arzon replenishment
Тоҷибоева: “Дилсӯзиам бехонаву дарам кард”
1276

 

 Ҳикмат Тоҷибоева, сокини 60-солаи шаҳри Хуҷанд аст. Чор сол пеш бо сабаби хонаи ҳавлигӣ харидан хонаашро фурӯхтанду дигар харида натавонистанд ва имрӯз дар маҳаллаи Чашма-3-и шаҳр дар шароити танг ва беобӣ бо як шавҳари маъюбаш зиндагии вазнине дорад.

Ӯ панҷ духтарро ба воя расонида оиладор намуд ва шавҳари беморашро ба танҳоӣ нигоҳуб мекунад.

Тоҷибоева дар суҳбат ба хабарнигори “ОИЛА ТҶ” гуфтааст, ки қаблан дар маҳллаи 3-уми шаҳри Хуҷанд хонаи якҳуҷрагӣ доштему дар онҷо зиндагӣ мекардем. Аз он ки як ҳуҷрагӣ барои мо тангӣ мекард, духтарам хост, ки ин хонаро фурӯхта, хонаи ҳавлӣ харидорӣ намояд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Духтарам хонаро фурӯхту як порча замин харида, пойдевор (фундамент) гузошту дар фикри бардоштани хона буд. Ҳамин шабурӯз ҳамсояамон ба дари хона омаду зораву илтиҷо намуд, ки барояш маблағ қарз диҳанд, чунки писарчааш аз ошёнаи панҷум афтодаасту барои ҷарроҳӣ пули зиёд лозим аст, гуфт ба таассуф холаи Ҳикмат.

Дар идома қайд кард, ки онҳо аз рӯи дилсӯзӣ ва ҳаққи ҳамсоягӣ ду ҳазор долларро ба ҳамсоя медиҳанд. Ба ҳамин пул тамом мешаваду корҳои сохтмонӣ нотамом боқӣ мемонанд. Ҳамон сол бо сабаби паҳншавии бемории короновирус домодашон дар Русия мемонаду пул равон карда наметавонад ва оилаву фарзандонаш ноилоҷ монда, хонаи нотамомро мефурӯшандубо панҷ фарзанд ба муҳоҷират мераванд.

                   Иҷораҳо гарону мо саргардон

Холаи Ҳикмат саргузашти талхашро ба ёд оварда мегӯяд, ки баъди хонаро фурӯхтани духтарам дар кӯча мондем ва шавҳари фалаҷамро ин ҳолат бештар ғамгин карду бемориаш авҷ гирифт. Духтарам чор соли аввал иҷорапулиямонро равон мекарду аз ин ҳособ мушкилӣ надоштем. Оҳиста-оҳиста нархи иҷораҳо боло рафт ва аз 500 то 800 сомонӣ шуд. Ҳамин хел ҳам маҷбур, ки будем, пули иҷораро саривақт пардохт мекардем, аммо соҳиби хона онро 1000 сомонӣ гуфт ва таъкид кард, киагар натавонед, хонаро холӣ кунед.

Духтарам ҳамаҷоро пурсид ва билохира ҳамин ҳавлиро, ки дар маҳаллаи Чашма-3 воқеъ аст, пайдо карда, онҷо зиндагӣ дорем.

Ман аз меҳнати ҳалол кардан наметарсам ва шарм ҳам намедорам. Чунки 19 сол собиқаи корӣ дораму ҳам дузанда будаму ҳам фаррош кор кардаам. Хотири одам аз оилааш ҷамъ бошад албатта кор мекунад, аммо шавҳари маъюбро партофта ба кор баромада наметавонам. Маҷбурам як ду соат монда равам ва зуд ба хона баргардам. Шояд баъзеҳо нафрат кунанд, ки ба ҷойи кумакталабӣ кор кун. Лекин ҳолати бемордорро бемордор дарк мекунад. Мабодо барои як соат ба кори заруре ба берун бароям, саросема бармегардам, ки мабодо ягон ҳодисаи нохуш нашавад.

Дар зимистон иҷора мемонда бошам?

Соҳиби хона ба шарти он ки дарахтони ҳавлиашро нигоҳубин карда моро дар як хонааш ҷой кардааст. БА қадри имкон ин вазифаро иҷро мекунам, чунки дар як шабонарӯз ҳамагт се соат об дорему халос , агар рӯзе шаваду дастам нарасад, то рӯзи дигар беоб мемонем.

Холаи Ҳикмат 14-сол аст, ки нигоҳубии шавҳараш Аҳмад Тоҷибоевро ба танҳоӣ ба душ дорад. “Тару хушки шавҳарам қариб ки якҷоя аст. Ба ҳоҷатхона бурда наметавонам ва маҷбур шудам, ки барои қазои ҳоҷат як асбоб харида, да хона гузорам. Тасаввур кунед дар як хона ҳам мешинем, ҳам мехӯрему мехобем ва ҳам ҳоҷатхонаи шавҳарам шудааст. Агар хонаи ошиёнагӣ мешуд, ҳоҷати шавҳарам камтар мушкилӣ меовард. Ҳоло ҳаво гарм аст ва унитазу дигар чизҳои олударо мешӯям, ки ба зудӣ хушк мешавад, аммо фасли зимистон чи кор мекунам ҳайронам.

Ҳарчанд дар қайди камбизоатон бошем ҳам, вале давоми як соли охир ягон кумакпулӣ нагирифтаам. Шавҳарам 330 сомонӣ нафақаи маъюбӣ ва ман 140 сомонӣ нафақаи синнусолӣ мегирам.

Пули обу пули барқ ва даҳҳои сарфу харҷӣ зиндагӣ дорем. Намедонам, то кай ин мушкилии ман идома меёфта бошад. Ҳамеша умедворам, ки рӯзе мерасаду ягон соҳибкори ҳайрхоҳ дари моро низ мекӯбад ва мушкилии мо ҳалли худро меёбад ва сахтиҳои мо низ паси сар мешавад.

П.С

Соҳибкорон ва саховатмандони гиромӣ! Нафаре, ки мехоҳад кумаки худро ба ин оилаи камбизоат ва ниёзманд расонад, метавонад, ба корти (Душанбе сити) 9762-0000-2256-9353, ки бо рақами +992928642336 бо ному насаби Тоҷибоева Ҳикмат пайваст аст, ирсол намоянд. Ҳар як хайри мо барои ин оилаи нёзманд дастгире мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД