Arzon march 2024
Тоҷикистон аз нигоҳи як духтари ҳунарманди эронӣ
373

Ҳафтаи гузашта бо нияти суҳбат бо журналист ва ҳунарманди маҳбуби тоҷик Зиёвиддини Нурзод ба “Хонаи Радио” рафта, тасодуфан бо як духтараки хеле ҳунарманд ва ҳунардӯсти эронӣ ошно гаштам, ки мехост достонҳои ҷолиби сабтӣ-овозиашро тариқи  радио ба кӯдакони тоҷик тақдим намояд. Ҳарчанд, шиносоии мо бо Беҳноз тасодуфан сурат гирифта бошад ҳам, нигоҳи неки ин духтараки эронӣ ба Тоҷикистон ва мардуми тоҷик маро водор намуд андешаҳояшро манзури хонандагони азиз гардонам. 

- Бону Беҳноз хуб мешуд, ки дар оғоз каме дар бораи худатон нақл мекардед? Аз кадом қисмати Эрон ҳастед ва ҳадафу мақсади сафаратон ба Тоҷикистон чист?

- Банда, Беҳноз ҳастам, 33 сола ва зодаи шаҳри Теҳрон мебошам, вале ду соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. 

- Гуфтед, ки мехоҳед достонҳои савтӣ-овозиатонро ба кӯдакони тоҷик тақдим намоед. Адиб ҳастед, ё шарқшинос? 

- Банда, аслан донишгоҳро дар риштаи ҳавонавардӣ (авиатсия) хатм кардаам. Муҳандиси (инженер) соҳаи авиатсия ҳастам, аммо аз овони кӯдакӣ ба ҳунар шавқу рағбати зиёд доштам ва ҳамин муҳаббат боис гашт, ки ба достонсароӣ сар кунам. Даъвои адиб буданро надорам, чун ман достонҳоямро ба шакли хаттӣ наменависам. Достонҳои банда дар шакли филмҳои тавсирии овозӣ ҳастанд. 

- Равияе, ки шумо пеш гирифтаед дар ҷодаи достон ва афсона  навгонӣ аст. Чаро маҳз ин усули достонсароиро интихоб намудед?

- Китоб, албатта ҷойгоҳи хоси худро дорад ва хеле арзишманд аст, аммо дар ҷаҳони муосир одамон, махсусан насли ҷавон ба технология шавқу рағбати зиёд доранд. Аз ҳамин хотир, достонҳои савтӣ-овозӣ эҷод мекунам, то ки барои кӯдакон ва наврасон дастрас ва шунидану фаҳмиданашон осон бошад. Дар баробари достонсароӣ, шеър ҳам мегӯям.

- Шеърҳои ошиқона?

- Не, бештар шеърҳои ирфонӣ мегӯям, ки мавзӯъи асосиашон муҳаббат ба Худост.  

- Бо ин ҳама меҳру муҳаббат ба ҳунар ва адабиёт чаро ба риштаи ҳавонавардӣ дохил шудед?

- Падарам ширкати сайёҳии гардишгарӣ доштанд, дар байни хешовандонамон  низ, афроде буданд, ки дар бахши авиатсия кор мекарданд ва сӯҳбатҳои ҷолиби эшон маро ба ин сатм кашид. Вақте ширкати падарам барҳам хӯрд, хостам дар соҳаи авиатсия муваффақ гашта, қаҳрамони бобом (падарам) бошам.

- Дар Эрон духтарон дар соҳаи авиатсия бисёранд?

- Не, хеле каманд. Аввалан, ин касби мардона маҳсуб меёбад ва бештари духтарон ба душвориҳояш тоб наоварди тарки таҳсил мекунанд. Баъдан, кор пайдо кардан барои бонувон дар авиатсия хеле душвор аст. Шахсан ман, ҳарчанд, ки инженери соҳаи авиатсия ҳастам ва дараҷаи магистрӣ дорам, ду сол дар ҷустуҷӯи кор сарсон будам. Албатта, баъд кор пайдо кардам ва муддати 5 сол дар бахши тайёраҳо фаъолият намудам, аммо билохира меҳри ҳунар ғолиб омад ва қарор додам рӯйи завқи ҳунариам кор карда, ҳаёти худро ба эҷод бубахшам.  

- Сарчашмаи ҳунаратон аз куҷост? Аз аҳли хонаводаатон касе ба санъат ва адабиёт рағбат дошт?

- Як хеши модариам сароянда буданд ва худи модарам низ, санъатро хеле дӯст медоранд. Фикр мекунам, ки ман ба модарам рафтаам. Замони кӯдакӣ камонак (скрипка) менавохтам, аммо баъд ба факултаи авиатсия дохил шуда, онро раҳо кардам. Ҳоло, дар Тоҷикистон дубора ҳамон ҳунарамро сайқал дода истодаам ва дар омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов таҳсил мекунам. 

- Забонҳои хориҷиро ҳам медонед?

- Оре, 6 забони хориҷиро медонам. Ба хоҳишмандон 3 забон-англисӣ, фаронсавӣ ва форсиро, ки хеле хуб балад ҳастам, меомӯзонам, яъне дарс медиҳам. Айни замон, 3 забони дигар, аз ҷумла забони русиро омӯхта истодаам. Ин забонҳоро низ, медонам, аммо мехоҳам сатҳи донишамро такмил диҳам.  

- Муддати ду сол аст, ки дар кишвари мо ҳастед. Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро чӣ гуна дарёфтед?

- Тоҷикистон ба назарам ватани дуюми ман аст. Ин ҷоро зиёд дӯст дорам. Чизе, ки беш аз ҳама дар Тоҷикистон ба ман писанд афтод,  озодӣ ва покдилу покбину покназар будани мардумонаш мебошад. Дуздӣ дар ин ҷо хеле кам ва ин хеле хуб аст. Вақте дар кӯчаву хиёбон бо касе суҳбат мекунӣ, бо дили боз туро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват мекунад. Пештар, чунин меҳмоннавозӣ дар Эрон ҳам буд, аммо солҳои охир дар шаҳрҳои калоне ба мисли Теҳрон нисбатан камтар шудааст.

Чизи дигаре, ки ба ман писанд омад, ин фарҳанг ва анъанаҳои миллии худро нигоҳ доштани мардуми тоҷик мебошад. Ҳарчанд, кишвари шумо хеле пешрафта ва замонавӣ аст, мардум либоси миллӣ, рақси миллӣ, таронаҳои миллӣ ва дигар арзишҳои миллии худро нигоҳ доштаанд, ки дар ҷаҳони муосир ин дастоварди хеле бузург аст.     

- Ба ғайр аз шаҳри Душанбе боз дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон будед ва чи таассурот бардоштед?

- Соли гузашта модарамро ба Тоҷикистон ба меҳмонӣ даъват кардам. Ҳамроҳ ба тамошои Ҳафткӯл, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳои зебои Тоҷикистон рафтем. Хеле қашанг буд, мисли як гӯшаи биҳишт. Ошиқи манзараҳои зебову нотакрори Тоҷикистон гаштам.  

- Мабодо ягон ҷавони тоҷик ба шумо изҳори муҳаббат карда, пешниҳоди издивоҷ намояд, чӣ посух медиҳед?

- Айни замон, нияти издивоҷ кардан надорам, чун бояд ҳунарамро сайқал диҳам. 

- Дар Эрон духтарон аз чандсолагӣ издивоҷ мекунанд?

- Қаблан, хонаводаҳо масоили издивоҷро ҳал мекарданд, аммо солҳои охир дар ин маъсала ҳам ба ҷавонон ва ҳам ба духтарон озодӣ дода шудааст. Дар ҳар синну соле, ки дилашон хост, издивоҷ мекунанд, агар майл надошта бошанд, аслан издивоҷ намекунанд.  

- Ба афроде, ки сӯҳбати шуморо мехонанд ва достонҳоятонро гӯш мекунанд, чи таманно доред?

- Бештар забонҳои хориҷиро омӯзанд, зеро дар ҷаҳони муосир бидуни донистани забон муваффақ гаштан хеле ва хеле душвор аст. Аммо дар баробари ин забони модарии худро ҳифз намоянд, чунки забони тоҷикӣ қашангтарин ва ширинтарин забони дунёст!

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД