Formula novemver 2024
“Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориё то Сомониён” бо забони кореягӣ чоп шуд
195

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея рӯнамоии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», ки ба забони кореягӣ тарҷума ва нашр гардид, баргузор шуд.

Дар рӯнамоии китоб намояндагони мақомоти фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд. Дар ин хусус “Ховар» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул хабар додааст.

“Истиқлоли давлатӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи воқеии таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созгор муҳайё сохта, ба марҳалаи комилан нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт”,- навиштааст манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД