35 years of independency
Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сулҳ 32 зина боло рафт
10.09.2026
Oila.tj
66

Тоҷикистон дар Global Peace Index 2026 миёни 163 кишвар мақоми 47-умро гирифт. Нишондиҳандаи кишвар 1,799 хол арзёбӣ шудааст.

Ин натиҷа дар муқоиса бо раддабандии соли гузашта 32 зина беҳтар мебошад. Соли 2025 Тоҷикистон дар ҷойи 79-ум қарор дошт. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон баъд аз Ӯзбекистон, ки ҷойи 37-умро гирифтааст ва Қазоқистон (44-ум) қарор дорад. Қирғизистон дар ҷойи 61-ум ва Туркманистон дар ҷойи 66-ум мебошанд.

Тибқи гузориши Global Peace Index, раддабандӣ бар асоси 23 нишондиҳанда, аз ҷумла сатҳи амният, низоъҳои дохиливу байналмилалӣ ва сатҳи низомигардонӣ таҳия мешавад. Дар садри раддабандӣ Исландия, Зеландияи Нав ва Швейтсария ҷой гирифтаанд. Русия дар охири ҷадвал қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД