Њамал
Муноќишањои оилавї ва бо шахси бароятон азизу дўстдошта низоъ карданатон имкон дорад, ки бар зарари шумо анљом меёбад. Бењтар мебуд, ки олињиматтї нишон дода, дар баъзе ҳолатҳо гузашт кунед. Саховатмандии аз њад зиёдатонро атрофиён хуш ќабул намекунанд. Саломатии худ ва наздиконатонро дар мадди аввал гузоред.
Савр
Аввали рўз мушкиливу њодисањои ногувор имкон дорад. Ба мардњо барои харид ба маѓозаву бозор рафтан, шикастани дарахт, ба назди дандонпизишк рафтанро тавсия намедињем. Бонувон дар оила ба нофањмї гирифтор мешаванд, аз даѓалї ва садо баланд кардан худдорї намоед. Ба муноќишае, ки сабаби аз ёратон људо шудани шумо мегардад, роњ надињед.
Љавзо
Рўзи барои саломатї номусоид аст. Хастагиву дарди сар ва хурўљ намудани беморињои музмин эњтимол дорад. Каме нобарорињои оилавї табъатонро хира месозанд. Сабру тањаммулро пеша намуда, ин марњилаи душворро паси сар намоед. Бењтараш робитаро бо дўстону наздикон ќатъ намоед. Ба сафару саёњат баромадан хуб нест.
Саратон
Рўзи пурмуаммо аст. Бо вуљуди он ки њама корњоятон ба назар хуб менамоянд, эњсоси хавотирї ва асабоният дар вуљудатон пайдо мегардад. Ќасди нобарорињои худро аз наздикон гирифтанї шуда, нафареро сахт меранљонед. Бењтараш боќимондаи рўзро дар танњої гузаронида фикру андешањои худро ба тартиб оред.
Асад
Рўзи хубест барои нафароне, ки наќшаи корњояшро пешакї тартиб додааст. Маблаѓи хуби пулї ба даст меоред ё кори саркардаатон анљоми хуб меёбад. Дар њаёти шахсї таѓйиротњои муфид рух медињанд. Муносибатњои ошиќонаатон хуб љараён мегиранд, вале дахолати аз андоза зиёди ёратон боиси рух додани нофањмї мегардад.
Сунбула
Барои сафарњои корї ва робита бо нафарони ношинос рўзи номусоид аст. Агар шумо мошин меронда бошед, дар ин рўз бо суръати баланд рондани мошин манъ аст. Инчунин, аз ашёњои нўгтез ва асбобњои барќї њушёр шаед. Аз оташ эњтиёт шавед, хатари рух додани сўхтор вуљуд дорад.
Мизон
Рўзи натиљаовар аст. Оѓози корњои нав, бастани аќди никоњ ва шартномањои корї бобарор анљом меёбанд. Аксари мизонњо бо нафарони даркорї робита барќарор намуда, дар оянда аз нохушињои калону мушкилињо халосї меёбанд. Дар љодаи муњаббат таѓйирот дида намешавад.
Аќраб
Имрўз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Дар њалли корњои муњим ба садои ќалби худ гўш андозед. Баъди нисфирўзї вохўрињои ошиќонае имкон доранд, ки муддати мадид дар хотираи шумо наќш мебандад. Мушкилињои пулие, ки дар ин рўз пайдо мешаванд, мустаќилона рафъ карда наметавонед.
Ќавс
Дар корњоятон имкони пешравї пайдо мешавад. Мењнат карда роњат мебинед. Аз саргузаштњои ошиќона њушёр шавед, вагарна аз оќибаташ сахт пушаймон мегардед. Бегоњирўзї эњтимоли љароњат бардоштану хурўљ намудани беморињоятон вуљуд дорад.
Љаддї
Рўзи хубест барои мењнат кардану пул ба даст овардан. Шиносоии нав ё хабаре мешунавед, ки њаёти шуморо куллан таѓйир медињад. Сафару вохўрињо ва корњое, ки фаъолияти кории шуморо васеъ месозанд, натиљањои хуб медињанд. Дар ин рўз ба касе ошиќ шуданро маслињат намедињем.
Далв
Дар ин рӯз орзуи наљибтаринатон љомаи амал мепӯшад. Қобилиятҳои ташкилотчигии худро нишон дода, бурд мекунед. Ҳатто он ҳамкороне, ки ба шумо бовар надоштанд, аз навовариҳоятон каф мекӯбанд. Барои муҳаббату мулоқотҳои ошиқона рӯзи хуб нест, вале ин маънои онро надорад, ки дӯстдоштаи худро мадди назар намоед.
Њут
Дар ин рўз вазъи саломатиятон хеле хуб мегардад. Аз њад зиёд нармгуфтору сустирода нашавед, вагарна обрўятон мерезад. Имкони бењтар сохтани њаёти шахсиятон вуљуд дорад. Ќабл аз он ки бо нафаре шинос мешавед ё дил медињед, аќли солимро ба кор баред, хатари ба доми фиреб афтиданатон зиёд аст.