-Аксари сарояндаҳои афғону эронӣ даъво мекунанд, ки "пушт"-и сарояндаҳои тоҷик дар хориҷа онҳоянд. Шумо ки аввалин шуда дар хориҷа карераи ҳунарӣ кардед, ба ин «даъво» розӣ шуда метавонед?
-Шумо гумон мекунед, ки эронию афғонҳо холисона ин корро мекунанд? Ҳаргиз не! Ҳар касе, ки ба сарояндаҳо кӯмак мерасонад ба хотири суде бардоштан ин корро мекунад. Кӯмаки эрониҳо ройгон нест, то пул сарф накунӣ аз онҳо умеди дастгирӣ намудан хаёли хом аст. Сарояндаҳои тоҷик бо пули худашон дар хориҷа клип мекунанду консерт медиҳанд. «Пушт»-и мо эрониҳою афғонҳо не, Худованд аст. Танҳо бо кӯмаки Худованди якто дар хориҷа баромад мекунем!
-Магар замони дар Амрико зистанатон бо кӯмаки эрониҳо пешрав нагашта будед?
-Не, ман дар Амрико ҳам ба тиҷорат машғул будам ва ҳам сарояндагӣ мекардам. Пуштибонам эрониҳо набуданд. Дар тарабхонаи тоҷикони самарқандӣ суруд мехондам. Он ҷо чор клип карда ба Ватан баргаштам. Ман тоҷикам ва бояд аввал дар Ватани худам машҳур шавам. Аввалин шунавандаҳоям бояд тоҷикон бошанд.
-Эҳсос кардед, ки аудиторияи тамошобинони Амрикову Тоҷикистон аз ҳамдигар сахт мутафовут аст?
-Аудиторияи ман дар ин ҷо ҳам нағз аст. Мардум сурудҳои моро хуш қабул мекунанд.
-Фарқи шоу-бизнеси Тоҷикистон аз Амрико дар чист?
-Аслан мо шоу-бизнес надорем, аммо ба ҳар ҳол пешравиҳо дар ин ҷода ба назар мерасанд. Фарқияташ дар ҳамин аст, ки агар ту сарояндаи амрикоӣ бошию дар Амрико зиндагию эҷод намоӣ, туро ҷаҳон мешиносад. Дар Тоҷикистон корро шурӯъ намоӣ танҳо дар Тоҷикистону Ӯзбакистон ва шояд дар Эрону Афғонистон туро мардум мешиносанду халос. Фарқияти дигараш дар он аст, ки дар Амрико бо як клип сароянда метавонад миллиардер шаванд. Дар мо клип он тараф истад, ҳунарманд консерт ҳам диҳад, ба ҷойи фоида зарар мебинад. Барои ҳар клип камаш 3 ҳазор доллар сарф мекунем, вале 500 доллар ҳам фоида намебинем. Пиратҳои мо хеле чаққону фаъоланд ва ба ҳунармандон «хизмати олиҷаноб» карда, пеш аз худи сарояндаҳо клипҳояшонро ба фурӯш мебароранд. Нархи толорҳои консертиямонро худатон медонед, ҳоҷати шарҳу тавзеҳ додан нест.
-Хуб, агар фоидае аз клипсозӣ набошад, пас чаро клип мекунед?
-Фоидаи моддӣ нест, аммо маънавӣ ҳаст. Клип барои сароянда хеле зарур аст, чунки дар маҳбубият пайдо кардану ном баровардани ҳунарманд нақши калидиро мебозад. Мардум туро танҳо ба воситаи клипҳоят мешиносанду эътироф мекунанд ва ба чӣ қадар маблағ сарф карданат кор надоранд. Ту бояд талаботи тамошобинро қонеъ гардонӣ- ин аст талаботи аввалиндараҷаи шоу-бизнес!
-Дар яке аз мусоҳибаҳоятон таъкид карда будед, ки амрикоиҳо ҳеҷ гоҳ суруди тоҷикиро гӯш намекунанд. То ҳол ба ин ақидаи худ устуворед ё фикратонро дигар кардед?
- Не, ман аз фикрам намегардам. Мардуми Амрико ҳамин хел ҳастанд, ки чизеро нафаҳманд, гӯш намекунанд. Онҳо танҳо ҳамон сурудҳоеро гӯш мекунанд, ки мазмунашро фаҳманд.
-Гугушу Андиро гӯш мекунанд-ку?!
-Кӣ ин афсонаро ба шумо гуфт? (механдад). Амрико зиёда аз 300 миллион аҳолӣ дорад. Мумкин 3 миллионаш форсизабон бошад. Ана ҳамон 3 миллион сурудҳои тоҷикию эрониро гӯш мекунанд. Амрикоиҳо мисли мо нестанд, ки мазмунашро нафаҳмида сурудҳои хитоию ҳиндию туркиро гӯш кунанд. Онҳо танҳо сурудҳои барояшон шиносро гӯш мекунанд. Сарояндаҳои форсизабон агар дар байни амрикоиҳо аудиторияи шунавандаҳои худро пайдо кардан хоҳанд, бояд бо забони англисӣ суруд хонанд.
-Бисёриҳо сарояндаҳои тоҷикро ба "дуздӣ" мутаҳам мекунанд…
-Намедонам ба ин саволатон чи ҷавоб диҳам. Шахсан худи ман ягон бор дуздӣ накардаам ва намекунам. Ба дигарон кор надорам.
-Чанде пеш шумо ба Амрико рафта будед ва ин боиси гапу калочаҳои зиёде гашт. Яке мегӯяд, ки Баҳодур қаҳр карда рафт, дигарӣ бар он бовар аст, ки барои клип кардан рафтед, сеюмӣ иддао дорад, ки дар Амрико консерт доштед. Кадоме аз ин овозаҳо ростанд?
-Ман ба Канада, аниқтараш ба шаҳри Торонто барои омода намудани клип ва ҳамчунин тамошои ин шаҳри зебо рафта будам. Пеш аз он ки аз Торонто дидан намоям аввал ба Санкт-Петербург рафта, он ҷо консерт додам ва пасон аз пайи омодасозии клип шудам.
-Шумо ҳам дар Тоҷикистон консерт гузаронидаеду ҳам дар Петербург. Ба фикри Баҳодур дар куҷо баргузор намудани консерт қулайтар аст?
-Албатта дар Петербург. Дар Тоҷикистон аз ҳар ду консерт зарар дидему халос.
-Чаро?
-Худатон нағз медонед, ки толорҳои мо чӣ қадар арзиш доранд. Мо метавонем аз консертҳоямон фоида бинем, агар фиттаҳо ба таври пираторӣ фурӯхта нашаванд. Аммо пагоҳаш мебинед, ки дар тамоми бозорҳо фиттаҳои пастсифати консертро ба фурӯш мебароранд. Албатта мухлисон ҳамон фиттаҳои пастсифати пиратиро бо нархи арзонакак мехаранду фиттаҳои оригиналие, ки мо мебарорем, мемонанд. Акнун худатон ёбеду гиред.
-Марҷона ном мухлиси ашадиятон хоҳиш кард, ки ин суолашро ба шумо расонам: Акои Баҳодур, агар шуморо ба тӯй даъват кунанд, меравед?
-Росташро гӯям, то ҳол ба ягон тӯй ба ҳайси сароянда нарафтаам, танҳо барои табрикот мерафтам. Зиёд хоҳиш дошта бошанд, ки маҳз ман тӯяшонро обод кунам, албатта меравам!
-Акнун мегузарем ба мавзӯи кино. Дар бораи филми «Криминал- Зиндагӣ» сару садоҳо то ҳанӯз давом доранд ва бархе ин филмро таблиғи зӯроварию хушунат мегӯянд…
-Шояд бошанд касоне, ки ин кори моро маъқул накардаанд, вале то ҳол ягон кас ошкоро ин филмро танқид накардааст. Коршиносони беҳтарини соҳаи кино ин филмро яке аз беҳтарин филмҳои асри навин дар соҳаи киномотографияи тоҷик номиданд. Воқеан, боз як хушхабари дигар дорам. Мехоҳед фаҳмед?
-Албатта.
-Мо боз як филми криминалии дигарро бо номи « Тоҷик- мафия» ба навор гирифтем.
-Ман тахмин мекунам, ки Баҳодур боз нақши манфиро мебозад?
-Бале, тахминатон дуруст аст. Ман нақши одами бад- Мугамбои роҳзанро мебозам. (механдад) Нақши мусбиро ҳама офарида метавонад, аммо на ҳар кас мехоҳад ва метавонад нақши манфиро бозад. Офаридани нақши манфӣ хеле заҳматталаб ва душвор буда, аз актёр меҳнати зиёдро талаб мекунад.
-Чаро маҳз ба масоили криминалӣ рӯ меоред?
-То кай мо филмҳоямонро мисли спектакл ба навор мегирем? Як чашматонро кушоед, азизони ман! Мо дар асри 21-асри навгонӣ ва тарақиёт қарор дорем! Вақти он расидааст, ки ҳамқадами замон бошем. Як ба давлати Ҳиндустон нигаред, чӣ қадар онҳо дар соҳаи кино пеш рафтаанд! Филмҳои ҳиндӣ дар олам машҳуранд. Чаро мо наметавонем чунин филмҳо офарем?! Беҳтарин филмҳоро замони Шӯравӣ магар мо намеофаридем?! Мо, ҷавонони санъаткор бояд кӯшиш кунем, ки филмҳои замонавӣ офарида номи Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ кунем. Барои ба наворгирии як филми ба ҳамаи талаботҳо ҷавобгӯ на камтар аз 100 ҳазор доллар лозим аст. Албатта мо ҳоло чунин имконият надорем, вале оҳиста- оҳиста бояд шурӯъ кунем. Агар исбот карда тавонем, ки воқеан қобилияти ба наворгирии чунин филмҳоро дорем, ҳатман сарпарастон ҳам пайдо мешаванд.
-Ин филм низ мисли « Криминал- Зиндагӣ» кӯтоҳметра аст?
-Не, ин филм аз чор қисм иборат буда, ҳар як қисмаш қариб 3 соат давом мекунад.
-Чаро маҳз «Тоҷик-мафия»?
-Ин номро ба он хотир интихоб кардем, ки ин филм аз ҳаёти одамони хатокору ба ҷомеа зараровар қисса мекунад. Филм бо он хотима меёбад, ки ҳамаи онҳо ба чоҳи кандаашон худашон меафтанд.
-Бисёриҳо бар он боваранд, ки ҳамсари Баҳодур амрикоист ва сабаби дар Амрико зистани Баҳодур низ маҳз бо амрикоидухтар издивоҷ намудани ӯст..?
-Медонед, ин сирри махфии ман аст! Ба мардум чи фарқ дорад, ки зани ман тоҷик аст ё амрикоӣ?! Ин асрори оилавии ман аст ва ҳар кас, ҳатто одами машҳур ҳуқуқ дорад, ки баъзе асрори ҳаёташро пӯшида дорад. Сабаби дар Амрико зистанам бошад, дар он аст, ки писари ягонаю дӯстрӯякам Шоҳрухҷон шаҳрванди Амрико аст, зеро он ҷо ба дунё омадааст. Ман мехостам, ки писарам шаҳрванди Тоҷикистон ҳам шавад, аммо азбаски давлати мо бо Амрико қарордоди душаҳрвандӣ надорад, ин корро карда натавонистам. Ман маҷбур будам, ки то андаке бузург шудани писарам дар Амрико зиндагӣ кунам.
-Ояндаи Шоҳрухҷонро чӣ гуна дидан мехоҳед?
-Ташаккур… ман пеш аз ҳама мехоҳам, ки Худои меҳрубон ба писарам саломатӣ ва умри дароз диҳад. Умед бар он дорам, ки ӯ низ ҳатман мисли ман сароянда ва актёр мешавад, аммо дар Ватани худаш Амрико.
-Чаро маҳз дар Амрико?
-Дар Амрико машҳур шавӣ, туро ҷаҳон мешиносад. Маҳз ба ҳамин хотир ман ба писарам номи актёри ҳиндӣ- Шоҳрухро мондам, ки мисли ӯ машҳур шаваду номбардор ва ифтихори падараш гардад.
-Магар Шоҳрух тоҷик нест, охир падараш тоҷик аст-ку?
-Бале, ман тоҷик ҳастам ва аз ин фахр мекунам, аммо писарам дар Амрико ба дунё омад ва дар шаҳодатномааш миллаташ амрикоӣ навишта шудааст. Дар Амрико ҳамин тавр қонун ҳаст, ки ҳар тифле дар замини Амрико ба дунё меояд, амрикоист ва писари ман низ амрикоӣ аст, ҳачанд ки падару бобояш тоҷиканд.
-Шумо ҳамчун тоҷик ба мухлисони тоҷикатон чӣ таманно доред?
-Ҳамеша таманнои онро дорам, ки Худованд Тоҷикистони азизамонро нигаҳбон бошад ва чашми душманонро ба сӯямон кӯр гардонад. Бигзор миллати тоҷик ҳамеша сарбаланду хонаобод бошад. Ба мухлисони азизам беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошанд!
Сӯҳбаторо: Фарангиси Фармон