Чанд соли охир тоҷикистониён тавассути барномаҳои гуногун на танҳо ба Русия, балки ба Амрикову Аврупо низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд. Қаҳрамони мо Самина Мирзоалиева тӯли се сол мешавад, ки дар Олмон ҳам касб меомӯзад ва ҳам кор мекунад. Ӯ ба мо тавассути кадом барнома рафтан ва кору зиндагиаш дар Олмон қисса кард.
Ҳам кору ҳам таҳсил
Самина тавассути барномаи омӯзишии “Ausbildung” ба шаҳри Берлини Олмон сафар кардааст ва ҳоло дар баробари таҳсил кор ҳам мекунад. Чор сол қабл ӯ ба як барномаи дигар дархост дода, қабул шуда буд, вале бо сабаби пандемияи “Коронавирус” таҳсилаш як сол ба қафо гузаронида шуд.
Қаҳрамони мо аз кӯдакӣ орзуи таҳсил дар Олмонро дошт, аз ин рӯ, пайваста ба омӯзиши забони олмонӣ машғул буд. Самина мегӯяд, вақте тариқи видеовизов бо устодони олмонӣ бо забони немисӣ сӯҳбат мекунад, онҳо дар ҳайрат мемонанд, ки чӣ гуна як духтари тоҷик аз Тоҷикистон забони онҳоро ба хубӣ медонад.
“Вақте ки дар синфи 2-юм таҳсил мекардам, рӯзе ба синф муаллимаи забони олмонии мактабамон ва ду зан аз Олмон ворид шуданду ба мо гуфтанд, ки кадоме ягон шеър қироат кунад, туҳфа мегирад, туҳфа аз худи Олмон. Бо ҳамсинфон шеърҳои гуногун қироат кардему соҳиби ҳар гуна маводҳои конселярӣ гардидем, ки дар ҳақиқат аз Олмон буданд. Баъди дарс ба хона рафтаму ба наздиконам бо як ҳаяҷони кӯдакона воқеаро нақл кардам. Падарам ба ман гуфтанд, ки аз соли дигар ман метавонам ба омӯзиши забони олмонӣ сар кунам ва агар хеле хуб онро аз худ кунам, метавонам ҳатто ба Олмон сафар кунам. Аз ҳамон рӯз назди худ ҳадаф гузоштаму оқибат бо кӯшишу заҳмати зиёд ба орзуҳоям расидам. Аввалан аз Худованди бузург, пасон аз бибиҷони меҳрубонам, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд (ҳамеша дастгири ман буданд, то ба орзуи худ бирасам) ва волидони азизам шукргузорам, ки маро дар ин роҳ ҳамеша роҳбалад буданд» нақл мекунад қаҳрамони мо.
Самина айни ҳол хатмкардаи коллеҷи тиббӣ мебошад ва ҳамзамон дар самти худ фаъолият мекунад. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки гарчанде, аввали мусофират барояш хело душвур буд, вале ҳоло ӯ одат кардааст ва аз ин кор лаззат мебарад:
“Агар орзуву талош баробар бошад, маваффақият ҳам ҳатман бо онҳо ҳамроҳ мешавад. Моҳи пеш ман коллеҷро бо баҳои аъло хатм кардам. Ҳоло ба кор даромадаам ва аз фаъолияти худ хеле розӣ ҳастам”.
Пеш аз сафар ба Олмон
Самина зодаи шаҳри Душанбе аст, аз хурдӣ мехост дар соҳаи тиб таҳсил намояд. Ӯ пеш аз сафар ба Олмон тӯли як сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети журналистика дар ихтисоси “Журналистикаи байналхалқӣ” таҳсил кардааст.
“Таҳсил дар журналистика бароям бисёр чиз дод. Ман дар ДМТ дӯстони нав ёфтам, бо журналистони шинохтаи кишвар шинос шудам. Аммо чун сафар ба хориҷа орзуям буд, бояд аз таҳсил дар журналистика даст мекашидам”,- мегӯяд ӯ.
Дар вақтҳои холигӣ Самина бо дӯстонаш аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Олмон ба тамошои шаҳри Берлин мебароянд. Ба гуфтаи қаҳрамони мо, ӯ чандон вақти холӣ надорад, зеро аз субҳ ба дарс мераваду баъд ба кор, танҳо рӯзҳои якшанбе метавонад ба ягонҷо тамошо равад.
Бозгашт ба Ватан
Самина Мирзоалиева ҳоло 22- сола аст ва аллакай самти худро дар зиндагӣ интихоб кардаасту умед дорад, ки ба қуллаҳои баланди он мерасад. Қаҳрамони мо баъд аз хатми коллеҷ ба Ватан баргаштанӣ буд, вале бо сабаби он ки хоҳараш низ бояд ба назди ӯ барои таҳсил равад, дар Олмон монд.
“Имсол хоҳарам ба назди ман меояд ва ман, ки худ дар аввали мусофират азоб кашида будам, намехоҳам хоҳарам низ онро таҷриба намояд. Аз ин рӯ, бояд то итмоми таҳсилаш ӯро ҳамроҳӣ намоям,”-мегӯяд апаи ғамхор.
Самина ба нафароне, ки мехоҳанд ба Олмон сафар кунанд, барномаҳои зеринро тавсия медиҳад: “FSJ”, “BFD”. “Ausbildung”. “Auper”, “Studium”, “Ferienjob”, ва “Praktikum”.
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар Олмон муносибат нисбат ба мардуми тоҷик хело хуб аст. Гарчанде қисмати зиёди олмониҳо бо номи Тоҷикистон чандон шинос нестанд, вале нисбати муҳоҷирон муносибати хуб доранд.
Ausbildung чӣ гуна барнома аст?
“Ausbildung” як барномаи сесолаи (таҳсили миёна 3 сол давом мекунад) духура, яъне кор + таҳсил мебошад, ки дар он шумо омӯзиши назариявӣ ва амалӣ мегиред. Ба шумо ҳар моҳ стипендия – маош дода, дар анҷоми таҳсил соҳиби дипломи олмонӣ оиди гирифтани маълумоти миёнаи касбӣ мешавед. Ҳаҷми маош вобаста аз соли таҳсил, шартнома бо корфармо ва ихтисос аз 600 то 1300 евроро ташкил медиҳад.
Ин барнома барномаи омӯзиши хориҷиён ё муҳоҷирон нест. Дар ин барнома худи олмониҳо низ иштирок карда метавонанд. Хориҷиёнро дар ин барнома танҳо ба касбҳое ҷалб мекунанд, ки айни замон дар Олмон норасоии кадрҳо ба назар расида истода бошад.
Ҳамчунин, шумо бояд ихтисосҳоеро интихоб кунед, ки дар Олмон серталаб ва қобили таваҷҷуҳ бошанд. Ба ғайр аз ин, бояд дар як моҳ музди ҳадди ақалро дар ҳаҷми на камтар аз 850 евро ба даст биёред.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА