Arzon march 2024
ТӮҲМАТИ ҚИСМАТСОЗ
06.04.2021
ОИЛА
5699

 

 

Модари Шариф намехост, ки писари ягонааш аз ӯ дур бошад. Ба сару гардани сиёҳу кабудгаштааш менигаристу хуни дил мехӯрд. Писарашро тӯҳмат карда буданд. Охир ӯ писари ягонаашро бо сад меҳр парвариш карда ба донишгоҳ дохил карда буд.

 

Чор нафар духтарашро аз сабаби набудани шароит хонашин карда монд. Шариф мактаби миёнаро бо баҳои аъло тамом карда ба Донишгоҳи педагоги, шӯъбаи забони англисӣ бо дониши худ дохил шуд. Шариф дар овони донишҷӯияш барои мушкилӣ наовардан ба падару модараш рӯзона таҳсил мекард ва шабона бо ду нафар устои гулдасте шогирд истода меҳнат мекард. Зеҳни тез, ки дошт нозукиҳои устогӣ, таъмири европоии хонаҳоро ба тезӣ аз худ кард.

Меҳнати ҳалол карда сару либос ва китобҳои лозимаро барои худ дастрас мекард. Соҳиби компютер низ шуда онро хуб омӯхт. Панҷ сол чун панҷ соат гузашта рафт. Шариф бо дипломи сурх ба назди падару модараш омад. Устодон хоҳиш карда буданд, ки вай дар донишгоҳ монад. Аммо вай мехост, ки дар назди падару модараш рафта ба онҳо кумак расонад. Бо сад меҳру муҳаббат ба мактаби деҳаашон ба кор шурӯъ кард. Директории солхӯрдаи мактаб ягона кадри маълумоти олидори деҳаро хуш қабул накард. Мардуми деҳа боифтихор ба ҷониби ӯ нигоҳ мекарданд. Вай ба мактаб меомаду хонандагони мактаб дар атрофаш ҷамъ меомаданд.

Тамоми дарсҳои забони англисиро ба вай дода буданд. Хонандагони мактаб солҳои сол омӯзгори ин фанро надоштанд ва бениҳоят иштиёқманди омӯхтани ин забонро доштанд. Шарифро хонандагон ва мардуми деҳа дӯст медоштанд. Духтарони синфҳои болоӣ чашм аз ӯ намеканданд ва харидорона ҷонибаш дида медӯхтанд. Модари Шарифро барои писараш болонишин карда буданд. Мардум маслиҳат карданд, ки Шарифро директор таъин мекунанд. Ин овозаҳо ба гӯши директории мактаб низ расид. Вай, ки мансабро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт ва галстукӣ аз зарби чирк ранггумкардаашро аз гардан намегирифт чун мори захмхӯрда ба худ мепечид. Аз паи нест кардани муаллимбача гардид. Дар муддати кори чандинсолааш шиносҳои зиёде дар шӯъбаи маориф ва Вазортҳо дошт. Ба чанд нафар дӯстонаш телефон карда барои шикастани обрӯи муаллими нав маслиҳат кард.

Хонандагони мактаб дигар муаллимро , ки медиданд ба вай бо забони англисӣ салом медоданд ва ин кор қаҳри директории мактаб ва чанд лагандбардори вай, ки аксарашон хешу таборони директор буд ва дар ҷое таҳсил накарда буданд меовард.

Мактаб комиссияборон шуд. Комиссияҳои галстукдор ва кулоҳдор бо сад кару фар ба мактаб омада як ё ду рӯз истода коғазҳоро пур карда мерафтанд. Дар кори муаллими нав камбудӣ меҷӯстанд ва чизе наёфта мерафтанд. Баръакс сирри бесаводии ҳамтабақони директор ошкор мешуд. Хонандагони мактаб дигар чун пештара аз директор наметарсидагӣ шуданд. Онҳо аз директор талаб карданд, ки дари синфхонаи компютериро кушояд. Муаллими ҷавон бо компютер кор карданро медонист. 

Шабона хонандагони синфҳои болоӣ ба хонаи муаллим рафта дарс мегирифтанд ва компютер меомӯхтанд. Бо интернет кор карданро низ омӯхта буданд.

Директории мактаб Зарифзода дигар илоҷи аз муаллим халос шуданро меҷуст. Ба вай занаш маслиҳати хубе дод. Бояд муаллимро дар духтарбози муттаҳам карда обрӯяшро резонанд. Духтаре лозим буд, ки ба муаллим наздик шавад ва обрӯи муаллимро резонад. Ин духтар ҷияни директор, ки дар синфи 11 мехонд ва аллакай чун духтари бероҳагард ном бароварда буд ба ҳисоб гирифта шуд. Директор, ки ин духтарро чашми дид надошт ба хонааш даъват карда хело таъриф кард. Ба вай гӯшвори тиллогии занашро низ дод. Соро ҷияни директор бояд ба муллими ҷавон наздик шуда обрӯи вайро мерезонид. Директор нақшаи алоҳидагӣ бо чанд нафар муаллимон ва хешу таборонаш кашид. Соро шабона ба хонаи муаллим омад. Муаллими ҷавон аксар вақт дар мобайни боғ хоб мекард. Соро нотарсона ба ҷои хобби муаллим омад. Муаллим дар гармо бо либоси таг хоб мекард. Муаллим масти хоб буду Соро ба таги курпа даромад. Вай курпаро ба болояш гирифта ором хобид ва муалиим аз ин бехабар буд.

ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД