arzon replenishment
ТОҶИК ЧӢ АЙБ ДОШТ,КИ ШӮЙИ ТОТОР ГИРИФТӢ?
6752

 

Низора! Хубу ганда ману ту 11 сол дар як синф хондем ва ман туро беш аз дигарон мешиносаму хислату хуятро медонам. Бо тақозои замон баъди хатми мактаб мо, ҳамсинфон пароканда шуда, ҳар кадом ба ҷустуҷӯи сарнавишти хеш баромадем.

Ман домони илмро гирифтам ва шукри Худо имрӯз соҳиби кори хубу маоши баландаму мисли ту сари бачаҳоро тоб дода намегардам. Чандин ҷавон дар афтрофам парвона барин пар мезананд, вале ба ягонтоашон аҳмият намедиҳам, зеро ишқу ошиқӣ дурӯғ аст. Ту бошӣ, бо овозаю дарвозаи ишқбозиҳоят маҳалларо ба дод оварда гаштаӣ. Аз ҳамон давраи мактабӣ ту духтари беандеша будӣ ва бо чандин ҷавонон аҳди ишқу ошиқӣ баста, маишат карда мегаштӣ, вале акнун синну солат ба ҷое расидааст ва бояд каме андешаи шарму ҳаё ва фардои қиёматро дошта бошӣ, дугона!

Ҳамон вақтҳо фахр карда мегуфтӣ: «Бойбачаҳо аз пасам кашола шуда мегарданд, чаро ягон ошиқат туро ба занӣ нагирифт?! Наход то ҳол нафаҳмида бошӣ, ки ҷинси мард аслан бевафост ва ҷавонмардон ту барин духтарҳои сабукфикрро танҳо барои дилхушӣ истифода мебаранду халос. Сад бор пешпо хӯрда бошӣ ҳам, ҳеҷ ақлат ба сарат назад, ки назад, Низорахон! Тоҷикону Тоҷикистонро бад карда, баъди хатми мактаб Русия рафтӣ, вале дар он ҷо ҳам одам барин зиндагӣ карда натавонистӣ. Булҳавасиат оқибат ба он оварда расонд, ки ҳама хушдорҳоят аз ту гурехтанд ва ба ҷуз як марди калонсоли тотор дигар касе талабгорат нашуд. Воҳима кардӣ, ки шавҳари сарватманд ёфтаиву шоҳбону барин зиндагӣ дорӣ, вале ба наздикӣ бародарам туро дар як тарабхонаи шаҳри Маскав дидааст. Косаву табақшӯй будаиву худро шоҳбону метарошидӣ, дугонаҷон! Шавҳари бойбобоят куҷо шуд? Ҳамон тотори пиракӣ ҳам тору пудатро фаҳмида, туро партофта рафт?!

Низора! Сирру асроратро фош намекардам, агар пойи мо, духтарҳои босаводро хоида, дар ҳаққамон ҳар хел тӯҳмату дурӯғро паҳн намекардӣ. Минбаъд, пеш аз оне, ки дар бораи духтарҳои хондагӣ гапҳои бемаънӣ занӣ, аввал як бор гиребони худатро бӯй кун!

Ёсуман

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД