Formula novemver 2024
«Тоҷикфилм» дар бораи Фирдавсӣ 2 филми нав ба навор мегирад
544

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон “Шоҳнома”-и Абдулқосим Фирдавсӣ нашр ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим карда хоҳад шуд.

Киностудияи “Тоҷикфилм” дар робита бо ин иқдоми Пешвои Миллат ба навор гирифтани ягон филми навро аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба нақша гирифтааст ё не?

Маҳмадсаид Шоҳиён, Директори Муассисаи давлатии студияи “Тоҷикфилм” дар посух ба ин саволи хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ гуфт:

“Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ яке аз шоҳасарҳои адабиёти классикии тоҷик ба шумор меравад. Албатта мо орзу дорем, ки мисли “Достони Рустам”, “Рустам ва Суҳроб” ва “Достони Сиёвуш” филмҳои шедевр ба навор бигирем, вале барои ин Барис Кимиёгаров, Тоҳир Собиров, Комил Ёрматов барин коргардону ҳунармандони асилу бомаҳорат ва эҷодкорони хушзавқе лозиманд, ки ба офаридани шоҳкорӣ қодир бошанд. Аз нигоҳи техникӣ имрӯз тамоми шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шудааст, аммо чунин кадрҳоро тарбия кардан лозим аст... “

Дар идомаи суҳбат Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, дар соли 2024 “Тоҷикфилм” тасмим дорад, ки дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и безаволи ӯ якбора 2 филм ба навор бигирад. Филми аввал мустанад буда, дар бораи “Шоҳнома” нақл мекунад ва сенарияаш аллакай омода аст. Филми дуюм бошад, як филми ҳунарӣ дар бораи рӯзгори худи Абдулқосим Фирдавсӣ хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, ки дар соли 2023 “Тоҷикфилм” дар маҷмӯъ 15 филми навро ба навор гирифтааст. Аз ҷумла 4 филми ҳунарии пурра, ки инҳо “Зиндагӣ зебост”-и коргардон Далер Раҳматов, “Ҳадди орзуҳо”-и Умедшо Мирзоширинов, “ Дар талоши ҳақиқат”-и Манзаралӣ Шералӣ ва “Ҷанг бадбахтӣ меорад”-и Осим Орифпур мебошанд.

Дар давоми сол ҳамчунин 2 филми ҳунарии кӯтоҳ, 7 филми мустанад ва 2 филми тасвирӣ ба навор гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД