Номаи хонанда
Салом ба кулли кормандони меҳнатқарини сомонаи дӯстдоштаам «Оила»! Имрӯз ҷуръат карда, бори аввал ба унвони редаксияи шумо номае, аниқтараш хоҳишеро, ки чанд вақт боз аз гуфтанаш шарм медоштам, ирсол медорам. Пас аз пахши озмуни «Central Asia's Got Talent» дар телевизион, ман ба яке аз аъзои ҳакамони озмуни мазкур Ситора Фармонова дил бастам. Медонам, ки ӯ дар ду дунё ишқи маро қабул намекунад, вале чӣ илоҷ, ки дӯст доштан кори дил аст ва ман ба ӯ ошиқи зор гаштаам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар бораи ӯ каме ҳам бошад маълумот диҳед. Оё ӯ оиладор аст? Агар «ҳа», имрӯз чӣ рӯзу рӯзгор дорад? Шавҳараш кисту чӣ кора аст? Қаблан сипосгузорам ва умед дорам, ки хоҳиши ман қобили қабул аст.
Бурҳон, шаҳри Душанбе
Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Ситора Фармонова (Sitora Farmonova)
Рӯз, моҳ ва соли таваллуд: 20-уми августи соли 1984
Синну сол: 36-сола
Ҷои таваллуд: шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бурҷ: Асад
Касб: ҳунарпеша, ровӣ, ҳаҷвнигор ва модел
Вазъи оилавӣ: муҷаррад
Забондону ҳунарманд
Ситора Фармонова 20-уми августи соли 1984 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Дар оилаи серфарзанди Фармоновҳо нахустин фарзанд мебошад. Ситора аз худ хурд як хоҳар ва як бародари дигар дорад. Меҳру муҳаббат ва шавқу рағбат ба ҳунару эҷод дар қалби Ситора ҳанӯз замони дар боғча тарбия гирифтанаш пайдо шуда буд. Ӯ ҳам тарбия мегирифт, ҳам меомӯхт ва ҳам мерақсиду суруд мехонд. Аз ҳамин ҷост, ки замони дар синфи якум хонданаш аллакай панҷ забон, тоҷикӣ, немисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва русиро хуб омӯхта буд. Ситора аз кӯдакии худ розист ва он давраҳоро бо муҳаббату садоқат ёдовар мешавад.
Духтари «писарфеъл»
«Дар хурдӣ ман аз падарам хоҳиш мекардам, ки бароям на лӯхтак, балки таппонча, автомат ва ё дучарха бихаранд. Бо писарон дӯстӣ мекардам ва ҳамроҳи онҳо ҳамеша дар даву тоз будам. Бозӣ мекардем, аз баландӣ меафтидем, ҳатто чанд маротиба дасту поямро шикаста будам. Умуман, дар ман рафторҳои духтарона ба назар намерасид»,-нақл мекунад, Ситора. Модари Ситора мудом дар хавотир буд, ки ин духтари «писарфеъл» дар оянда чӣ гуна шавҳар мекарда бошад? Вале падараш баръакси андешаҳои модараш боварӣ дошт, ки Ситора баъди ба камол расидан духтари хуш қаду қомат ва зебое хоҳад шуд. Гуфтаи падар рост баромад ва Ситора дар 13-солагии худ аллакай зебову хушпайкар шуда буд. Он замон оилаи онҳо аз Бухоро ба Тошканд кӯчиданд.
Нақши нахустин
Ситора бузургтар мешуду муҳаббаташ ба санъату ҳунар ташаккул меёфт. Ҳамагӣ 16 сол дошт, ки бори аввал рафиқи падараш, яке аз клипмейкерони маъруф ӯро барои нақшофарӣ дар як клиптаронаи овозхони ӯзбек даъват намуд ва Ситора ин таклифро бо камоли майл пазируфт. Ин даъват барояш таҷриба шуду пас аз хатми мактаби миёна соли 2000-ум ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ба номи Маннон Ӯйғур супорид. То ин дам ӯ барои худ тарроҳиро омӯхта буд.
Даъват ба «Маҳфили зарифон»
Даъват ба бозии байналмилалии «Маҳфили зарифон» («КВН») барои Ситора ногаҳонӣ буд. Сардори дастаи «Азия Микс» Элдиёр Кененсаров, ки бо Ситора дӯсти наздик буданд, пеш аз оғози мавсими соли 2015 ба ӯ пешниҳод намуд, ки як маротиба худро дар саҳнаи бузурги маҳфил бисанҷад. Баъди омадани Ситора дар гурӯҳ тағйироти куллӣ ворид карда шуд. Акнун ҳама барои иҷрои кори худ вазифадор шуда буданд. Ситора овозхониро бар ӯҳдаи худ гирифта буд. Элдиёр Кененсаров беҳуда Ситораро ба дастаи худ даъват накарда буд, зеро Ситораро дар тамоми гӯшаи Ӯзбекистон мешинохтанд ва Элдиёр низ боварӣ дошт, ки Ситора ба дастаи ӯ шӯҳрати аз пештара бештар меорад.
Бозгашти дубора
Дастаи «Азия Микс» соли 2015 дар ҷашнвораи «Маҳфили мусиқавии зарифон», ки дар шаҳри Светлогорски Федератсия Русия баргузор гардид, ҳунарнамоӣ кард. Ситора дар саҳна ҳамчун яккасаро «Щелкунчик»-и Чайковский ва «Евгений Онегин»-и Пушкинро иҷро карда буд. Дастаи «Азия Микс», ки Ситора узви он буд, то даври нимниҳоии ҷашнвора роҳ ёфту халос. Ҷоизаи фахрӣ ба қирғизҳо тақдим карда шуд. «Дастаи мо хубтару беҳтар ҳунарнамоӣ карда бошад ҳам, ҳайати ҳакамон қирғизҳоро барои ишғоли ҷои аввал лоиқ донистанд. Пас аз ин ҳодиса ман хеле рӯҳафтода шудам. Тӯли чанд рӯз телефонамро хомӯш карда, дар утоқам худро зиндонӣ карда будам ва ҳатто бо касе сӯҳбат ҳам намекардам. Танҳо ҳамин меҳру муҳаббати ман нисбати санъат боис шуд, ки дили ман дубора ба саҳна гарм шавад»,-мегӯяд, Ситора Фармонова.
Ҷоизаи тиллоӣ
На танҳо Ситора, балки кулли аъзоёни дастаи «Азия Микс» барои мавсими соли 2016 тайёрии ҷиддӣ диданд. Онҳо шабу рӯз аз болои худ кор мекарданд, то ин навбат ғолиб оянд. Соли 2016 низ ҷашнвораи «Маҳфили мусиқавии зарифон» дар шаҳри Светлогорски Федератсия Русия барпо гардид ва дастаи «Азия Микс» тавонист ин навбат ҷоизаи тиллоии ҷашнвораро ба даст биорад. Ҳатто ин даста қаҳрамони Лигаи олӣ дониста шуд. Ситора нақл мекунад, ки ҳар гоҳе ба утоқаш медарояд, медали тиллоияш сӯяш медурахшад ва волидонаш бо он мефахранд.
Шӯхии дӯстон ва шарҳи мақомот
Хурсандии Ситора дер давом накард, зеро худи ҳамон сол ӯро аз ҳунарнамоӣ дар саҳна маҳрум карданд. Мақомот расман шарҳ доданд, ки Ситора истеъдод надорад ва дар барномаҳои консертии берун аз кишвар наметавонад зиёда аз 200 тамошобинро ба худ ҷалб созад. Вале баъдан маълум шуд, ки ин ҷо сабаби дигар низ вуҷуд доштааст. Дар яке аз баромадҳояшон, ки тариқи Шабакаи аввал пахш шуда буд, аъзои гурӯҳ шӯхиомез мегуянд: «Шинос шавед, Ситора! Овозхони ӯзбек ба Аврупо ба ҷустуҷӯи шавҳар омадааст. Ӯро ба ин кор шавҳари ӯзбекаш маҷбур кардааст». Ин суханҳо мардуми Ӯзбекистонро ба ғазаб овард ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба навиштани шарҳҳои дағал шурӯъ карданду сабаби аз саҳна рафтани Ситора шуданд.
Нақшҳо дар синамо
Баъди нақшофарӣ дар чандин клипҳо Ситораро барои иҷрои нақш дар синамо даъват намуданд. Нақши аввалини ӯ тасодуфӣ буд ва ба назар он қадар ҷолиб ҳам наменамуд. Вале нақши дувуми ӯ дар синамо хеле ҷолиб ва мафтункунанда баромад. Соли 2012 Элдиёр Кененсаров Ситораро ба лоиҳаи «Хобгоҳ» («Общага»), ки коргардон ва муаллиф худаш буд, даъват намуд. Дар рафти наворбардории филм Ситора бо худи Элдиёр ва қисми зиёди аъзоёни дастаи «Азия Микс» шинос шуд. Худи ҳамон сол Ситора ба филми «Байконур» даъват шуд. Рӯйи ин филм синамогарон аз Олмон, Қазоқистон ва Фаронса дар якҷоягӣ кор мекарданд. Филми мазкур, ки Ситора дар он нақши Назираро бозида буд, иштирокчии чандин ҷашнвораҳои бонуфӯзи синамо шуд. Дар умум Ситора қариб дар 10 филм нақш офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳо гуногунанд. Гоҳе асосиву гоҳе дувумдараҷа ва гоҳе келини хоксору гоҳе зани бадҷаҳл.
Оила қурбони саҳна
Ситора ҳоло оиладор нашудааст, вале мехоҳад дар ҳаёти худ тағйирот ворид кунад. Ӯ дар яке аз мусоҳибааш гуфтааст, ки ӯзбек ё тоҷик будани шавҳари ояндааш муҳим нест. Муҳим он аст, ки шавҳаршавандааш мусулмони комил бошад. Як сабаби дигари дер оиладор шудани Ситора ин аст, ки ӯ ҳатто ба хотири шавҳар ва фарзанд наметавонад тарки саҳна кунад. Ӯ бо марде издивоҷ кардан мехоҳад, ки барои идомаи фаъолияташ монеа эҷод накунад ва баръакс дастгирӣ намояд. Ҳамчунин, мехоҳад дар зиндагӣ соҳиби панҷ фарзанд шавад.
Дар орзуи муаррифии коллексияи либосҳо
Имрӯз Ситора ҳаёти шахсии худро бештар дар саҳифаи Инстаграмаш, ки беш аз 1 миллиону 400 ҳазор обуначӣ дорад, инъикос мекунад. Соли 2016 баъди ғолиб омадан дар ҷашнвораи «Маҳфили мусиқавии зарифон» Ситора эълон кард, ки аз саҳна не, вале аз ин бозӣ меравад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Акнун ӯ ният дорад, ки коллексияи либосҳои худро бо бренди шахсии худ омода ва муаррифӣ созад.
Филмнома
Ситора Фармонова дар филмҳои «Сарвиноз» («Сарвиноз»), «Ҷаҳони ҳиллагар» («Коварный мир»), «Гардиши хатарнок» («Опасный поворот»), «Изи динозавр» («След динозавра»), «Бародари ман муҷаррад аст» («Мой брат холостяк»), «Хобгоҳ» («Общага»), «Байконур» («Байконур»), «Акнун падарам муҷаррад аст?» («Теперь мой папа холостяк?») ва «Духтари хоксор» («Скромная девушка») нақшҳои хубу хотирмон офаридааст.
«Central Asia's Got Talent»
Ситора Фармонова дар Тоҷикистон бо шарофати лоиҳаи телевизионии «Central Asia's Got Talent» то андозае муаррифӣ шуд. Ин зебосанам ҳамчун ҳайати ҳакамон аз Ӯзбекистон дар озмуни мазкур иштирок дошт. Ситора ботинан ва зоҳиран духтари зебост ва ин ба ҳама маълум аст. Дар дилаш нисбати касе кинаву ҳасад ба бухлу бахилӣ надорад. Садҳо ҷавон дар орзуи ба даст овардани дили Ситораанд, вале ӯ то ҳол шавҳари ояндаи худро интихоб накардааст.
Аз идора:
Хонандаи азиз, Баҳром! Бо такя ба чандин сомонаҳои интернетӣ тавонистем барои шумо дар бораи Ситора Фармонова маълумоте пешкаш созем, зеро хоҳиши ҳар як хонанда барои мо аввалиндараҷа аст. Чуноне дар боло гуфта гузаштем, барои Ситора тоҷик ё ӯзбек будани шавҳари ояндааш муҳим набудааст. Муҳимтар аз ҳама ӯ бо марди мӯъмину мусулмон оила барпо кардан мехоҳад. Агар шумо ба шартҳои Ситора розӣ бошеду аз ӯҳдааш бароед, пас миёнатонро мустаҳкам баста, аз пайи ин масъала шавед. Боқӣ ба шумо хушбахтӣ хоҳонем!
Таҳияи Сомон Муҳаммад