Тоҷикон дар семинари дурӯзаи Урдун иштирок карданд
11.11.2025
Oila.tj
106

Дар шаҳри Аммони Урдун оид ба баррасии масъалаҳои тандурустии минтақавӣ ва байналмилалӣ семинари минтақавии дурӯза дар доираи саломатии глобалии “Wellcome Trust” баргузор гашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он коршиноси шуъбаи таҳлили вазорат, доктори илмҳои тиб, профессор Ғафур Муҳсинзода, мудири кафедраи тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Ҷӯраева Наргис ва иҷрокунандаи вазифаи дотсент PhD, кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Дар ин семинари минтақавӣ намояндагони 35 давлати ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои асосии миллӣ, мутахассисони соҳа ва шарикони байналмилалӣ ширкат варзида, доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудаанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ масъалаҳои шабакаи тандурустии ҷамъиятӣ (EMPHNET)-ро баррасӣ ва мувофиқа намуда, инчунин нақшаҳо ва муҳлати марбут ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди ҳисоботҳоро оид ба самти афзалиятноки нақшаи амал, яъне арзёбии таҷрибаи ҷории минтақа дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ, идоракунӣ ва маблағгузорӣ, нишон додани ҷиҳатҳои қавӣ, камбудиҳо ва мушкилот ва дигар самтҳои афзалиятнокро баррасӣ кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД