goodwell
Тоҷикистон ва Эрон низоми бидуни раводидро пурра ҷорӣ карданд
07.10.2026
Oila.tj
51

Аз 5-уми октябри соли 2026 низоми бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба амал даромад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бар асоси Ёддошти тафоҳум оид ба лағви раводид, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон, ки дорои шиносномаҳои амалкунандаи умумишаҳрвандии хориҷӣ мебошанд, метавонанд бидуни гирифтани раводид ба қаламрави кишвари дигар ворид шаванд.

Муҳлати будубош тибқи муқаррарот то 30 рӯз дар давоми 90 рӯз муайян шудааст. Ин муҳлат аз рӯзи воридшавии аввал ба қаламрави кишвари дигар ҳисоб карда мешавад.

Низоми нави сафар тавассути гузаргоҳҳои байналмилалии сарҳадӣ, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ, инчунин хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм амалӣ мешавад.

Ҳангоми сафар шаҳрвандони ду кишвар бояд талаботи қонунгузории миллии Тоҷикистон ва Эронро риоя кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД