arzon replenishment
ТО КАЙ ДАР ҚАФАС ЗИНДАГӢ КУНАМ, ПАДАР!
4934


Ман Сайҳуна, духтари 24- сола, аз Душанбе. Ба маслиҳати дугонаҳо сахт ниёз дорам. Дар оила духтари ягонаам. Падарам бисёр бадрашк ва сахтгиранд, аз ҳамин сабаб танҳо то синфи 8 хондам.

Дигар маро мактаб рафтан нагузоштанд. Маҷбур шудам, ки хонашин шавам. Акнун духтари калон шудаам ва мехоҳам кор кунам, вале падарам на худаш кор мекунаду на мегузорад, ки ман ба кор бароям. Бечора очаам фаррош аст, маоши ночизаш танҳо ба пули барқу об ва орду равған мерасаду халос. Дар мактаби назди хонаамон як моҳ ҳамроҳи модарам фаррошӣ кардам, вале падари бадрашкам “аз гушнагӣ мурдӣ, ки кор мекунӣ” гӯён, қиёматро қоим намуда, маро аз кор баровард.

Дӯғу пӯписа ва рашки падарам ҷонамро ба лабам овардааст. Намедонам чӣ кор кунам. Духтарҳои ҳамсоя ҳар рӯз либосҳои ранг ба ранг мепӯшанд, ман бошам, ҳатто як куртаи дуруст надорам. Ин гапро аз ҳасад намегӯям, танҳо мехоҳам меҳнат карда зиндагии худу аҳли оилаамонро беҳтар созам. Намехоҳам аз дигарон кам ва ба як бурда нон зор шуда бишинем, аз ҳам ин хотир ба “Оила” муроҷиат намудам, то бо воситаи ин газета ба падарам бигӯям:

-Ман аз хонашинию бепулӣ безор шудаам дадаҷон! Мехоҳам кор карда либос ва дигар чизҳои заруриамро худам бихарам.

Дугонаҳои азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД