formula feb 2025
Тоҷикони маъруфи Русия. Умар Кремлёв чӣ тавр раиси Анҷумани байналмилалии муштзании IBA шуд?
279

Тоҷикон аз қадим дорои фарҳанги баланд ва истеъдоди нодир буда, бо илму дониш, маҳорату заковат ва ҳунару истеъдоди худ машҳури ҷаҳон гаштаанд.

Имрӯзҳо зодагони ин миллати фарҳангсолор дар тамоми гӯшаву канори олам фаъолияти пурсамар доранд. Аз ҷумла, дар кишвари Русия низ даҳҳо нафар тоҷиконе ҳастанд, ки бо ҳунару маҳорат ва қобилияти фавқулодаи худ миёни мардуми рус шуҳрат пайдо кардаанд. Мо тасмим гирифтем як силсила маводҳои ҷолибро дар бораи тоҷикони маъруфи Русия манзури шумо - хонандагони азизи сомона гардонем.

Имрӯз аз ин силсила дар бораи сарнавишти Умар Кремлёв - раиси Анҷумани байналмилалии муштзанӣ (IBA) бароятон қисса мекунем.

Умар Кремлёв 1-уми ноябри соли 1982 дар деҳаи Гулхонаи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳӣ дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор дар оилаи Назар Сафаров ва Олга Кремлёва таваллуд шудааст. Ӯ таҳсилдидаи мактаби ҳамагонии рақами 21-и ноҳияи Шаҳринав буда, маълумоти олиро дар Академияи давлатии хоҷагии коммуналӣ ва сохтмони Маскав гирифтааст. Умар Кремлёв ҳамчун дабири кулли Федератсияи муштзании Русия, президенти Анҷумани байналмилалии муштзанӣ (IBA - аввалин намояндаи Русия дар ин ниҳод) ва ноиби якуми президенти Конфедератсияи муштзании Аврупо (EUBC) фаъолият намудааст. Саҳми ӯ дар муттаҳид кардани федератсияҳои муштзании кишварҳо ва қитъаҳои гуногун хеле назаррас аст. Умар Кремлёв дар Русия бонуфузтарин ва барҷастатарин корманди варзишӣ маҳсуб меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД