Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМА 18-УМИ АПРЕЛ СОЛИ 2021
3673

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз кори якрангу дилбазан рӯ гардонида, бо шуғли дӯстдоштаатон машғул шавед. Дар давоми рӯз нуқтаи назари худро нисбати як шахс чанд маротиба тағйир медиҳед. Ба овозаҳои атрофиён диққат надода, бо хости худ амал кунед. Қарзҳои куҳнаатонро баргардониданатон лозим меояд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз қабл аз он ки ба коре машғул мешавед, корҳои нотамоми худро ба анҷом расонед. Бегоҳии имрӯз на танҳо идона, балки тақдирсоз мегардад, зеро саврҳои муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Ҳангоми гузаштан аз роҳ боэҳтиёт бошед, хатари ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар имкони дар гӯшаи табиат истироҳат карданро дошта бошед, тамоми мушкилиҳои худро фаромӯш карда, табъатон болида мегардад. Муносибати ошиқонае, ки ба наздикӣ оғоз карда будед, ба зудӣ хотима меёбад. Баъди нисфирӯзӣ аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед ва дар танҳоӣ кор кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба шахсе, ки дар рафъ намудани мушкилиятон ба шумо ваъда медиҳад, умед набандед. Шумо бояд мустақилона рафъ кардани камбудиҳоро омӯзед. Аз нӯшидани машрубот ё ишқбозӣ худдорӣ намоед. Дар муносибатҳои ошиқона ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, вагарна як умр танҳо мемонед.  

Асад (23 июл-22 август)

Ҳодисае, ки дар зиндагӣ ва оилаатон рух медиҳад, бе назорат нагузоред. Зимни баҳсу мунозираҳо, агар нафаре шуморо ҷонибдорӣ намояд, ин маънои онро надорад, ки шумо комилан ҳақ ҳастед. Агар корҳои фаврӣ дошта бошед ё худро бад ҳис кунед, ба муддати дароз аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем.  

 Сунбула (23 август-23 сентябр)

Серкорӣ имкон намедиҳад, ки лаҳзае истироҳат кунед, вале бо вуҷуди ин, ҳатман аз хоб сер карданатон лозим аст. Сунбулаҳое, ки ба наздикӣ ошиқ шудаанд, ба доми макру фиреб меафтанд. Боэҳтиёт бошед, ба ғалат роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ гирифтори рӯҳафтодагӣ шуданатон имкон дорад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз мушкилиҳои сарзадаро бе ташвиши зиёд рафъ карда метавонед. Парешонхотирӣ ва фориғболӣ ба вазъи молиявиатон таъсири манфӣ мерасонад. Эҳтимоли ҷудо шудан аз шахси дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз нерӯятон кам гардида, ҳунару маҳорати худро пурра нишон дода наметавонед. Натиҷаи ҳар коре, ки ба он даст мезанед, бо душворӣ ба даст меояд. Эҳтимоли аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Мушкилиҳои нотамому ногаҳонӣ боиси ташвиши зиёдатон мегарданд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба коре, ки имрӯз даст мезанед, нағзакак омодагӣ бинед. Қаблан нақша тартиб дода, аз рӯйи он амал кунед. Дар муносибатҳои ошиқона ба нози дӯстдоштаатон тоқат карданатон лозим меояд. Аз дӯстони дерин ё хешовандон кӯмаки ногаҳонӣ гирифтанатон имкон дорад. Шом хабари хуш мешунавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилиҳои ҷиддии худро танҳо ба аъзоёни калонсоли оилаатон бовар карда, бо рафъ намудани масъалаҳои молиявӣ машғул шавед. Барои харидорӣ намудани туҳфа ба наздикон ва мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Дар ин рӯз ба зудбоварӣ роҳ надода, аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз тамоми ташвиши оилаву хонаро ба дӯши худ гирифтанатон лозим меояд. Аз субҳи барвақт кори асосии худро ба анҷом расонед, то ки дилпурона аз пайи ташвишҳои дигар шавед. Аз ҷойҳои серодам ба куллӣ дурӣ ҷӯед. Қарибии бегоҳ сарчашмаи нави даромадро пайдо мекунед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД