Дар соли 2022 аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт 22 193 адад маҳсулоти парфимерӣ тариқи гузаронидани санҷиш аз муомилот гирифта шуда, аз тарафи худи ширкатҳо бошад 8854 адад маводҳои парфюмерӣ барои несту нобуд кардан ба агентӣ супориданд.
Гузаронидани вохӯрию семинарҳо бо соҳибкорон натиҷаи хуб дода, аз тарафи соҳибкорон ба Агентии Тоҷикстандарт дархост нисбати несту нобуд кардани 53 ҳазор кг маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайри хӯрокворӣ ворид гаштаст.
Ин посухи Абдуваҳобзода Темурҷон , директори Агентии Тоҷикстандарт ба саволи хабарнигори сомонаи Оила мебошад, ки имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод пурсида шуд.
Имрӯз дар кишвар 140 намуди доруворӣ истеҳсол карда мешавад, ки ин нисбати солҳои гузашта се маротиба афзоиш ёфтааст. Ба кишвари мо дар ҳаҷми 84 миллион долар маводҳои доруворӣ ворид гаштааст ва дар ин самт имкониятҳои истифода нашуда зиёданд.
Давоми соли гузашта оиди ворид гаштани доруҳои пастсифат дар кишвар ягон ҳолат ба қайд гирифта нашудааст, гуфт директори Агентӣ