Дирӯз, 15-уми январи соли 2025 дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ баргузор гашта, дар рафти он 13 ҳуҷҷати муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расонида шуданд.
Аз ҷумла Тоҷикистон ва Эрон тасмим гирифтанд, ки барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои беҳтаринро фароҳам оварда, шумораи сайёҳонро то 100 000 нафар дар як сол бирасонанд.
Тавре Ризо Солеҳӣ, вазири мероси фарҳангӣ, ҳунар ва сайёҳии Эрон иброз доштааст, ҳамасола беш аз 8000 зодагони Тоҷикистон ба тамошои шаҳрҳои бостонии Эрон мераванд ва беш аз 8500 нафар сайёҳони эронӣ аз Тоҷикистон дидан мекунанд.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки шумораи сайёҳонро дар як сол то 100 000 нафар бирасонанд.