arzon replenishment
Тоҷикдухтаре, ки бо дастонаш роҳ мегашт, роҳгардон шуд!
4260

Духтари тоҷик, ки бо дастонаш роҳ мегашт, дар Владикавказ ройгон ҷарроҳӣ шуда ба по хест.
Мавлуда ҳамаги 13 сол дорад ва бо дастонаш роҳ мерафт.

Ӯ имкони рост кардани қаду қоматаш ва мисли дигар одамон бо пойи худ роҳ гаштанро надошт ва бо дастонаш роҳ мегашт.
Видеои роҳгардии ғайри муқаррарии Мавлуда, ки аз ҷониби “Салиҳин-ТВ” сабт шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта, намояндагони як бунёди хайриявӣ, ки номи он зикр нашудааст, наворро ба Казбек Кудзаев ном табиби моҳир дар Владикавказ ирсол намудаанд. Ин пазаишки номӣ изҳори омодагӣ кард, ки ба таври ройгон духтари тоҷикро ҷарроҳӣ карда ба по мехезонад.
Хароҷоти сафари Мавлуда ва волидони ӯро як табиби тоҷик, ки номаш зикр нашудааст ба ӯҳда гирифт ва ин хонавода ба Владикавказ сафар намуданд. Ҷарроҳии Мавлуда рӯзи 13-уми январ ҷарроҳӣ шуд.
Ба гуфти Казбек Кудзаев амалиёти ҷарроҳӣ душвор сурат гирифта, давоми чор соат ҳар ду пойи ин наврасро ҷарроҳӣ кардаанд. Ба гуфти табиб Мавлуда дар ояндаи наздик метавонад бидуни кӯмаки дигарон, бе ягон душворӣ ва мамоният мустақилона роҳ гардад.
Барои пурра барқарор шудани сиҳатии Мавлуда ӯ ва волидонаш бояд то як муддати дигар дар Владикавказ бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД