formula55
ТӮҲМАТ НАКУНЕД, МО БО КЕЛИН ВАҚТ НАДОШТЕМ АРӮСӢ КУНЕМ!
15.08.2020
ОИЛА
1641

Бариш Ардуч, модел ва ҳунарманди 32-солаи турки швейтсаритабор ва Гупсе Озай, ҳунарпешаи 36-солаи турк издивоҷ кардаанд.

Маросими хоксоронаи издивоҷи онҳо санаи 29-уми июли соли равон дар шаҳраки Чашмаи шаҳри Измири Туркия бо иштироки шахсони наздикашон баргузор гардидааст. Бинобар хуруҷ ва паҳншавии бемории сироятии COVID -19 навхонадорон натавонистаанд, ки меҳмони зиёд даъват кунанд.

Ҷуфти ҳунарманд ҳанӯз соли 2014 дар рафти наворбардории филми “Deliha” шинос шуда, давоми шаш сол муносибатҳои ошиқона доштанд. Давоми ин шаш сол борҳо расонаҳо дар бораи тӯй кардану аз ҳам ҷудо шудани ҷуфти ҳунарманд хабарҳои бардурӯғ менавиштанд. “Ман ин таклифро се сол қабл ба Гупсе карда будам, аммо вақти муносиб намеёфтем. Қарор буд, моҳҳои сентябр ё октябр издивоҷ кунем, аммо коронавирус нақшаҳоро ба ҳам зад”,-гуфтааст, Бариш.

“Ману Бариш дар наворбардории филмҳо банд будем ва вақт надоштем. Бе ин ҳам, мо тӯйи пурдабдабаро он қадар дӯст намедорем”,-илова кардааст, Гупсе. Ба ҳар ҳол, ҷуфти ҳунарманд ният доранд, ки баҳори соли оянда дар ҳолати беҳтар шудани вазъ маъракаи пуршукӯҳ ташкил карда, дӯстони худро даъват кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД