Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз қабл аз он ки ба мағозаву бозор меравед, рӯйхати чизҳои даркориро тартиб диҳед. Ба ҷои сарфи беҳудаи пул, беҳтараш муносибатҳоятонро бо атрофиён хубтар ба роҳ монед. Нафаре кӯшиши ҷанг андохтани шумову шахси дӯстдоштаатонро мекунад, вале шумо ба садои қалби худ гӯш андозед.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи ниҳоят серташвиш аст. Агар дар касбу кор тағйирот ворид карданӣ бошед, инро ба таъхир нагузоред. Вохӯрӣ бо дӯстон ва наздикон хушнудии зиёд ато мекунад. Барои он ки вазъи саломатиатон бад нагардад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Барои бо нафаре муноқиша кардан ва рафъ намудани нофаҳмиҳо рӯзи созгор нест. Бо кӯмаки ҳамкорон ба муваффақияти молиявӣ ноил мегардед. Нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, меҳрубону ғамхор бошед. Барои расидан ба муваффақият, оромӣ ва сабру таҳаммул доштанатон лозим аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз зудбоварӣ ва одамгурезӣ накунед, вагарна дучори мушкилиҳо дар ҷойи кор ва оила мегардед. Баъди нисфирӯзӣ асабиву дарундор гашта, табъатон бештар хира мегардад. Коре карда, ин ҳиссиёти манфиро аз худ дур созед, вагарна нафареро сахт ранҷонида, баъдан пушаймон мешавед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз ба нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Бо вуҷуди муносибати хуб доштани атрофиён, аз ҳад зиёд содадил нашавед. Имрӯз ба нафаре аз нигоҳи аввал ошиқ шуда, бовариатон намеояд, вале беҳуда кӯшиши гурехтанро накунед, зеро ин муҳаббати асил аст. Даромади иловагӣ дар назар аст.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз бонувонро шиносоиҳои наву аҷиб интизор аст. Эҳтимол, ба нафаре дил мебандед, ки бо ҳам дар як ҷо кор мекунед. Мардҳо бояд аз пайи рафъ намудани мушкилоти ҳаёти шахсӣ шаванд. То даме, ки барои хонуми худ тамоми шароитҳоро муҳайё карда наметавонед, аз ӯ талаби бисёр накунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз аз уҳдаи корҳои нав баромада, қарзҳои куҳнаатонро бармегардонед. Ба маслиҳати дӯстон гӯш андозед. Хусусан, дар ҳолатҳое, ки мустақилона аз уҳдаи коре баромада наметавонед, маслиҳати эшон айни муддао мегардад. Барои он ки ба доми ҳаннотон наафтед, тавассути телефон бо касе шинос нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи бобарор аст. Ҳамагуна нақшаву ниятҳоятон давомнок гашта, барои пешравӣ дар касбу кор ё масъалаҳои молиявӣ таҳдевори хуб мегарданд. Барои харид кардан саросема нашавед, зеро хариди кардаатон бебарор ва пулҳоятон ба боди фано мераванд. Хобҳои дидаатон рӯзҳои наздик амалӣ мешаванд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Рӯзи хубу сермаҳсул аст, барои фикрҳои мағшуш вақт пайдо намекунед. Ба гузашта салавот гӯед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Мушкилии асосии рӯз буҳрони шадиди молиявӣ аст. Аксари қавсҳо қарзҳои куҳнаро бармегардонанду боз қарз мегиранд. Аз хароҷоти барзиёд ва хариди калон худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз бо шумо баҳс кардан кори душвор мегардад, зеро нуқтаи назари худро пайгирӣ намуда, дар ҳама масъалаҳо якравӣ зоҳир мекунед. Бо ин сабаб муноқиша ба амал меояд. Тамоми рӯз асабӣ бошед ҳам, кӯшиш намоед, ки ба муноқиша роҳ надиҳед. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор аст.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Ба имкониятҳои нави пулкоркунӣ боэҳтиётона назар кунед. Бо нафароне, ки бароятон азизанд, ба муноқишаву дағалгуфторӣ роҳ надиҳед. Ба дарду ғам ва шодии атрофиён шарик буданатон хислати хуб аст, аз ин рӯ, саховатпешаву самимӣ бошед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ба таваккал роҳ надиҳед. Ба атрофиёни худ бодиққат назар намоед. Эҳтимол, нафароне шуморо иҳота намудаанд, ки некиро аз эшон интизор шудан ғайриимкон аст. Аз доираи ин нафарон мунтазам дур шавед. Хабари ногуворе, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, табъатонро хира мегардонад.