Шоми имрӯз тими занонаи футзали Тоҷикистон бо тими занонаи футзали Қирғизистон рақобат хоҳад кард.
Вохӯрии ду даста дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи Осиёи Миёна оид ба футбол CAFA-2025 баргузор гашта, тими занонаи футзали Тоҷикистон бо рақибонашон аз Қирғизистон қувваозмоӣ мекунанд. Бозӣ дар Қасри теннис ва варзиши обии шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз хоҳад ёфт. Даромадан озод аст.
Чемпионати CAFA-2025 санаи 9-уми феврал дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта, то 16-уми феврал идома хоҳад кард. Дар мусобиқа дастаҳои футзали занона аз кишварҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Дирӯз тими футзали Эрон тими Ӯзбекистонро бо ҳисоби калони 9:0 мағлуб намуд. Бозии дастаҳои занонаи Қирғизистон ва Тукрманистон мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт.