Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз асабониятатон дар ҳадди баланд хоҳад буд. Эҳсосоти худро назорат кунед, то бо наздиконатон нофаҳмӣ нашавад. Дар зиндагии шахсӣ тағйироти назаррас намешавад. Оиладорҳо метавонанд бо ҳамсар дар масъалаҳои молиявӣ баҳс кунанд. Вақти муносиб барои иваз кардани кор ё гирифтани қарз аст. Барои қабули қарорҳои молиявӣ бо шахсони ботаҷриба машварат кунед. Об зиёд бинӯшед ва хӯрокҳои тару тоза истеъмол намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Аз субҳ нофаҳмиҳо ва баҳсҳоро интизор шавед. Қисмат бори дигар сабри шуморо месанҷад. Дар муошират эҳтиёткор ва ботаҳаммул бошед. Ҳамсарони ҷавон давраи мутобиқати хислатҳоро паси сар мекунанд, ба гапи ҳамдигар гӯш дода, бисёр баҳсҳоро метавон пешгирӣ кард. Рӯзи хубест барои нигоҳубини нохунҳо ва мӯй, инчунин шурӯъ кардани машқҳо барои беҳтар кардани шакли бадан.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Шумо бо шахси дӯстдоштаатон ҳамоҳанг хоҳед буд ва гуфтугӯҳоятон лаззатбахш мешаванд. Имрӯз эҷодкорӣ ва нотарсии шумо авҷ мегирад. Нафароне, ки ба зиндагиатон лаззат намеоранд, аз ҳаёти худ дур кунед. Ҳеҷ касро нагузоред, ки шуморо ба коре маҷбур кунад. Аз ҷиҳати молиявӣ, соҳибкорон, бахусус дар соҳаи дорусозӣ, имкони зиёд кардани даромадро хоҳанд дошт. Рӯзи худро бидуни фишори зиёд гузаронед ва худро аз корҳои вазнин озод кунед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз фикр кунед, ки дар ҳақиқат аз зиндагӣ чӣ мехоҳед. Оиладорон мефаҳманд, ки беҳбудияшон аз аъзоёни оила вобаста аст. Имрӯз фурсате ҳаст, ки дар соҳаи касбӣ пешравӣ кунед, вале маълумоти муҳимро бо касе фош насозед. Дар кор бо ақл ва таҷриба амал намоед, то муваффақият ба даст оред. Саломатии шумо аз тарзи ғизои нодуруст осеб дида истодааст. Ба тағйироти сахти парҳез ниёз нест, танҳо хӯрокҳои зиёноварро хориҷ кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Асадҳои озод имкони муносибати нав пайдо мекунанд, ҳатто вохӯрии сарнавиштсоз дар пеш аст! Шумо хоҳиши поксозии энергияи хонаатонро эҳсос мекунед ва шояд аз корҳои хона лаззат баред. Имрӯз имконияти хубе доред, ки ба роҳбари худ таассуроти мусбат гузоред, аммо эҳтиёт кунед, ки кӯшишатон ба чоплусӣ монанд нашавад. Об зиёд нӯшидан барои нигоҳ доштани мувозинати бадан муҳим аст.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Агар муддати дароз муносибати ошиқона дошта бошед, эҳтимол воқеаҳои муҳиме чун шиносоӣ бо волидайн, кӯчидан, тӯй ё ақди никоҳ дар пеш бошанд. Агар роҳбар дастовардҳои шуморо надида истодааст, ба ӯ хотиррасон кунед. Даромади шумо метавонад ба намуди зоҳириатон вобаста бошад, пас ба худ ғамхорӣ кунед. Барои солим мондан бештар витамин истеъмол намоед ва стрессро коҳиш диҳед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз дар муҳаббат шуморо хушбахтӣ интизор аст. Корҳо зиёд хоҳанд шуд, аз ин рӯ, баҳсҳоро ба шом гузоред. Агар худро нороҳат эҳсос кунед, эҳтимол сабабаш рашк ё хабари дурӯғ бошад. Ба муҳити атроф диққат диҳед, аммо ба фикри дигарон такя накунед. Агар дар меъдаатон вазнинӣ эҳсос кунед, парҳези худро таҷдид кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Шумо даъват ба як ҷамъомад хоҳед гирифт, онро рад накунед, зеро шояд шахси муҳимро дар он ҷо пайдо кунед. Дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ эҳсос мешавад, аммо беҳтар аст, ки онро ба як оташи пуршӯр табдил диҳед. Агар ба соҳаи молия алоқаманд бошед, эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли фиреб вуҷуд дорад. Шумо чанд рӯзи ахир сахт кор кардед, имрӯз худро ором кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Қавсҳои танҳо имкони хуб барои шиносоии ошиқона доранд. Агар шумо оиладор бошед, эҳсос мекунед, ки муҳаббататон нав зинда шудааст! Ба тағйироти хурд диққат диҳед, онҳо метавонанд паёми тақдир бошанд. Мушкилоти молиявӣ тадриҷан ҳал хоҳанд шуд. Аммо, саломатии худро фаромӯш накунед ва дар сурати аломатҳои нохуш зуд ба табиб муроҷиат кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Мардони ҷаддӣ дар ҳаёти шахсӣ тағйирот эҳсос мекунанд. Агар нофаҳмие бо ҳамсаратон вуҷуд дошта бошад, сӯҳбатро ба вақти дигар гузоред. Пешрафти касбӣ душвор хоҳад буд, аммо ғайриимкон не. Аз хароҷоти бефоида худдорӣ намоед. Саломатии шумо метавонад ба мушкилоти гардиши хун дучор шавад, бинобар ин, ташрифи табибро ба таъхир нагузоред.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз муносибатҳои ошиқонаи шумо хуб пеш хоҳанд рафт, аммо кӯшиш кунед, ки ҳамсаратонро дилгир накунед. Дар корҳои муҳим диққататонро пурра ҷалб кунед – муваффақият наздик аст. Лоиҳаҳои муҳими худро бе андешаҳои муфид ва банақшагирии оянда иҷро накунед. Ҳоло вақти бори гарон бар дӯш гирифтан нест.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ихтилофҳо метавонанд ба миён оянд, аммо нагузоред, ки онҳо кайфияти шуморо хароб кунанд. Агар сафаре дошта бошед, шояд бо шахси ҷолиб шинос шавед. Вақти он расидааст, ки дӯстони наздикро бубинед. Ҳангоми бастани шартномаҳо эҳтиёт бошед. Ба саломатии гулӯ ва овози худ диққат диҳед.