Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ба коре, ки дар он таҷрибаву тасаввурот надароед, даст назанед, вагарна бар замми бепул монданатон хандахариши дӯсту душман мегардед. Барои он ки фишори хунатон ба эътидол ояд, бояд аз ҷойҳои серодаму серғавғо дурӣ ҷӯед. Дар ин рӯз ба одамони ношинос бовар накунед. Аз пайи ошиқатон назорат баред, дурӯғашро фош намоед.
Савр (21 апрел-22 май)
Бо дили пур аз пайи пулкоркунӣ шавед, барор ҳамсафари шумо мегардад. Нисбати дӯстдоштаатон фикри бад накунед, барои дилпур будан ӯро танҳо нагузоред. Бо сабабҳои номаълум ҳаққи хизмати худро дар ин рӯз гирифта наметавонед. Бегоҳирӯзӣ вазъи саломатиятон нохуб мегардад, аз ин хотир ба меҳмонӣ наравед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз ба осонӣ ба доми ҳаннотону фиребгарон меафтед. Масъалаҳои пулии худро бо нафари босавод ҳаллу фасл намоед. Бо мошин ба сафар баромаданро маслиҳат намедиҳем. Ба овозаҳое, ки дар бораи ошиқатон мешунавед, бовар накунед, муҳим он аст, ки шумо ӯро дӯст медоред.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз на танҳо ба кӯмаки дӯстон, балки ба дастгирии хешу ақрабо низ ниёз пайдо мекунед. Агар кори саркардаи шумо маблағи калонро талаб мекарда бошад, ҳангоми имзогузорӣ дар ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Нисбати дӯстдоштаатон танқидро раво набинед, беҳтараш камбудиҳои худро ҷӯед. Хатари шамол хӯрдану рӯ задани бемориҳои инфексионӣ вуҷуд дорад.
Асад (23 июл-23 август)
Аз ҷониби роҳбарият дағаливу танқид шунавед ҳам, дар ҷавоб боодобона посух гӯед. Асадҳои муҷарраде, ки ба наздикӣ ошиқ шудаанд, саросема шуда фикри оиладоршавӣ накунед. Барои он ки дӯсти наздикатон ба душман мубаддал нагардад, ба ӯ қарз надиҳед. Рашки ҳамсаратон табъатонро хира месозад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз маблағи хуб ба даст меоред. Ташаббусро аз даст надода, ба умеди касе нашавед, танҳо ба кӯмаки худ умед бандед. Дӯстону наздикон ба қадри некиҳоятон мерасанд. Дар оилаатон ҳодисае рух медиҳад, ки тамоми нияту нақшаҳоятонро тағйир доданатон лозим меояд. Дарди миёнро бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи пур аз нохушиву нобарориҳост. Ҳодисаҳои нохуш, бемориҳо, ҷароҳат бардоштану аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад. Аз робита бо одамон худдорӣ намоед, бо касе шинос нашавед. Танҳо дар оғӯши шахси дӯстдоштаатон оромиву нишот меёбед. Бо асаби хароб ҷони наздиконро ба лаб меоред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи бе рӯйдод аст. Ба касеву чизе дил набандед. Бо кори даромаднок машғул шавед, ба наздикӣ ба пул эҳтиёҷи сахт пайдо мекунед. Фикри тиҷорати шахсиро накунед, вагарна пули калонро аз даст медиҳед. Бо вуҷуди баъзе ногувориҳо саломатиятон дар ин рӯз бад нест. Аз муошират бо шахси дӯстдоштаатон фишори руҳӣ рафъ мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Хеле рӯзи вазнин аст, ба гардишҳои ногаҳонии қисмат омода бошед. Мустақилона амал кунед, ҳатто маслиҳати шахси бароятон азиз оқибати нохуш ба бор меорад. Саломатиятон нохуб гашта, асабхаробӣ ё ҷароҳати сабук, хастагиву дарди сар эҳтимол дорад. Аз оташ худро дур гирифта, нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол накунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ҳар қадаре муҳаббатро зудтар ба хонаи дил роҳ диҳед, ҳамон андоза хушбахт мегардед. Рӯзи хубест барои изҳори муҳаббат, бастани ақди никоҳ ва тӯйи арӯсӣ. Бо масъалаҳои молиявӣ беҳтараш машғул нашавед. Бо ними нон қаноат кунед, ба зудӣ соҳиби боигарӣ мешавед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Рӯзи серташвиш аст, бар замми серкорӣ мушкилоти шахсӣ ва камбудиҳои рӯзгор ташвишатонро зиёду асабатонро хароб месозад. Далвҳои муҷаррад ба хотири дӯстдоштаи худ тамоми дороияшонро сарф мекунанд. Даромади нави пулӣ меёбед ё масъалаҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Рехтани мӯй нишонаи норасоии витаминҳо аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Агар ба доираи нафарони ношинос афтед, ҳамёни пулҳоятонро дар назди худ нигоҳ доред. Ошиқатон коре мекунад, ки нигоҳатонро нисбаташ комилан тағйир медиҳед. Аксари ҳутҳо қобилияти пешггӯйӣ карданро пайдо мекунанд. Якравӣ ва беандешагӣ бар зарари худатон аст.