formula
ТОЛЕЪНОМА 20-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
3435

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳодисаҳои ногувори дар ҷои кор рухдодаро мадди назар карда наметавонед, вале оқибаташро пешгирӣ карда метавонед. Тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳеду бо роҳбарият муноқиша накунед. Хариди хурд кардан роиҷ аст, вале хариди калону шитобкорона тавсия намешавад. Аз машрубот худдорӣ намоед.

 

Савр (21 апрел-20 май)

Аз ӯҳдаи корҳое баромада метавонед, ки атрофиён рафъ карда наметавонанд. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, бовар накарданатон дуруст аст, эҳтимол, шуморо фиреб медиҳанд. Агар аз бехобӣ азият мекашида бошед, аз чойҳои гиёҳӣ истифода баред. Барои беҳ сохтани вазъи молиявӣ ғалатҳои пешинаро рафъ кунед.

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз тартибу низомро риоя намоед. Ҳавои тоза дар беҳдошти саломатиятон нақши муҳим мебозад. Ҳангоми аз хона баромадан ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст. Нерӯи худро ба мушкилоти оилавӣ равона намуда, бо дӯстдоштаи худ якҷоя камбудиҳоро рафъ кунед.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Сафарҳо бобарор анҷом меёбанд, ҳатто сафари роҳи дур шуморо дилгир намесозад. Ба мушкилоти саломатӣ диққати хоса диҳед, бо сар задани аввалин нишонаҳои беморӣ ба табиб муроҷиат кунед. Хусусан, ба ҳолати рӯдаву узвҳои ҳозима таваҷҷуҳ намоед. Бо дӯстдоштаи худ ба сайругашт баромада, табъатон болида мегардад.

 

Асад (23 июл-22 август)

Даромади пулӣ дар ин рӯз дар назар нест, вале нақшаву ниятҳоятон самараи нек медиҳанд. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, беҳтараш бо нав кардани сару либоси худ машғул шавед. Ба мушкилоти оила таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ аз сидқи дил меҳнат карданатон лозим аст.

 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Нафароне, ки пешравиҳоятон дар касбу кор аз онҳо вобастагӣ доранд, дастовардҳои шуморо қадр мекунанд. Эҳтимол, бо яке аз ҳамкорон пайванди муҳаббат мебандед. Азбаски шуморо фиреб кардан кори душвор аст, бо хости дил амал намуда, дар интихоби дӯстдошта ғалат намекунед. Роҳҳои нафасро аз беморӣ эҳтиёт кунед.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Нимаи аввали рӯз ба муваффақиятҳои бештаре ноил мегардед. Мутаассифона, баъдан бо одамони воломақом нофаҳмӣ рух медиҳад. Ба асабоният роҳ надиҳед, ташвиши беҳуда танҳо бар зарари шумо аст. Хастагӣ ва бемадорӣ имкон дорад, аз ин рӯ, барвақттар хоб равед. Бовиҷдониятонро қадр мекунанд.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Воқеаҳои имрӯз ба ошиқон имкон медиҳад, ки тамоми нофаҳмиву муноқишаи байнашон рухдодаро рафъ созанд. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Бемориҳои дилу рагҳои хунгардро пешгирӣ намоед. Нӯшидани қаҳваи зиёд ва чойи талхро тавсия намедиҳем. Бо ҳамкорони худ боэҳтиром бошед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ягон ҳодисаи ногувор ва мушкили ҳалношуданӣ рух намедиҳад. Корҳои молиявӣ бобарор анҷом ёфта, даромади пулӣ имкон дорад. Аз роҳи дур хабари хуш мешунавед. Эҳтимоли сар задани бемориҳои сироятӣ ва зуком дар назар аст. Дучори мушкилиҳои рӯзгор ва нофаҳмии наздикон мегардед.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз ҳад зиёд зудбовар нашавед, нафарони зиёде шуморо фиреб кардан мехоҳанд. Дар масъалаҳои корӣ ва молиявӣ қувваву имкониятҳои худро ба назар гиред. Бегоҳирӯзӣ эҳтимоли баландшавии фишори хунатон дар назар аст. Аз қаҳва ва сигор даст кашед. Дар корҳои тиҷоратӣ ба макру фиреб роҳ надиҳед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Кӯшишҳоятон дар ин рӯз самара намедиҳанд. Аз ҷониби нафаре, ки пештар ҳамкорӣ доштед, пешниҳоди хуби корӣ мегиред. Бо ҳар роҳе, ки набошад, боварии дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед. Аз дурӯғ ва пинҳонкорӣ худдорӣ намоед. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна дар назар аст.

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Шитобкорӣ дар ин рӯз тавсия дода намешавад, дар баъзе ҳолатҳо хатарнок аст. Робитаро бо одамони даркорӣ қавитар созед. Саломатиятон хуб аст, вале ин маънои онро надорад, ки бепарво бошед. Ҳар дафъае, ки нисбати ҳамсафари ҳаётӣ ё дӯстдоштаатон сухани дуруште мегӯед, оқибаташро андеша намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД