arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024
2229

Толеъномаи 10 январ

Ҳамал

Дар ин рӯз бо атрофиён муноқишаву низоъ накунед, вагарна на танҳо гапатон мегурезад, балки ҳарфу суханони қабеҳ мешунавед. Бештар меҳнат кунеду нақшаҳои пешинаро дар амал татбиқ намоед. Бегоҳирӯзӣ меҳмонони нохондаро интизор бошед.

 

Савр

Тамоми рӯз дар фикри сарф кардани пул ё захира намудан андеша карда, чӣ кор карданатонро намедонед. Агар сари қароре омада натавонед, беҳтараш аз дӯсти наздикатон маслиҳат пурсед. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ дошта, нафсро лаҷом занед.

 

Ҷавзо

Шумо бояд ба атрофиёни худ нағзакак зеҳн монед. Аз эҳтимол дур нест, ки дар байни шиносҳоятон шахси барои худ азизро пайдо менамоед. Табобати бемориҳои музмин ва амалиётҳои пешгирикунандаи бемориҳо натиҷабахш мегарданд.

 

Саратон

Дар ин рӯз ҳодисаҳои зиёди фаромӯшнашаванда дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳанд. Дар оилаатон тифли нав ба дунё омада ё соҳиби мерос мегардед. Рафту вазифаи баландеро пешниҳод кунанд, онро рад накунед. Бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед.

 

Асад

Дар ин рӯз дар байни дӯстону шиносҳоятон худро як сару гардан боло эҳсос мекунед. Аксарият аз чунин мавқеи хуб доштанатон бо чашми ҳасад менигаранд. Даромади калони пулӣ эҳтимол дорад. Дар ҷодаи муҳаббат ягон навигарӣ дида намешавад.

 

Сунбула

Дар ин рӯз бо шахси бароятон наздик ба сафар мебароед. Азбаски ин сафари деринтизори шумо аст, касеву чизе наметавонад табъи хушатонро озурда гардонад. Мушкилоти молиявиро ба дӯши дигарон бор накунед. Барои рафъи бемадорӣ шаб барвақт хоб равед.

 

Мизон

Рӯзи пур аз рӯйдод аст, аз серкорӣ вақти сархорӣ намеёбед. Шуморо ба маъракаи калоне даъват мекунанд. Бо вуҷуди нақшаҳои дигар доштанатон, аз маърака қафо намонед. Қобилиятҳои эҷодии худро нишон дода, пеши роҳи коратонро мекушоед.

 

Ақраб

Нақшаву ниятҳое, ки кайҳо аз баҳраш баромада будед, дар ҳамин рӯз амалӣ мешаванд. Дар ҷойи кор барои меҳнати хуб мукофотпулӣ мегиред. Дар ин рӯз ҳам изҳори муҳаббат мекунеду ҳам барои ба даст овардани дили шахси писандидаатон кӯшиш ба харҷ медиҳед.

 

Қавс

Ҳар қадаре қавс барои худ кори бонуфуз пайдо намояд, ҳамон андоза зудтар ба мақсад мерасад. Бо корҳои муқаррарӣ машғул шудан ба дилатон задааст. Барои тағйир додани ҳаёти шахсӣ рӯзи созгор аст. Дар роҳ шиносоии тақдирсозе рух медиҳад.

 

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз мурғи илҳоматон ба парвоз меояд. Куҳро зада талқон карда метавонед, вале мушкилиҳои молиявие пеш меоянд, ки ба зудӣ бояд рафъ намоед. Рӯзи мусоидест барои бастани ақди никоҳ ва сафарҳои хидматӣ. Бегоҳирӯзиро ба шуғли дӯстдошта ё сайругашт бахшед.

 

Далв

Тамоми қувваи худро ба кор бубахшед, хусусан агар коратон бо эҷодиёт алоқаманду аҷиб бошад. Дар оилаатон бо сабаби норасоии пул муноқиша ба амал меояд. Ҳамсаратон шуморо дар корчаллон набуданатон гунаҳкор месозад, вале комилан ғалат мекунад.

 

Ҳут

Дар ин рӯз ҷозибаатон чунон зиёд мегардад, ки беш аз 10 шиноси нав пайдо мекунед. Агар ҳавои офтобӣ бошад, беҳтараш рӯзро дар берун гузаронед. Дар муносибатҳои ошиқона аз ҳади эътидол нагузаронед. Ба касе дарди дил накунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД