Ҷангу хунрезӣ дар сарзамини Украина идома дорад ва одамон аз тарси ҷон кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи зудтар тарки ин кишвари ба коми оташу дӯди ҷанг афтода намоянд.
Имрӯз боз як гурӯҳ тоҷикон аз Украина ба Ватан баргаштанд.
Тавре ки агентии иттилоотии “Ховар” хабар додааст, 110 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути тайёра аз Полша ба Ватан баргаштаанд.
Дар маҷмӯъ аз оғози даргириҳо дар Украина то ба имрӯз 413 нафар шаҳрвандони кишвари мо сиҳату саломат ба Ватан баргардонида шудаанд, ки дар байнашон занону кӯдакон ва пирони солманд низ ҳастанд.