Вақте гап дар бораи муҳоҷират ба Русия ва ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар меравад, беихтиёр симои ҷавонмардони ба хоку чанг олудае дар пеши назар ҷилвагар мегардад, ки семент мешӯранд, хишт мекашонанд ё бо корҳои дигари сиёҳ машғуланд, вале дар байни муҳоҷирони тоҷик афроди кордоне низ ҳастанд, ки ба қуллаи муроди худ мерасанд.
Яке аз чунин тоҷикони муввафақи Русия Владимир Мирзо мебошад, ки 15-сол боз раисии як ноҳияро бар дӯш дорад.
Рӯзи 26-уми апрел вакилони Шӯроҳои маҳаллии ноҳияи Усмани вилояти Липетски Русия Владимир Мирзоро бори чорум раиси ноҳия интихоб карданд. Аз 48 вакили маҳаллӣ 47 нафараш ба тарафдории Владимир Мирзо овоз додаанд. Ин дар ҳолест, ки рақибаш Виселки Татяна Христофорова , раиси ҷамоати Николские ҳамагӣ як овоз гирифтааст.
Владимир Мирзо зодаи Бохтар буда, дар Тоҷикистон вазифаи раиси совхоз-техникуми ба номи В.Куйбишев (ҳоло хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов)-ро иҷро мекард, вале қабл аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия кӯчида, муддати 15 сол боз вазифаи раиси ноҳияи Усманро иҷро мекунад.