Formula novemver 2024
Тоҷикистон ба мардуми осебдидаи Фаластин кумак мерасонад
341

 

Дар доираи ташаббуси ҷамъиятии "Мо бо ҳамдигарем" бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ ва КВД "Дипсервис"-и Тоҷикистон барои мадад ба мардуми осебдидаи Фаластин суратҳисоби ягона ба роҳ монда шудааст.

“Кишварҳои зиёд аллакай барои аз нав сохтани хонаҳо ва ёрии тиббӣ саҳм гузошта истодаанд. Биёед мо ҳам кӯшиш карда, ба ин мардуми осебдида кумак намоем”,- омадааст дар сомонаи он - moboham.tj.

Масъулини ин сомона аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки ба манбаъҳои шубҳанок бовар накунанд, зеро фиребгарон зиёд шудаанд.

Тибқи иттилои ин сомона, шахсоне, ки мехоҳанд кумак кунанд, метавонанд тавассути замимаи алиф.моби тугмаи "Ҳамааш"-ро пахш кунанд. Баъд аз рӯйхат "Кумак ба мардуми Фаластин"-ро пайдо карда, пардохт намоянд.

То рӯзи 26-уми март аллакай беш аз 882 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст ва сомона ҳамарӯза ҳисобот медиҳад.

"Муҳтарам мардуми дӯсти Тоҷикистон. Сафорати давлати Фаластин миннатдорӣ ва сипосгузории худро барои якдилии шумо ва ҳамчунин ба бисёр мардуми ҷаҳон баён менамояд, бефарқ нестед, ки чӣ рух дода истодааст бо мардуми Фаластин. Шумо иқдоме оғоз кардед барои кумак ба мардуми Фаластин. Бори дигар сипос, ба президент, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон. Мо ҳеҷ вақт дастгирӣ ва муҳаббати шуморо фаромӯш намекунем",- зикр намудааст Луай Исса, Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як навор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД