣ мерасонад. Ба эҳсосот дода нашавед ва дар ҳама ҳолат худро ба даст гиред.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар мадди аввал бояд ғами саломатии худро хӯрда, баъдан аз пайи дигар корҳоятон шавед. Агар витамин истеъмол карда, аз гармохунукшавӣ эҳтиёт шавед, бемориҳоро пешгирӣ карда метавонед. Дар роҳ эҳтиёт шавед ва аз ҷонварони кӯчагӣ худро дур гиред. Шамол хӯрданатон имкон дорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба ҳаёти худ макру фиребро ворид насозед, вагарна он доғи сиёҳе, ки дар шаъну шарафатон пайдо мешавад, ба зудӣ шуста намешавад. Маблағи худро баҳудаву беҳуда сарф накунед, хусусан, агар вазъи молиятон бад бошад. Ҷаддиҳои оиладоре, ки ба муносибатҳои ошиқона роҳ медиҳанд, сиррашон фош мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз шумо дар хона нишаста, бо кори дигар машғул шудан намехоҳед. Тақдир шуморо бо нафаре рӯ ба рӯ месозаду дӯсти вафодор пайдо мекунед. Мушкилиҳои молиявиатон ба зудӣ рафъ намегарданд. Аз бадхоҳии душманон эҳтиёт шавед. Дар масъалаи саломатӣ ҳушёриро аз даст надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надода, дар корҳои майда-чӯйда бодиққат бошед. Дағалӣ нисбати дӯстдошта ё ҳамсафари ҳаётӣ боиси моҷаро мегардад. Асабонияту нобоварӣ бошад, вазъиятро душвортар месозад. Аз муноқиша худдорӣ намуда, роҳҳои оштишавиро ҷӯед. Аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД