Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ҳаёти шумо шахсе пайдо мешавад, ки метавонад ҷаҳонбиниатонро дигар кунад ва эҳсосоти нав орад. Ин рӯз бо вохӯриҳои ошиқона ва саёҳатҳои шавқовар пур мешавад. Дар корҳои хона эҷодкор бошед, то дилгир нашавед. Баҳс бо роҳбар ё ҳамкорон пешрафтатонро суст карда метавонад. Аз сарфу харҷ эҳтиёт кунед ва пойҳоро аз хастагӣ ҳифз намоед.
Савр (21 апрел-21 май)
Муҳаббат бо ғамхорӣ қавитар мешавад. Агар бо дӯстдоштаатон қаҳрӣ бошед, оштишавӣ наздик аст. Имрӯз корҳои дербоз қафомондаатонро анҷом диҳед, барор бо шумо ҳамсафар аст. Агар эҳсос намоед, ки меҳнататон арзанда несту коратонро қадр намекунанд, ба дигар соҳа рӯ оред. Дар саломатӣ парҳез муҳим аст: кам кардани хӯроки равғанин, ширинӣ ва нӯшокиҳои спиртӣ.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз барои муҳаббат ва оғози марҳилаи нав дар зиндагӣ мувофиқ астт. Шумо таҷрибаи кофӣ доред, ки қарорҳои дуруст қабул кунед, аммо бо наздикон меҳрубон бошед. Ҳасади ҳамкорон метавонад рӯҳатонро озорад, вале роҳбарият шуморо қадр мекунад. Имрӯз мулоқотҳои расмӣ муваффақ хоҳанд шуд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: ҳар нишона метавонад ҷиддӣ бошад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Ба шахси наздикатон ғамхорӣ зоҳир намоед, ӯ ба дастгирӣ ниёз дорад. Сафарҳо ба шумо дониш ва таҷрибаи нав мебахшанд. Ҳарчанд шарики шумо на ҳамеша хоҳишҳоятонро иҷро кунад ҳам, сабр ва бахшиш беҳтарин роҳи муносибат аст. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, нақшаҳои оқилона рӯҳбаландатон мекунанд. Барои беҳдошти саломатӣ истеъмоли қаҳваро кам кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Ба ҳар сухани шахси дӯстдошта аҳамияти зиёд надиҳед, беҳтараш муносибати ошиқонаро ба дӯстӣ табдил диҳед. Рӯз метавонад бо хато дар ҳисобҳо ё баҳс бо наздикон гузарад, бинобар ин ҳушёр бошед. Пас аз нисфирӯзӣ вазъият беҳтар мешавад ва шумо метавонед нақшаҳои калон тартиб диҳед. Пулро оқилона сарф кунед. Ба саломатӣ низ таваҷҷуҳ кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз эҳтимоли вохӯрии нави ошиқона зиёд аст, ки метавонад оғози ишқи ҷолиб гардад. Аз дахолат ба корҳои дигарон худдорӣ намоед, то аз баҳсу нофаҳмиҳо эмин бошед. Дар таҳсил ё кор бо баъзе душвориҳо рӯ ба рӯ мешавед, вале бо сабр онҳоро паси сар мекунед. Муносибат бо ҳамкорон метавонад тағйир ёбад. Барои оромии рӯҳӣ бо шахси наздик суҳбат кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Бо устуворӣ ва садои қалби худ ҳама монеаҳоро паси сар мекунед. Имрӯз барои муҳаббат ва мулоқотҳои ошиқона муносиб аст. Агар бо дӯст ё шарик сафар кунед, таҷрибаи нав меандӯзед. Баъзе нафароне, ки пештар дар касбу коратон кумак карда буданд, метавонанд боз пайдо шаванд, онҳоро дастгирӣ кунед. Дар масъалаҳои пулӣ сабр кунед. Серҳаракатӣ ва варзиш барои саломатӣ муфид хоҳад буд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Бо муносибати оқилона шумо метавонед дили шахси писандидаатонро ба даст оред. Дар равобит ростқавл бошед ва бо наздикон ғамхориро фаромӯш накунед. Рӯз энергияи нав мебахшад ва атрофиён бештар ба шумо ҷалб мешаванд. Хушбахтиро танҳо дар пулу мол ва дороӣ наҷӯед. Дар зиндагӣ арзишҳои болотаре ҳастанд. Дар ғизо муътадил бошед, зеро меъда метавонад нороҳат шавад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ҷодаи ишқу муҳаббат тағйироти ҷиддӣ пеш меояд, мумкин аст вақти издивоҷ расида бошад. Аз ҳад зиёд дақиқкорӣ накунед, то дигаронро озор надиҳед. Имрӯз барои шартномаҳои молиявӣ мувофиқ нест. Ба сари дигарон фармондиҳӣ накунед, он гоҳ муваффақ мешавед. Барои беҳдошти саломатӣ ба парҳез рӯ оваред ва вақти кофӣ барои истироҳат ҷудо намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз таъсири манфӣ дурӣ ҷӯед ва эҳсосоти худро идора намоед. Бегоҳ бо дӯстону оилаатон вақт гузаронед, ин шуморо рӯҳбаланд месозад. Ба интуиция такя кунед, вале имрӯз кори калонро оғоз накунед. Баъзе мушкилиҳои ногаҳонӣ аз шумо сарф кардани пулро талаб мекунанд, аммо ин ба манфиати худатон аст. Барои саломатӣ парҳези сабук ва дурӣ аз машрубот зарур аст.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шумо дар рӯзҳои наздик вохӯриҳои нав ва шиносҳои шавқовар пайдо мекунед. Агар ба меҳру муҳаббат ниёз дошта бошед, ба зудӣ вазъият дигар мешавад. Барои рушди шахсӣ машқҳои оромбахш ва худназораткунӣ муфиданд. Дар масъалаи молиявӣ муваффақият дар пеш аст. Аммо эҳтиёт бошед, давраи пурмасъулият ва серкорӣ аз шумо қувваи зиёде талаб мекунад. Аз хастагӣ худдорӣ намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Муносибатҳои нави ошиқона метавонад бо ноумедӣ ва асабоният анҷом ёбад, бинобар ин эҳтиёткор бошед. Асабонияту қаҳру ғазаб метавонад ба баҳс ва мушкил бирасонад. Дар кор аз шумо суръат талаб мешавад, масъулиятҳоро саривақт иҷро намоед. Имрӯз барои сармоягузорӣ рӯз хуб нест. Барои барқарории қувват аз ғизои вазнин ва машрубот худдорӣ кунед ва барвақт бихобед.