Ба иттилои “Барқи тоҷик” дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил 21 млрд. 656 миллион кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 453 миллион кВт.соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар ҳаҷми 102,1фоиз таъмин карда шудааст. Истеҳсоли нерӯи барқ дар ҶСК «Барқи Тоҷик ба 16 млрд. 479 миллион кВт.соат баробар шудааст.
Ба зикри ин ниҳод, ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 124,2 млн. кВт. соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 2 млрд. 677 млн. кВт. соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 624,7 млн. кВт. соат, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 907,5 млн. кВт.соат ва ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳаҷми 144,6 млн. кВт. соат содирот карда шуд.
Гуфта шудааст, ки дар соли 2023 ҶСК “Барқи Тоҷик” дар дохили ҷумҳурӣ 18 млрд. 663,7 млн. кВт. соат неруи барқ ба фурӯш баровардааст, аз ҷумла ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” – 774,6 млн.кВт.соат ва ба ҶСК “Шабакаҳои таќсимоти барқ” – 17 млрд. 889 млн.кВт.соат интиқол дода шудааст.